Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ аз Радиои Озодӣ, "Настояшее Время" ва "Азия-Плюс" ҳимоят кард


Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ ва Анӯшервон Орифов, гузоришгари "Настояшее Время"
Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ ва Анӯшервон Орифов, гузоришгари "Настояшее Время"

Кумитаи дифоъ аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамла ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время"-ро дар Душанбе одилона таҳқиқ кунанд.

Ин созмони воқеъ дар Ню-Йорк рӯзи 20-уми май ҳамчунин талаб кард, ҳукумати Тоҷикистон барои бозтоби озодонаи рӯйдодҳо ба журналистон имкон фароҳам биорад.

Шахсони ношинос рӯзи 17-уми май чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва "Настояшее Время"-ро баъди суҳбат бо Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ (дертар ба даъват ба сарнагунии ҳокимият муттаҳам шуд), зада, ҳафт телефон ва як дурбини наворбардориро гирифтанд.

Хабарнигорон мегӯянд, ҳодиса ба дуздӣ ё роҳзанӣ монанд набуд, чун ҳамлаварон ному насаби онҳоро медонистанд ва пулҳоро баргардонда, танҳо дастгоҳи сабту телефонҳоро бо худ бурданд. Бо гузашти чаҳор рӯз аз ҳодиса мақомот дар ин бора хабар надода, сабабгорони ҳодисаро ошкору дастгир накардаанд.

Гулноза Саид
Гулноза Саид

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаи Кумитаи дифоъ аз журналистон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, рӯзи 20-уми май гуфт, "ҳамла ба рӯзноманигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ғайри қобили қабул аст."

"Мақомот дар Тоҷикистон бояд дар бораи ин ҳамлаҳо таҳқиқи воқеӣ гузаронда, сабабгоронро ба ҷавобгарӣ кашанд ва кафолат бидиҳанд, ки рӯзноманигорон дар бораи ҳодисаҳои минтақа ба ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон иттилои воқеӣ бирасонанд," – афзуд ӯ.

Кумитаи дифоъ аз журналистон мегӯяд, барои гирифтани шарҳи бештар ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имейл (номаи электронӣ) фиристоду ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ занг зад, аммо ҳеч посухе нагирифт.

Огоҳии расмӣ ва ҳушдорҳои даҳонӣ

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи журналистон мегӯяд, хабарнигорони тоҷик қаблан барои бозтоб надодани ноамниҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҷанги идомадор дар Украина дастуру ҳушдор гирфта буданд.

Хабарнигорон фишорро дар ин маврид тасдиқ мекунанд. Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс" рӯзи 17-уми май дар эъломияе гуфт, эътирозҳоро дар Бадахшон бозтоб дода наметавонад, чун аз мақомот ҳушдор гирифтаасту эҳтимоли баста шуданаш ҳаст.

Ба иттилои расона, онҳо қаблан аз Додситонии кул огоҳии расмӣ ва аз идораҳо дигар ҳушдорҳои даҳонӣ гирифта буднд, ки ҳодисаҳои Бадахшонро "якҷониба бозтоб медиҳанду вазъи кишварро ноором месозанд".

Мақомот расман дар ин бора чизе нагуфтаанд, вале Кумитаи дифоъ аз журналистон рӯзи 20-уми май аз онҳо хост, дастури худро ба "Азия-Плюс" бекор кунанд. Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаи CPJ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, гуфт, "дар ҳоле ки интернет дар вилояти Бадахшон дастнорас аст, амалкарди мақомоти Тоҷикистон алайҳи "Азия-Плюс" сензураро ба вуҷуд меорад ва бояд ҳарчи зуд бас карда шавад."

Аз кушта шудани Зиёбеков то...

Хоруғ, 16-уми майи 2022
Хоруғ, 16-уми майи 2022

Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли 2021 ва баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тазоҳуроти рӯзи 16-уми майи имсол низ бо талаби ҷазо додани онҳое бархост, ки ба гуфтаи сокинон Зиёбековро бегуноҳ куштанд. Мақомот мегӯянд, Зиёбеков ба гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешуд ва ҳангоми муқовимат ба нерӯҳои интизомӣ кушта шуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тазоҳуроти рӯзҳои охир дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Рӯшони Бадахшон ғайриқонунӣ буд ва тазоҳургаронро аъзои гуруҳҳое номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд. Мардуми норозӣ мегӯянд, силоҳ надоштанду танҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон (16-18-уми май) дар умум даҳ кас, аз ҷумла як сарбоз кушта ва 24 нафар, аз ҷумла 13 сарбоз зҳахмӣ шудаанд. Сокинон дар бораи гирифтани 21 ҷасад дар ноҳияи Рӯшон хабар доданд. Баъзе аз манобеъ дар бораи 25 ҷасад мегӯянд.

XS
SM
MD
LG