Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рӯшон ҷасади 21 нафарро ба наздиконашон додаанд. ВИДЕО


Чанд сокини ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ки ба далели амниятӣ номашонро зикр намекунем, гуфтанд, рӯзи 19-уми май ҷасади 21 кушташударо гирифтаанд. Дар ибтидо сухан аз 17 ҷасад мерафт.

Мақомот як рӯз пеш дар бораи кушта шудани ҳашт сокини ноҳияи Рӯшон хабар дода, онҳоро "аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ" номиданд. Сокинон мегӯянд, кушташудаҳо мардуми одӣ ва бесилоҳ буданд.

Дар шароите, ки интернет дуруст кор намекунад ва журналистон иҷозаи рафтан ба минтақаро надоранд, тасдиқи дурустии хабарҳо мушкил аст.

Як ҳамсуҳбати мо аз Рӯшон рӯзи 19-уми май гуфт, танҳо аз деҳаи Дерзуди ин ноҳия чаҳор нафар кушта шудааст. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, мақомот ҷасади

  • Ардашер Муносибов;
  • Эҳсон Музробов;
  • Нусрат Завқибеков;
  • Мунир Насруллобековро ба наздиконашон додаанд.

Ба иддаои ӯ, "ҷасадҳо урён буданд". Манбаъҳои дигар низ ҳамин ҳарфҳоро гуфта, илова карданд, ки "баъзе аз ҷасадҳо бо нишонаҳои зарбу лат ва шиканҷа буданд". Онҳоро дар майдони Дерзуди Рӯшон гузоштаанд.

Ҳамсуҳбатони мо дар Рӯшон гуфтанд, "агар мақомот рӯзи 18-уми май иҷозат медоданд, имкони наҷоти баъзе захмиён, ки рӯи замин хобидаву ёрӣ мехостанд, вуҷуд дошт. Бештарашон аз хунравии зиёд фавтидаанд."

Наворро инҷо бинед:

Баъди эътирозҳои маргбор, вазъи Бадахшон "нисбатан ором" будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, тавассути телевизиони "Бадахшон" эълон кард, ки "ҳоло Рӯшон ором аст" ва муфаттишони Додситонии кул ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карданд. Айни замон вазъ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, "вазнин" гуфта мешавад.

Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, роҳҳои вуруд ба Хоруғ бастаанд ва рӯзи чаҳорум аст, ки аксар идораҳо ва мактабу донишгоҳ ва нақлиёти ҷамъиятӣ кор намекунанд.

"Дар бозорҳо камбуди озуқа мушоҳида мешавад. Чархболе гоҳ-гоҳ дар осмони Хоруғ пайдо мешавад, Роҳи Душанбе-Хоруғ, ки бахше аз роҳи байнулмилалии Чину Тоҷикистон аст, баста аст," -- гуфт як ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад.

XS
SM
MD
LG