Дар идомаи "амалиёт"-и мақомот дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯзи 31-уми май панҷ сокини маҳаллӣ кушта ва як нафар дастгир шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе ин афродро узви "гуруҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ" номид, дар ҳоле ки қаблан наздиконашон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ онҳоро "осоишта ва шахсони бесилоҳ" гуфта буданд. Чӣ гуна ва дар чӣ шароит кушта шудани панҷ нафар маълум нест.
Ба иттилои ВКД,
- Ёдгор Ғуломҳайдарови 48-сола;
- Алишер Почоеви 46-сола;
- Ҳабиб Мавлододови 35-сола;
- Ҷангибек Шехбурови 30-сола;
- Дохунда Палаеви 53-сола
дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон, ба истилоҳи мақомот, "безарар гардонда шуданд". Ба сабаби набудани тамоси телефонӣ ва интернетӣ бо ноҳияи Рӯшон дарёфти иттилоъ аз манобеи мустақил мушкил аст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин афрод аз 18-уми майи имсол ҷустуҷӯ мешуданд ва гуё "ҳангоми муқовимати мусаллаҳона кушта шуданд." Мақомот рӯзи 30-юми май номи онҳоро дар миёни 10 шахси таҳти ҷустуҷӯ нашр карда буданд.
Ёдгор Ғуломҳайдаров, фармондеҳи пешини яке аз қисмҳои Мирзо Зиёев, дар ҳодисаҳои Рӯшон гумонбари асосӣ номида мешуд.
Қулмаҳмад Паллаеви 48-сола аз деҳаи Вамар, ки низ ба гуфтаи мақомот, таҳти ҷустуҷӯ буд, дастгир шудааст. Сарнавишти чаҳор нафари дигар, ки номашон дар рӯйхати мақомот буд, маълум нест.
Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, дар ҷойи "амалиёт", ки дар фосилаи як километр аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст, "1 силоҳи мерганӣ бо 200 дона тир, 1 Калашников бо 150 дона тир, 1 гранатомёти зиддитанкӣ бо 3 гулӯла, 4 Калашников бо 5 тирдон ва 135 дона тир, 5 норинҷаки дастӣ ва 2 таппончаи Макаров бо 50 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуданд". Тасдиқи хабар аз манобеи дигар ғайриимкон аст.