Аз "амалиёт" дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, ду рӯз гузашт. Намояндагони мақомот тавассути телевизиони "Бадахшон" аз оромӣ дар ноҳия ва бозгашти мардум ба зиндагии одӣ хабар доданд. Ба сабаби набудани интернет ва тамос бо телефонҳои хонагӣ ва ҳамроҳ, тасвири вазъи воқеӣ номумкин аст.
Баъзе аз сокинон рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳарчанд оромии нисбӣ дар ноҳия барқарор шудааст, нигаронии мардум аз эҳтимоли идомаи "амалиёт", бехабарӣ аз вазъи наздикон ва муҳосираи иттилоотии Рӯшон зиёд аст. Онҳо дар бораи авзоъ маълумот доданд, вале хоҳиш карданд, бо сабабҳои амниятӣ номашон пинҳон дошта шавад.
Ҳамсуҳбатони мо дар ноҳияи Рӯшон аз гаронии нарх ва норасоии ғизо шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, дари бозорҳо рӯзи шанбе кушода шуд, аммо аз як сӯ нархи маҳсулот гарон асту аз тарафи дигар хӯрокворӣ кампайдост.
Кӯшиши тамос бо мақомот то ин дам бенатиҷа буд.
Ҳамзамон ба нақли баъзе аз ҳамсуҳбатони мо, роҳи ноҳияи Рӯшонро барои даромадани шахсони “бегона” бастаанд. Дастикам се сокини ноҳия, ки дар рӯзи амалиёт дар Хоруғ ва минтақаҳои дигари Бадахшон будаанд, мегӯянд, рӯзи 20-уми май барои дохил шудан ба Рӯшон иҷоза нагирифтанд.
"Дар даромадгоҳи ноҳия постгоҳ гузоштаанд. Мепурсанд, оё касе аз наздикон дар амалиёт кушта ё захмӣ шудааст ё не. Агар ному насабе пешниҳод кунӣ ва агар дар рӯйхат бошад, баъд ворид мешавӣ," – гуфтанд онҳо.
Ҳамсуҳбатони мо нақл карданд, ки рӯзи 20-уми май аз самти Хоруғ ба ноҳияи Рӯшон рафтаанд. "Агар аз тарафи Душанбе биёед, чандон мушкил нест, вале омадан аз тарафи Хоруғ барои мардону ҷавонон мушкил шудааст," – афзуданд онҳо.
Аммо бинобар набудани интернету масдуд будани телефонҳо кӯшиши мо барои тамос бо намояндагони ҳукумати ноҳияи Рӯшон натиҷа надод.
Бехабарӣ аз вазъи воқеӣ ва набудани тамос зодагони ноҳияи Рӯшонро дар беруни Тоҷикистон сахт ба ташвиш овардааст. Онҳо мегӯянд, дастикам чаҳор рӯз боз бо пайвандони худ тамос гирифта наметавонанд, ки дар чӣ вазъанду чӣ рӯзгоре доранд.
Фарид Сафармамадов, як зодаи Рӯшон, рӯзи 21-уми май аз хориҷи Тоҷикистон дар паёми хаттӣ гуфт, "дар як мавзеи кӯчак амалиёт гузарондаанд. Дар як рӯз хабари кушта шудани беш аз бист нафар ва даҳҳо захмию боздоштшуда расид. Сахт дар изтиробам, бо падару модарам тамос гирифта наметавонам. Намедонам, онҷо чӣ мегузарад."
Вазъ дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 17-уми май ва баъди он печида шуд, ки гуруҳе аз сокинон ба кӯчаҳо баромада, роҳи низомиёнро аз Душанбе ба самти Хоруғ бастанд.
Мақомот 18-уми май гуфтанд, дар онҷо амалиёти "зиддитеррористӣ" мегузаронанд ва норозиёнро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд. Мардум мегӯянд, ҳеч аслиҳае надоштанд ва танҳо ба пуштибонии ҳуқуқи худу пешгирӣ аз даргирии бештар дар Хоруғ роҳро бастанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ноҳияи Рӯшон 9 кас, аз ҷумла 1 сарбоз кушта ва 24 кас, аз ҷумла 13 сарбоз захмӣ шудаанд.
Сокинони маҳаллӣ ба Радиои озодӣ гуфтанд, 21 ҷасад гирифтанд. Баъзе аз пойгоҳҳо дар бораи 25 кушта гузориш доданд. Дар баёнияи Созмони Милали Муттаҳид омадааст, манобеи муътамад теъдоди кушташудагонро бештар аз 40 нафар гуфтаанд. Беш аз сад нафар дастгир шуданд.