Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси 7 парванда. Шокирбой чӣ гуна "салафӣ" шуд?


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муҳокимаи парвандаи 7 сокини ин ноҳия шурӯъ кард, ки барои пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" муттаҳаманд. Моҳи гузашта ҳамин додгоҳ дастикам 6 нафарро бо гуноҳи пайравӣ аз равияи "Салафия" ба зиндон фиристода буд.

Боре имоми масҷиди “Ҳафткалон”-и маҳалла ӯро барои тарки дуои баъди намоз мазаммат кунад, дарҳол ҷанҷол бардоштааст.

Шокирбой Ашрафов, яке аз сокинони маҳкумшуда бо гуноҳи пайравӣ аз "Салафия" панҷуним соли ояндаро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард. Ҳукми ӯ рӯзи 23-юми июн ба иҷро даромад.

Оқибати баҳс бо имом?

Манобеи наздик ба муҳокимаи ин парванда дар Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ айби пайравии Шокирбой Ашрафовро собитшуда унвон кардааст. Додгоҳ гуфтааст, ин сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз соли 2014 бо пайравӣ аз Усмон Раҳимов ном ҳаммаҳаллаи худ ба равияи «Салафия» гаравида, бо тарзи намозгузории худ аз дигарон фарқ мекард. Ба қавли ин манобеъ, Усмон Раҳимов соли 2016 аз сӯи мақомот дастгир ва ӯ низ бо қарори додгоҳ ба панҷуним соли ҳабс маҳкум шудааст.

"Боре имоми масҷиди “Ҳафткалон”-и маҳалла ӯро барои тарки дуои баъди намоз мазаммат кунад, дарҳол ҷанҷол бардоштааст. Имоми масҷид ба хотири фурӯ нишондани ҷанҷол ӯро аз масҷид пеш кардааст”, - гуфт ин нафари огоҳ аз ҷараёни парванда.

Бинои Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Бинои Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

«Намоз тибқи мазҳаби ҳанафист»

Вале Мирзоқаюм Раҳмонов, масъули бахши дин дар ҷамоати Унҷӣ мегӯяд, имоми масҷид Ашрафовро аз масҷид пеш накардааст, «балки мумкин гуфта бошад, ки агар ба тарзи дигар мехонӣ, ҳамроҳи мо намоз нахон.» Ӯ мегӯяд, дар масҷидҳои Тоҷикистон намоз тибқи мазҳаби Имоми Аъзам адо мешавад ва имомони масҷидҳо ҳақ доранд, ки инро ба намозгузорон таъкид кунанд.

“Яксон ва баробар хондани намоз, васеъ нагузоштани фосилаи байни пойҳо, баробар ба рукӯъву саҷда рафтан, адо кардани намозҳои суннату дуои баъди намозро имомон ба сокинон мегӯянд. Фақат насиҳат мекунанд”, - гуфт Мирзоқаюм раҳмонов.

Умеда Ҷӯраева, ҳамсари Шокирбой Ашрафов, ба моҷарои зиндонӣ шудани шавҳараш назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, дар онки ҳамсараш ба роҳи хато рафт, имоми масҷиди маҳаллӣ ҳам айбдор аст, чунки метавонист баъди дарки иштибоҳ ӯро ба роҳи дуруст ва қонунӣ роҳнамоӣ кунад. Ӯ гуфт, “он кас риши дароз надоштанд ва шими кӯтоҳ ҳам намепӯшиданд. Инро аҳли маҳалла тасдиқ мекунад. Фақат як бор вақти баҳси имоми масҷид бо Усмон Раҳимов, ки ӯ ҳозир дар ҳабс аст, аз дувумӣ ҳимоят кардаанд.”

Масҷиди «Ҳафткалон» баста шуд

Он кас риши дароз надоштанд ва шими кӯтоҳ ҳам намепӯшиданд. Инро аҳли маҳалла тасдиқ мекунад.

Ба иттилои Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шокирбой Ашрафов, сокини ҷамоати Унҷии ин ноҳияро моҳи феврали соли равон кормандони Идораи амнияти вилояти Суғд дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсари ӯ, Шокирбой Ашрафов 38-сола аст ва аз ҳисоби устоӣ нон меёфт. Онҳо чаҳор фарзанд доранд, ки аз 13 то 18-сола ҳастанд ва ҳанӯз кор ва даромад надоранд.

Бо имоми масҷиди “Ҳафткалон” тамос гирифтан ба мо даст надод. Ба қавли Баҳром Ҳоҷибоев, раиси ҷамоати Унҷӣ, баҳсу ҷанҷолҳо ба фаъолияти ин масҷиди панҷвақта низ бетаъсир набуд ва бо қарори мақомот баста гардид. “Дар он маҳалла як масҷиди дигар ҳам ҳаст ва акнун намозгузорони “Ҳафткалон” дар онҷо намоз мехонанд”, – афзуд вай.

Тундгароӣ рӯ ба коҳиш овардааст?

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 350 ҳазор аҳолӣ дорад ва бузургтарин минтақаи Тоҷикистон аз нигоҳи аҳолӣ аст. Ин минтақа дар қатори Спитамен ва Исфара аз минтақаҳое ном бурда мешавад, ки ҳаракату созмонҳои ифротгаро ва тундрав, назири “Ҳизби таҳрир”, “Ҳаракати исломии Узбакистон” ва ҳоло “Салафия” зиёдтар ҷойи по пайдо кардаанд. Вале Улуғбек Темуров, масъули умури дин дар ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, мизони тундгароӣ рӯ ба коҳиш дорад ва афроде ҳам, ки ин моҳ ба зиндон маҳкум шуданд, аъмоли худро солҳои қабл анҷом додаанд.

Мусалмонҳои Тоҷикистон ба сурати умум пайравони мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Се дар сад аз аҳолии мусалмони кишвар аз мазҳаби исмоилӣ пайравӣ мекунанд. Мақомот ҳама гуна ҷараёнҳои дигари Исломро, ба ҷуз ҳанафия, маншаи тафриқаи ҷомеа ва ба амнияти кишвар хатарзо унвон мекунанд.

Равияи «Салафия»-ро Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2009 ба хотири тафриқаандозӣ мамнӯъ ва баъдан ифротӣ эълон кард. То имрӯз додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафарро бо ин гуноҳ пушти панҷара андохтаанд, вале дар бисёр ҳолат маҳкумшудаҳо гуноҳи худро эътироф накарда ваё гуфтаанд, ки аз ноогоҳӣ ба ин роҳ рафтанд. Дар бисёр ҳолатҳо тафовотҳои зоҳирӣ ҳангоми адои намоз ва пӯшидани либос ва ҳам баҳсу мунозираҳои мазҳабии онҳо бо рӯҳониёни расмӣ аз омилҳои машкук шудани рафтори ин афрод дониста мешавад.

«Ягон кас сафед нашуд»

Мақомоти додгоҳи вилояти Суғд мегӯянд, аз соли гузашта то ба ҳол даҳҳо парвандаи алайҳи сокинон бо иттиҳоми иштирок дар фаъолияти ҳизбу созмон ва иттиҳодияҳои фаъолияташон мамнӯъ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, вале ҳеҷ яке аз айбдоршудаҳо сафед ва аз толор раҳо карда нашудаанд. Дар ҳоле ки бархе аз боздоштшудаҳо иттиҳоми алайҳи худро бепоя номида, гуфтаанд, ҳатто бо хатти арабиву ақидаи “Салафия” ошно нестанд.

XS
SM
MD
LG