Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, Украина ва Русия бояд “барои созиш омода бошанд”


Доналд Трамп, Владимир Зеленский ва Владимир Путин. Коллаж
Доналд Трамп, Владимир Зеленский ва Владимир Путин. Коллаж

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфт, Украина ва Русия мебояд "барои бастани созиш омода бошанд", то ба ҷанги вайронгаре, ки аз соли 2022 идома дорад, поён бидиҳанд.

"Бояд созиш кунанд. Мардуми зиёде кушта шуд. Мардуми зиёде. Ӯ (Зеленский) бояд созиш кунад ва Путин ҳам бояд созиш кунад," – гуфт Доналд Трамп.

Ӯ қарори президент Ҷо Байденро, ки ба Украина иҷоза дод, бо аслиҳаи дурпарвози амрикоӣ ба дохили Русия зарба занад, “аҳмақона” ва “хатои бузург” номид.

Рӯзе баъди ин Украина ҷангро то ба дили Маскав кашид. Нерӯҳои амниятии Украина масъулияти қатли як генерали русро бар уҳда гирифтанд, ки дар натиҷаи таркиши бомб ва чанд километр дуртар аз Майдони Сурх кушта шуд.

"Ӯ барои Русия ҳеч шарте намегузорад"

Таҳлилгар Вилям Померанз мегӯяд, қарори Трамп дар бораи коҳиши кумак, барои артиши Украина оқибатҳои бад дорад ва Трампро дар муқобили ҳампаймонҳои Амрико қарор медиҳад.

“Ман дар бораи ояндаи ҷанг як ихтилофоти назар байни аъзои НАТО ва Трамп пешбинӣ мекунам. Вақте Трамп дар бораи созиш гап мезанад, воқеан манзураш ин аст, Украина музокира кунад ва таслим шавад. Ӯ барои Русия ҳеч шарте намегузорад,” – гуфт Вилям Померанз, таҳлилгар аз Маркази Вилсон.

Ҳукумати Ҷо Байден, ки маъмурияташ ба поён мерасад, саъй дорад, тамоми пулеро, ки ҳамчун кумаки низомӣ барои Украина ихтисос додааст, то поёни ҳукуматдориаш харҷ кунад. Сабабаш ҳам ин будааст.

Майкл Карпентер, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Амрико, мегӯяд, “масъалаи Украина масъалаи назми байнулмилалӣ аст, ки ҳама чиз ба он такя мекунад. Истиқлол, тамомияти арзӣ, таҷовузнопазирии марзҳо. Агар Украинаро муҳофизат накунем, ҳеч ҷойро муҳофизат карда наметавонем.”

Оё Украина омодаи ҳаллу фасли масъала аст, ё не?

Аммо қарори ниҳоӣ дар бораи идомаи ёрӣ ба Украина дар дасти Конгресси Амрико аст. Майк Ҷонсон, раиси Маҷлиси намояндагон, гуфт: “Ба назари ман, интихоби Доналд Трамп, муодиларо тағйир дод. Фикр мекунам, ки ӯ касест, ки ба як роҳи ҳал оварда мерасонад. Ва мо мунтазири раҳбарии ӯ дар ин замина ҳастем.”

Эрика Ли Картер, вакили Ҳизби демократ ба идомаи ҳимоят аз Украина таъкид мекунад: “То замоне, ки ҳама дар Украина аз ҷанг даст накашанд, Украина шикаст намехӯрад. Ман фикр намекунам, то замони пирӯзии Украина касе аз ҷанг даст мекашад.”

Масъала ҳам ин аст, ки оё Украина омодаи ҳаллу фасли масъала аст, ё не? Аъзои ҳукумати Владимир Зеленский рӯзҳои охир барои ҷалби ҳимоят аз Лаҳистон (Полша)-и ҳамсоя сар карда то ба Фаронсаву Австралия рафтанд.

Чанде пеш вақте аз Зеленский пурсиданд, ки оё омодаи бас кардани ҷангу нишастан сари мизи музокира аст, ӯ гуфт, аввал бояд замонати амниятӣ дошта бошад ва нақшаи сулҳро бубинад.

Видео дар инҷост:

Трамп: "Путин ва Зеленский бояд ба гузашт омода бошанд!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00
XS
SM
MD
LG