Тоҳир Ашӯров, ки пас аз барканории Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов ба ҷои ӯ дар яке аз масҷидҳои бузургтарини Кӯлоб хатиб таъин шуда буд, бо ҷурми ба гуфтаи додгоҳ, таъсиси гурӯҳи тундрави ДИИШ ва пайрави аз ҷараёни мамнӯи “салафия”, аввалҳои соли 2016 боздошт шуд.
Дар ҳукми додгоҳ, ки як қисми он 17-уми июн дастраси Радиои Озодӣ гардид, омадааст, ин хатиби 38-сола моҳи январи соли ҷорӣ замоне боздошт шуд, ки бо марде бо номи Сайбурҳони Умарзода барои таъсиси гурӯҳҳои мамнӯи "Салафия" ва "Давлати исломӣ дар Кӯлоб иқдом карданд.
Саидбурҳони Умарзода бо истифода аз телефони мобилии Тоҳир Ашӯров видеоҳои дорои хусусияти ифротиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда, инчунин бо ин наворҳо дигаронро барои шомил шудан ба гурӯҳи мамнӯи “салафия” ва “ДИИШ” таблиғ мекарданд. Додгоҳ бар асоси моддаи 307 нишони 3, қисми 1-и Кодексия ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайбуҳрон Умарзодаро бо ҷурми ифротгароӣ ва ташкили гурӯҳҳои мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ба муддати 7 сол ва Тоҳир Ашӯровро ба 6 сол равонаи зиндон кард.
Додгоҳ ин ҳукми худро бар асоси наворҳои мусодирашуда, ки хусусияти ифротагроӣ доштанд ва шоҳидии чаҳор нафари дигар, ки ин наворҳоро аз Тоҳир Ашӯров ва Сайбурҳони Умарзода гирифта буданд, содир кардааст.
Момагул Ашӯрова, модари Тоҳири Ашӯров ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш расман дар Арабистони Саудӣ таҳсил карда, соли 2006 ба ватан баргашта буд. Ӯ гуфт, Тоҳир Ашӯров имомхатиб буд ва то лаҳзаи боздошт сиёсати ҳукуматро тарғиб мекард. “Бачаи ман хонда, диплом гирифтааст. Салафӣ набуд ва доим ба тарафдории ҳукумат гап мезад. Доим мегуфт, ки шукронаи ин сулҳу оромӣ. Ин ҳеҷ гуноҳ надошт. Имомхатибӣ мекард. Дилам пури ғам аст ”- гуфт Момагул Ашӯрова.
Дар миёни сокинони Кӯлоб сару садое паҳн шудааст, ки Тоҳир Ашӯров дар ҳоле боздошт шуд, ки хатиби собиқ Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дар сӯҳбате ба "салафӣ" будани ҷойгузинаш ишора кардааст. Аммо Ҳоҷи Мирзо Ибронов, рӯҳонии шинохта ва собиқ хатиби масҷиди ба номи Ҳилоли Аҳмар рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин ҷавон, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо дин хатиб таъин шуда буд, коре надошт, вале ҳамеша мардумро аз хатари ҳаракати салафӣ огаҳ мекард.
Ӯ гуфт: “Мо нисбати инҳо на ғараз доштем ва на парвое доштем. Лекин доим даъватҳои мо буд, ки мардумро аз ин равияҳо ҳушдор медодем. Доим мегуфтем, ки аз ин равияҳои бегона, мисли салафия дурӣ биҷӯед.”
Тоҳир Ашӯров соли 2006 як мадрасаи исломии Арабистони Саудиро хатм кардааст. Дар соли 2009 бо иттиҳоми салафигароӣ боздошт шуда, пас аз чанде раҳо мегардад. Аммо дар соли 2012 пас аз оне, ки Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии шинохта аз хатибии масҷиди маҳаллаи Ҳилоли Аҳмари Кӯлоб барканор шуд, ӯ ба ҷояш хатиб таъин гашт. Ҳоло ӯро бо як нафари дигар ба таъсиси бахши гурӯҳҳои тундгарое мисли “салафия” ва “ДИИШ” гунаҳкор медонанд.
Дар Тоҷикистон равияи "Салафия"-ро аз ҷумлаи созмонҳои хатарноке медонанд, ки пайравонаш даҳҳо ҷавони тоҷикро ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил кардааст. Соли 2009 Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин равияро мамнӯъ эълон кард ва соли 2014 бо ҳукми дигар онро экстремистӣ хонд.
Давоми як соли ахир наздик ба ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон бо ҷурми ифротгароӣ боздошт шудаанд, ки аксари онҳо пайравони равияи "Салафия" ҳастанд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон низ дар як матлаб навишта буд, ки беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон маҳз бо ҳидояти пайравони равияи "Салафия" ба Сурия ва Ироқ барои ширкат дар ҷангҳои ин кишварҳо рафтаанд.