Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳристи "Кишварҳои нигарониҳои хос"-и Амрико. САДО


Дар гузориши Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ шуда, ин кишвар ба феҳристи “кишвари махсусан нигаронкунанда”, шомил шуд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмии мазҳабии Тоҷикистон ин гузоришро ҳамчун як матлаби “муғризона” интиқод карданд.

"Фаъолиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон таҳти назорат аст"

Дар ин гузориш, ки шоми чоршанбеи 26 апрел мунташир гардид, таъкид шудааст, ки “дар давлати Тоҷикистон фаъолиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла мусалмонҳо, протестантҳо, равияи насронии Шоҳидони Яҳворо зери фишор қарор дода ва бархе аз шахсиятҳои мазҳабиро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон кардааст”.

Дар гузориши Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ шуда, ин кишвар ба феҳристи “кишвари махсусан нигаронкунанда”, шомил шуд.

Ҳамчунин дар гузориш ба таъқиби оммавӣ ва зиндонӣ шудани аъзои равияи Салафӣ дар соли 2016 ва манъи фаъолияти Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз ҷонибҳои сулҳи кишвар ишора шудааст. Гузориш мегӯяд, соли гузашта 150 тан аз аъзои ҲНИТ боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ, аз ҷумда ду узви раёсати ин ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Фаъолияти равияи насронии Шоҳидони Яҳво дар Тоҷикистон ҳамчунон мамнӯъ боқӣ мондааст. Ба ин далел Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико аз соли 2012 то ба имрӯз Тоҷикистонро ба феҳристи “кишвари махсусан нигаронкунанда” шомил кардааст.

Гузориши Амрико мегӯяд, давлати Тоҷикистон дар роҳи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ ҳамчунон маҳдудиятҳо эҷод мекунад. Тибқи Қонуни дини Тоҷикистон барои ибодат чаҳор ҷой - масҷид, манзили зист, қабристон ва зиёратгоҳ пешбинӣ шудааст. Бино ба гузориши созмони “Форум 18”, давлати Тоҷикистон дар соли 2016 назоратро болои намозгузорон шиддат бахшида ва ба манзури ҷилавгирӣ аз имкони вуруди ифротгароён ё ҷинояткорон дар масоҷид камераҳои назоратӣ ва таҷҳизот барои ошкор кардани ашёи фулузӣ насб кардааст.

Тоҷикистон дар гузориши озодиҳои мазҳабии Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00
Линки мустақим

Гузориш ҳокист, ки бархе занон ба далели пӯшидани ҳиҷоб ва бархе мардон ба маҳзи доштани риш ҳангоми ҷустуҷӯи ҷои кор ба табъиз дучор шудаанд ва афроди то 35-сола аз имкони адои фаризаи ҳаҷҷ маҳрум гаштаанд. Тибқи ин гузориш, Кумитаи дини Тоҷикистон интихоби имом-хатибҳои масоҷид ва матни мавъизаҳоро назорат мекунад ва ҳукумат ба имом-хатибони масоҷиди ҷомеъ, ки мавъизаю хутбаҳо қироат мекунанд, маош пардохт мекунад. Аз соли 2015 ба дастури президент Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои уламо барои имом-хатибон либоси вижа таъйин кард.

Қонунҳои Тоҷикистон пӯшиши ҳиҷобро дар муассисаҳои таълимӣ мамнӯъ карда ва ба муаллимони зери синни 50 сол доштани ришро иҷоза намедиҳад. Моҳи январи соли 2016 хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли мақомоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон аз мамнӯъ шудани 6 ҳазору 673 зан пӯшиши исломии ҳиҷоб ва боздошти садҳо тан аз мардҳои ришдору иҷборан тарошидани ришҳои онҳо хабар дод.

Дар моҳи феврали соли гузашта Оқил Шарифов, муҳоҷири корӣ ва шаҳрванди Русия, ки ба назди пайвандон ба шаҳри Исфараи Тоҷикистон омада буд, бо иттиҳоми “барангехтани адовати динӣ” аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд. Далели боздоштан бардоштани филм аз лаҳазоти бадрафтории пулис нисбати занҳои ҳиҷобпӯш будааст.

Ҳамчунин, дар гузориши Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико аз коҳиши адади масоҷид ва табдил шудани масоҷид ба иншооти иҷтимоӣ ибрози нигаронӣ шудааст. Дар моҳи январи соли 2016 мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи 1500 масҷид 900 адади он баста шудаанд.

Абдуқодирзода: Арзёбӣ нисбати Тоҷикистон муғризона аст

Ҳамон тавре, ки дар гузашта мақомот танқиди созмонҳои байналмилаливу давлатҳои хориҷиро аз маҳдуд шудани озодиҳо, аз ҷумла озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон рад кардаанд, ин навбат низ масъулини дин бо танқидҳои Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико розӣ нестанд. Аз ҷумла, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 27 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “гузориши Амрико дар бораи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон муғризона аст”.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Вай гуфт: “Фикр мекунам, ки ин гузориш дур аз Тоҷикистон ва аз нуқтаи назари мухолифу ғаразнок таҳия шудааст. Аз нуқтаи назари шахсиятҳои ғаразнок, ки озодиҳои диниро дар кишвар нодида мегиранд. Дари беш аз 4 ҳазор масҷид боз аст, шаҳрвандони кишвар дар сурати доштани имконоти молӣ метавонанд ҳаҷҷи фарзӣ ё умра кунанд, закоти молро ба шахси дилхоҳашон медиҳанд. Раҳбарияти кишвар нисбати дину диндорон хайрхоҳ аст. Бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодӣ масҷидҳо бунёд мешаванд. Ин ҳама озодии дин аст”.

Раиси Шӯрои уламои исломӣ интиқоди Амрико дар ростои боздошту зиндонӣ шудани аъзо ва тарафдорони ҳизбу равияҳои ғайриқонуниро бепоя хонда ва гуфт, ки гурӯҳу созмонҳое, ки ба амнияту суботи кишвар таҳдид мекунанд, бояд саркӯб шаванд. “Ба он ҳизбу созмонҳои мазҳабӣ, ки имрӯз дар кишварҳои исломӣ хунрезӣ, хушунату адоват мекунанд, ба Тоҷикистон роҳ диҳем, ки дар кишвари моро ба коми оташу хунрезӣ кашанд? Мамнӯъ шудани фаъолият ва террористию ифротгаро эълон шудани Салафия, Такфирия ва гурӯҳҳои дигар як кори дуруст буд, агар чунин намешуд, Тоҷикистон оташ мегирифт.”

Сулаймон Болтуев, имом-хатиби яке аз масҷидҳои Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони Ихвон-ул-муслимин маҳкум ба зиндон шуд.
Сулаймон Болтуев, имом-хатиби яке аз масҷидҳои Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони Ихвон-ул-муслимин маҳкум ба зиндон шуд.

Дар гузориши Амрико ба боздошти даҳҳо танро ба иттиҳоми узвият ба гурӯҳии исломии ғайриқонунӣ ва шабакаҳои байналмилалии террористӣ дар Тоҷикистон ишора шудааст. Аз ҷумла, бино ба гузориши Радиои Озодӣ, дар моҳи майи соли 2016 дар вилояти Суғд панҷ имом-хатиб- Алишер Олимов, Қобил Сангинов, Ғуфрон Анваров, Довуд Охунов ва Хуршед Боваров ба иттиҳоми узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, ба муддати 5 сол равонаи зиндон шуданд. Дар моҳи июни соли гузашта 7 имоми саршиноси вилояти Суғд бо иттиҳоми мушобеҳ ба муддатҳои 3 сол ва 3 солу 4 моҳ маҳкум ба зиндон шуданд. Дар маҷмӯъ дар соли гузашта дар вилояти Суғд 20 имом барои узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Чунин вазъият барои аъзои равияи Салафия пеш омадааст.

Саидмукаррам Абдуқодирзода иддаоро дар мавриди маҷбурӣ ва ба дастури мақомоти давлатӣ ҷорӣ шудани либоси ягона ба имом-хатибони масоҷиди Тоҷикистон рад кард ва гуфт, ки ин интихоби Шӯрои исломӣ ва имом-хатибон буд, ки чун кормандони дигар соҳаҳо, мисли пизишкон либоси ягона дошта бошанд.

Коршинос: Сахтгириҳои феълӣ нисбати дин мисли замони шӯравӣ аст

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ ба ин назар аст, иқдому тадбирҳои ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дар қиболи дину адои фаризаҳои динӣ ва пайварони мазҳабҳои мухталиф сахтгирона буда ва вазъияти мубориза алайҳи дин дар солҳои 1920 ва 1930-уми асри гузаатаи даврони шӯравиро пеши назар меорад.“Ҳоло маълум нест, бо ин роҳу равиш дар мубориза алайҳи тундравӣ ё ифротгароии мазҳабӣ ба ҳадаф мерасанд ё не. Ба андешаи ман, аз роҳҳои зӯрӣ иҷрои ин кор душвор аст. Зеро ҳама чизро зери назорат гирифтан мушкил буда ва ҳазинаи зиёдеро талаб мекунад. Оё давлати Тоҷикистон чунин ҳазинаро дорад ё хайр?”

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик.
Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик.

Ба эътиқоди ӯ, тафовут миёни сиёсати давлати феълии Тоҷикистон аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар қиболи дин ба усул ё наҳваи мубориза рабт мегирад. Агар ҳукумати Тоҷикистон дар ин росто танҳо аз зӯр кор мегирад, кормандони бахши идеологии шӯравӣ дар мубориза алайҳи ифротгароии динӣ аз нерӯи зиёиён, бахусус, шоирону нависандагон истифода мекарданд. Зеро медонистанд, сухани ин афрод дар миёни мардум арзишу таъсир дорад.

Фаридун Ҳодизода дар ин замина ба усули кори кормандони гумруки Тоҷикистон ишора кард, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди адабиёти тундрави мазҳабӣ вуруди ҳама гуна китоби бо ҳуруфи арабӣ чопшударо мамнӯъ кардааст. Ба гуфтаи вай, “мамнӯъулвуруд шудани китоби “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ аз сатҳи поини кормандони гумруки Тоҷикистон далолат медиҳад”.

Ишораи Ҳодизода ба хабари моҳи март аст, вақте дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, як шаҳрванде бо китобҳои ҳуруфи форсӣ ва аз ҷумла “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ дар марз боздошт шуд. Ин барои бори аввал нест, ки китобҳои бо ҳуруфи форсӣ мавриди шакки гумрукчиён қарор гирифта, дарҳол мусодира мешавад. Тобистони соли гузашта низ Хадамоти гумрук як баста китобҳоро бо ин ҳуруф боздошт намуда буд, ки дар миёни онҳо девони Ҳофиз ва ё “Фоли Ҳофиз” вуҷуд дошт.

Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико дар соли 1998 аз ҷониби Конгресси ин кишвар таъсис шуда, ҳамасола дар мавриди вазъи озодиҳои мазҳабию виҷдон дар кишварҳои ҷаҳон гузориш пахш карда ва барои ислоҳи вазъият ба ҳукуматҳои ин кишвар тавсияҳо медиҳад.

XS
SM
MD
LG