Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фикр кардам, дигар ӯро намебинам." Хотираи модари Сӯҳроб Зафар аз соли 2024


Оиша Мирзоева
Оиша Мирзоева

“Ҳам хотирмон буд, ҳам ғамангез.” Оиша Мирзоева, модари Сӯҳроб Зафар, раҳбари зиндонии “Гурӯҳи 24”, соли 2024-ро барои худу хонаводааш чунин тасвир кард. Сӯҳроб Зафар ба сӣ сол зиндон маҳкум шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ӯ дар маҳбаси низомаш сангини шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекунад.

Оиша Мирзоева рӯзи 18-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 2024 аз он ҷиҳат барояш хотирмон буд, ки баъд аз солҳо дурӣ писарашро аз наздик дид, вале андӯҳовар аст, ки ӯро ба маҳбас андохтанд.

"Аз соли 2014 фақат садояшро мешунидам. Худашро надида будам. Имсол писарамро дидам. Вақте гуфтанд, ки Сӯҳробро ба Тоҷикистон оварданд, чор моҳ кофтам. Ин ғамангез буд. Фикр кардам, ки дигар ӯро намебинам,” – ба ёд овард Мирзоева.

Вай ба нақлаш чунин идома дод: “Худаш мегуфт, аз ман аслан хавотир нашав. Маро бубахш, агар маро дидӣ ё мурдаамро мебинӣ ва ё хабари нохуш мешунавӣ, ки гум шудааст. Шукр, ки худашро дидам. Гуфт, ки “модар, ғамгин нашав, тақдир будааст, ҳамдигарро дидем". Дигар тамом.”

Оиша Мирзоева афзуд, ҳоло барои дидор бо фарзандаш, ки қарор аст рӯзҳои наздик сурат гирад, омодагӣ мебинад: “Барояш ғизо мебарам. Рӯзи 17-уми декабр ба назди бародарам (Ғаффор Мирзоев) даромада будам. Вай хабар надоштааст, ки писари маро оварда, 30 сол зиндонӣ кардаанд.”

Сӯҳроб Зафар
Сӯҳроб Зафар

Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумат, ки фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид ва дертар дар Тоҷикистон пайдо шуданд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми октябр Сӯҳроб Зафарро бо гуноҳи даъват ба сарнагунии ҳукумату ифротгароӣ гунаҳкор ва 30 сол зиндонӣ кард. Вай иттиҳомҳоро беасос номидааст.

Навори суҳбат бо Оиша Мирзоева дар дохили ин гузориш аст:

Соли андӯҳи оилаҳои зиндониён дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00
XS
SM
MD
LG