Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар ҳазор далел биёрӣ, боз мегӯянд, ки дар Тоҷикистон озодии дин нест"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон гузориши нави Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико (USCIRF)-ро дар бораи маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар рад карда ва "ғаразомез" донист.

Мадризо Халифаев, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии Додситонии кулл, рӯзи 11 август гуфт, касе дар Тоҷикистон барои эътиқодаш боздошт нашуда, асосан барои пайравӣ аз созмонҳои мамнӯи динӣ дастгиру зиндонӣ шудаанд.

"Агар ҳазор далел биёрӣ, қабул намекунанд, ки дар Тоҷикистон озодии дин ҳаст. Барои мисол, муҳокимаи гумонбарон ба узвият дар созмонҳои мамнӯи мазҳабӣ паси дарҳои баста гузаштаанд. Амрикоиҳо чӣ гуна дар ин додгоҳ иштирок накарда, ба он баҳо медиҳанд? Дар парванда ҳамаи далелу санадҳо мавҷуд буданд ва гуноҳи гумонбарон исбот шудааст,” – афзуд ӯ.

Аз исломиҳо то "Шоҳидони Яҳво"

Воқеан, масъалагузорӣ шудани ин нукта дар гузориши Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико чизи нав аст. Қаблан ин гуна маълумот набуд.
Сайфулло Сафаров

Комиссияи озодиҳои мазҳабӣ дар Амрико дар гузориши наваш, ки 10 август нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистонро барои эҷоди маҳдудиятҳои мазҳабӣ натанҳо барои мусулмонҳо, балки барои фирқаҳои протестант ва "Шоҳидони Яҳво"-и дини масеҳӣ танқид намуда, дар қатори кишварҳои "махсусан нигаронкунанда" ҷой додааст. Дар ин гузориш аз давлати Тоҷикистон хоста шудааст, кибарои боздиди Гузоришгари махсуси СММ дар масоили озодиҳои мазҳабӣ ва Созмони мустақили адлия аз кишвар иҷоза дода ва шароити заруриро фароҳам орад.

Чизи тозае, ки дар гузориши Комиссияи озодиҳои мазҳабӣ оварда шудааст, ин аст, ки иддае аз мақомдорони тоҷик ба ҷараёни мамнӯи "Салафия" ва бахше дигар ба мазҳаби шиа гаравида, боис ба нигаронии ҳукумати кишвар шудаанд. Дар ин гузориш аз номи маркази таҳлилии "Шарқ" таъкид шудааст, ки "Салафия миёни элитаҳои тоҷик маъруфият касб кардааст."

"Салафия" ва элитаи тоҷик

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

"Салафия", як ҷараёни тозапайдои мазҳаби суннии Ислом, аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст ва ҳукумати кишвар, шахсан раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, борҳо аз сокинон хостааст, ки аз мазҳаби суннии Имом Абуҳанифа пайравӣ кунанд. Музаффар Олимов, раҳбари Маркази таҳлилии "Шарқ", рӯзи 11 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, дар заминаи гароиш пайдо кардани иддае аз мақомдорони тоҷик ба ҷараёни “Салафия” таҳқиқоти хос анҷом нашудааст.

"Ин танҳо назари коршиносӣ аст. Бар асоси назари коршиносӣ ақидаҳои “салафӣ” дар элитаи болоӣ ҳаст ва ин чиз пӯшида нест. Чунин ақида вуҷуд дорад. Нишонаҳои он сиёсати як андоза ноустувор нисбат ба дини Ислом дар кишвар аст. Агар чунин набошад, чаро мадрасаҳои диниро бастанд? Яъне, то як андоза исломи суннатиро маҳдуд карданд. Уламое, ки ба исломи суннатӣ ё ҳанафӣ пойбанд ҳастанд, дар Тоҷикистон зери фишор ҳастанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, одамоне, чунин тасмим мегиранд, дар ақидаи ҳанафӣ нестанд," – шарҳ дод ӯ.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, ба суоли афзоиши теъдоди пайравони равияи “Салафия” дар сохторҳои давлатӣ бояд ҳукумат ҷавоб гӯяд. “Воқеан, масъалагузорӣ шудани ин нукта дар гузориши Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико чизи нав аст. Қаблан ин гуна маълумот набуд. Аз лиҳози динӣ мушаххас кардани ин ки шахс узви кадом равия аст, хеле душвор аст. Хусусан, пас аз мамнӯъ шудани фаъолияти равияи Салафия дар Тоҷикистон,” – афзуд Сайфулло Сафаров.

Ҳафт соли маҳдудиятҳо

Комиссияии озодиҳои мазҳабӣ дар гузориши наваш ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва зиндонӣ шудани ҳудуди 200 аъзо ва тарафдоронаш низ ишора карда гуфтааст, мақомот масҷиду намозгузоронро ба хотири ҳузури ифротиҳо ё ҷинояткорон таҳти назорати шадид гирифтаанд. Ба навиштаи ин гузориш, “маҳдудиятҳо дар пӯшиши либоси исломӣ ва синни рафтан ба ҳаҷ низ эҷод шуда ва аз моҳи апрели соли гузашта ҷавонони то 35-сола аз ҳаққи рафтан ба ҳаҷ маҳрум шудаанд. Кумитаи давлатӣ оид ба дин интихоб ва фаъолияти имом-хатибҳои масҷидҳои Тоҷикистон ва мундариҷаи мавъизаҳоро назорат мекунанд.”

Тоҷикистон аз соли 2009 боз, махсусан баъди қабули қонуни нави дин, мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ қарор дорад. То кунун ин созмонҳову кишварҳо давлати Тоҷикистонро барои бастани масоҷид, манъи ҳиҷобу рӯсарӣ ва боздоштҳои густарда интиқод карда, давлати Тоҷикистонро барои рафъи камбудҳо даъват намудаанд.

Иддаое, ки мақомоти тоҷик қабул надоранд ва мегӯянд, ҳадафи онҳо на мубориза бо пайравони дину мазоҳиб, балки бештар ҷилавгирӣ аз фаъолияти ифротгароён асту бас.

XS
SM
MD
LG