Намозгузорӣ дар масҷиди марказии Бишкек як бахши маъмулии ҳаёти сокинони пойтахти Қирғизистон аст, аммо ихтилофҳои динӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳар чӣ бештар зуҳур мекунанд. Баъзе аз уламои қирғиз ба ин назаранд, ки ҷараёни барои мардуми бумӣ бегонаи салафӣ дар миёни мусулмонони қирғиз нуфуз пайдо кардааст. Ба қавли мунаққидон, салафиҳо хилофи исломи анъанавӣ амал мекунанд ва ин афкори бегонаро бо пули хориҷӣ аз Арабистони Саудӣ содир кардаанд.
Ҳукумати Қирғизистон то ҳанӯз хатти машйи худ дар муқобили “Салафия” ва тарғибгарони ғояҳои "салафӣ"-ро мушаххас накардаааст.
Нишонаи пайравӣ аз "Салафия" кадом аст?
Ҳукумати Қирғизистон то ҳол муқаррар накардааст, ки нишонаи пайравӣ ба Салафия чист? Вале мақомоти Вазорати умури дохилӣ аз шохаҳои парокандаи ин ҷунбиши мазҳабӣ нигаронанд. Ахиран подполковник Эрлан Боқиев – як масъули Вазорати умури дохилии Қирғизистон – дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо намехоҳем гӯем, ки тамоми салафиҳо хатар ба бор меоранд. Зеро, мо бо Арабистони Саудӣ равобити дипломатӣ дорем. Дар он ҷо Салафия сиёсати расмии давлат аст. Аммо баъзе шохаҳои ин ҷараён дар ҳамон кишвар ҳам мамнуъ мебошанд, Масалан, такфириҳо, ҷиҳодиҳо ва салафиҳои нав.»
Гузориши видеоӣ инҷост:
Ин масъули Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, «салафиҳои такфирӣ ва ҷиҳодӣ мисли гурӯҳҳои даҳшатафкани “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида” ва “Боко Ҳаром” буда, ба кишвари мо таҳдид мекунанд.” Ба иттилои мақомот, солҳои ахир шуморе аз шаҳрвандони Қирғизистон ба сафи созмонҳои ҷангҷӯ пайвастаанд.
“Диктатура” дар Ислом?
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз муфтиёти Қирғизистон хост, ки чаҳорчӯби ташхиси “Салафия”-ро шарҳ диҳад, вале то ҳанӯз ҷавобе нагирифтааст. Ҳукумати Қирғизистон ҳам хатти машйи худ дар муқобили “Салафия” ва тарғибгарони ғояҳои салафиро мушаххас накардаааст. Дар ҳамин ҳол, Шамсиддин Абдухолиқов, ки худро рӯҳонии салафӣ номида, баъд аз навиштани китобе ба ихтилофангезӣ муттаҳам шуд, ҳоло дар пинҳонӣ ба сар мебарад.
Ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “дуруст нест, ки ҳар мусалмон бар асоси як равия зиндагӣ кунад. Ин диктатура буда, хилофи ислом аст. Давлат набояд озодии аз тарафи Худо ҳидоятшударо маҳдуд кунад. Мо бояд ҳақ дошта бошем, ки ақидаи сиёсии худро иброз кунем.»
Арсен Байзақов, шахси дигаре, ки дар иртибот бо салафиҳо ёд мешавад, баъд аз латту кӯб аз сӯи афроди номаълум бистарӣ шудааст. Байзақов исрор меварзад, ки салафӣ нест ва ӯро танҳо барои эътиқоди диниаш муҷозот кардаанд. «Рӯзи 28 апрел амниятиҳо омада, дар хонаам китоби «Сабр Субур»-и Шамсиддин Абдухолиқовро кофтанд. Онҳо нисбат ба ман бадрафторӣ карда ва дастонамро занҷирбанд намуданд», - афзуд ӯ.
Уламо: «Ташвиши мақомот беасос нест»
Акин Тоқталиев, вакили дифои рӯҳонии фирорӣ Шамсиддин Абдухолиқов мегӯяд, ҳодисаҳои ёдшуда намунаи таъқиби афроди муттаҳам ба пайравии «Салафия» мебошанд. Вай гуфт, «чунин таъқиб на танҳо бо Байзақов ва Абдухолиқов, балки бо чеҳраҳои дигари шинохтаи исломӣ ба монанди муфтии собиқ Ҳоҷӣ Чубак Ҷалилов ҳам ҷой дорад. Онҳо рӯҳониёни маъруфро таъқиб мекунанд.»
Баъзе аз шореҳон мегӯянд, нигаронии мақомоти Қирғизистон беасос нест. Яке аз уламо, ки нахост номаш ошкор шавад, тасдиқ кард, ки «дар ин кишвар ақидаҳои ифротии исломӣ рушд кардаанд». Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, «низоми давлатдории Қирғизистон демократӣ ва дунявӣ аст. Ҳарчанд баъзе афроди муътадил аз байни онҳо рӯйирост бар зидди ин низом садо баланд намекунанд, вале дар дил мухолифи ин давлат буда, орзу доранд, ки он вуҷуд надошта бошад.»
Манъи «Салафия» дар Тоҷикистон
Нақши Арабистони Саудӣ дар густариши ақидаҳои салафӣ дар хоки Қирғизистон возеҳ нашудааст. Он чӣ рӯшан ба назар мерасад, ин аст, ки ба фикри бисёриҳо ҳукумати Қирғизистон ва уламои исломӣ набояд канораҷӯӣ карда, дар рафъи таҳдиди равияҳои исломии бегона бештар саҳм гиранд. «Салафия» дар Тоҷикистон, ҳамсояи девор ба девори Қирғизистон, ҳанӯз соли 2009 ба феҳристи созмонҳои мамнӯъ шомил шудааст. То кунун даҳҳо тан барои пайравӣ аз ин ҷараёни тозапайдои мазҳабӣ дар минтақаҳои кишвар зиндонӣ гардиданд.