Владимир Путин, президенти Русия, дар суҳбат бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, розӣ шудааст, ки барои сӣ рӯз ҳамлаҳоро ба бахши энержӣ ва зербунёдҳои Украина бас кунад. Ба унвони қадаме дар роҳи расидан ба оташбаси комил.
Ҳар ду соат дар Афғонистон як зан ҳангоми таваллуди кӯдак ҷон медиҳад. Нишондиҳандаҳои маргу мири занон дар Афғонистон ба ҳангоми зоймон яке аз баландтарин дар ҷаҳон мебошад. Дар аҳди Толибон вазъ боз ҳам бадтар шудааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 14-уми март фармонеро имзо кард, ки ихтисори шадиди буҷаи ҳафт ниҳод, аз ҷумла Оҷонси Суханпарокании Байнулмилалии Амрико (USAGM)-ро дар бар мегирад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, намояндагони ӯ дар Маскав бо мақомоти Русия дар бораи поён додан ба ҷанг дар Украина сӯҳбатҳои ҷиддӣ доранд.
Даргириҳои даҳшатбор дар Сурия ба ҳузури Русияву Эрон дар ин кишвар ва хатари ҷиддӣ ба ҷони мардуми осоишта ишора мекунад. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо анҷоми мусоҳибаҳо ва дарёфти иттилоъ аз манбаъҳои боз талош кард, ба он чӣ ки ҳоло дар дохили Сурия мегузарад, равшанӣ андозад.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, номаи президенти Амрико ба Оятуллоҳ Хоманаӣ тавассути Анвар Қарқош, мушовири раиси Имороти Муттаҳидаи Араб дар умури сиёсати хориҷӣ, ба дасти Теҳрон расид. Анвар Қарқош рӯзи 12-уми март ба Теҳрон рафт ва бо Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мулоқот кард.
Воридоти мошинҳои "люкс" ё гаронбаҳои ғарбӣ ба Русия манъ аст, вале чунин мошинҳо дар кӯчаҳои Русия боз ҳам пайдо мешаванд. Тарҳи "Система" роҳҳои ба Русия даровардани мошинҳои гаронбаҳои ғарбиро таҳқиқ ва муайян кард, ки ҳамааш аз Хадамоти федеролии муҳофизат сарчашма мегирад.
Дар ҳоле ки оташи ҷанги лафзии Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва Доналд Трамп, президенти Амрико тоза хомӯш мешавад, низоъ дар Украина ба хати нави худ расидааст. Ин мулоқот рӯзи 28-уми феврал дар Кохи Сафед сабаби вайрон шудани равобити Амрико ва Украина гашт.
Дар Украина дар баробари мардони зиндонӣ баъзе аз занони маҳбус низ барои ҷанг дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ изҳори омодагӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, аз хатарҳо огоҳанд, вале умед доранд, ки ин амал барои сабуктар шудани ҳукмашон ёрӣ медиҳад.
Ёфтҳои бештар