Додгоҳи шаҳри Душанбе 18 сокини шаҳри Роғунро, ки моҳи марти соли ҷорӣ боздошт шуда буданд, аз севуним то даҳ соли зиндон маҳкум кардааст. Наздикони баъзе аз маҳкумшудаҳо рӯзи 8 август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ онҳоро бар асоси моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ" ба зиндон фиристодааст.
Абдулло Раҷабов – бародари Раҷабмурод Раҷабов – яке аз маҳкумшудаҳо гуфт, ки ӯ аз ҳукми додгоҳ нисбати бародараш розӣ нест. "Додгоҳ натавонист гуноҳи бародари ман ва ҳамроҳонашро ба таври бояду шояд исбот кунад." - гуфт Раҷабов.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар парвандаи бародараш гуфта шудааст, ки Раҷабмурод Раҷабов дар соли 2009 ба шеваи салафӣ риш монда будааст. “Бародарам дар соли 2009 дар синфи шашум мехонд. Ин гап чӣ хел ҳақиқат дошта метавонад? Ҳамаи мо медонем, ки дар синфи шашум риш гузошта намешавад аз нигоҳи физикӣ».
ВИДЕО АЗ БОЙГОНӢ:
Бо ин ҳол, мақомоти Додгоҳи шаҳри Душанбе то кунун расман ҳукми худро дар баробари 18 сокини Роғун шарҳ надодаанд. Чизе, ки то ҳол дастрас аст, иттилоест, ки тавассути наздикони маҳкумшудаҳо ба расонаҳо расидааст. Ба қавли наздикони маҳкумшудаҳо, Шӯҳрат Фатҳиддинов барои 10 сол, Файзиддин Саидов (пизишк) ва Алишер Шамсиддинов 3,5-солӣ аз озодӣ маҳрум шуда, боқимондаҳо аз 5 то 5,5-солӣ равонаи зиндон шудаанд. Ҳамаи ин афрод аз 20 то 35 сол доранд.
Боздошти сокинони деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғун аввали моҳи март сурат гирифта буд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 10 март бо нашри як иттилоия қазияи боздошти бархе аз сокинони шаҳри Роғун аз сӯи пулисро шарҳ дода ва гуфта буд, ки бархе аз ин сокинони Роғун барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ-экстримистӣ боздошт шудаанд ва иддае дигарро барои пурсиш ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ, даъват кардаанд.
Мақомоти ВКД таъкид доранд, ки чораҳои андешидашуда аз тарафи мақомоти пулис ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, "баҳри амнияти шаҳрвандон, тинҷию осудагии мардуми Тоҷикистон равона шудааст."
Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир аз гароиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ ва экстремистӣ нигарон буда, дастурҳоеро дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин раванд содир кардаанд.