Каромат Шарифов, раиси созмони муҳоҷирони тоҷик дар Русия, мегӯяд, ки барои дубора аз сар гирифтани фаъолияти то ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Старассбурги Фаронса муроҷиат хоҳад кард.
Чин тасмим гирифтааст, ки бо иштироки Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон эътилофи низомии зиддитеррор ташкил кунад ва ҳамкориҳояшро барои мубориза бо терроризм дар минтақа бо ҳамсоягонаш тақвият диҳад.
Коргарони ширкати нафтии Бургилау дар шаҳраки Жаноазени Қазоқистон баъди панҷ рӯзи "танаффус" ба ҳамоиши эътирозии худ идома доданд. Тазоҳурот рӯзи 29 июл, замоне қатъ шуда буд, ки коргарони ширкат раиси нави иттиҳодияҳои синфӣ ё профсоюзи худро интихоб карданд.
Лоиҳаи созишнома дар бораи пардохти пули нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ниҳоӣ шудааст. Мақомот мегӯянд, дар сурати имзо шудани созишнома 500 ҳазор муҳоҷир ҳаққи гирифтани нафақаро ба даст хоҳанд овард, ки корашон расмӣ карда шуда ба давлати Русия андози иқтимоӣ месупоранд.\
Вазорати рушди таҷҳизоти иттилоотӣ ва мухобироти Узбакистон мехоҳад ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернетиро муваззаф созад, ки маълумотро дар бораи ҳамаи фаъолиятҳои истифодабарандагон дар муддати се моҳ ҳифз кунанд.
Раиси ҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ҳамлаи интиҳории рӯзи шанбе дар Кобул, як рӯз мотами умумӣ эълон кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамлаи хунин дар Кобулро, ки беш аз 80 кушта ба ҷой гузошт, маҳкум намуд.
Гуруҳи мухолифони мусаллаҳ аз 17 июл боз дар шӯъбаи пулис дар маҳаллаи Эребунӣ чанд нафарро гаравгон гирифта ва истеъфои раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисян ва раҳоии раҳбарашон Жирайр Сефилиянро талаб доранд.
Баҳром Сироҷов, раҳбари пешини ширкати "Барқи тоҷик", 21 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар бораи бехатар будани тарҳи нерӯгоҳи Роғун хулосаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дода шудааст ва ҷое барои нигаронӣ боқӣ намондааст.
Намояндагони мусаллаҳи гурӯҳи мухолифони тундрав дар қаламрави полки пулис дар Ереван – пойтахти Арманистон – ҳамчунон гаравгонҳоро нигоҳ медоранд. Онҳо шаби 17 ба 18 шумораи номаълуми одамонро гаравгон гирифтаанд.
Георгий Кошлаков, муовини пешини нахуствазири Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳифзи шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ барои Тоҷикистон фоидаовар буд ва ин низоми таъмини барқ дар шакле бояд барқарор шавад.
Додситонии Свердловск аз мақомоти пулис хостааст, ки ба боздоштҳои дастҷамъии муҳоҷирон хотима диҳанд. Додситонӣ мегӯяд, тақрибан 90 дарсади муҳоҷирони то ин дам боздоштшуда қонунҳоро риоя мекарданд ва ҳоҷат ба дастгир карданашон набуд.
Додгоҳи Олии Қирғизистон рӯзи 11 июл ба бозбинии парвандаи ҷиноии Азимҷон Аскаров оғоз кард, ки барои барангехтани низои миллӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст.
Раиси ҷумҳури Русия маҷмӯи иловаҳо ба "Қонуни зидди терроризм"-ро имзо кард, ки сабти сӯҳбатҳои телефонӣ ва ҳамчунин маҳдудияти озодиҳои иҷтимоиву мазҳабиро пешбинӣ мекунад. Коршиносони умури муҳоҷират ба ин қонун назари мусбат надоранд.
Созмони "Муҳоҷират ва ҳуқуқ" ба раҳбарии Гавҳар Ҷӯраева ба мақомоти Русия пешниҳод кардааст, ки "меъёрҳои" ихроҷи муҳоҷирони корӣ аз ҳудуди ин кишварро бозбинӣ кунанд.
Фарҳод Қирғизбоев, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон субҳи 5 июл дар дақиқаҳои аввали намози Иди Фитр дар саҳни масҷиди ноҳияи Ногински шаҳри Маскав ҷон додааст. Вай ҳамагӣ як рӯз пеш иҷозаи корро дарёфт карда буд.
Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ба сабаби даргузашти Аббос Киёрустамӣ, коргардони номдори синамои ҷаҳон, ба синамогарони Эрон ва ба хонаводаи эшон изҳори таслият кард.
Ба муҳоҷирони тоҷик дар минтақаҳои гуногун пешниҳод шудааст, ки намояндагони муваффақи худро муаррифӣ кунанд, то онҳо барои ҳамкорӣ ба мақомоти маҳаллии шаҳрҳову вилоятҳои Русия пешниҳод шаванд.
Додгоҳи ноҳияи Невскийи Санкт-Петербург аз “бефаъолиятии ғайриқонунӣ”-и муфаттишони парвандаи марги Умаралӣ Назаров интиқод карда ва далелҳои ҷониби тафтишотро ба назар нагирифтааст.
Тоҷикистон эълон кардааст, ки соли 2017 шуморе аз корхонаву муассисаҳои бузург хусусӣ мешаванд. Аммо ин корхонаву муассисаҳо аз чӣ роҳе хусусӣ карда мешаванд ва чӣ касоне метавонанд дар хусусӣ кардани онҳо ширкат дошта бошанд?
Ёфтҳои бештар