Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Қатори мурувват" аз Душанбе ба Маскав расид


Сӯҳбат дар қатори Душанбе-Маскав
Сӯҳбат дар қатори Душанбе-Маскав

“Қатори мурувват: саломатии муҳоҷирон” баъд аз чаҳор рӯзи сафар шоми 29 июн аз Душанбе ба Маскав расид. Бори аввал қатори Душанбе-Маскав бо намояндагони Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистону Қазоқистон 25 июн аз Душанбе ба роҳ баромад. Дар қаламрави Русия ба он намояндагони Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия низ ҳамроҳ шуданд. Ин гурӯҳ аз 11 нафар коршиносон иборат буд.

Чун муҳоҷирон бештар бо қатор сафар мекунанд, довталабон ё коршиносони ҷамъиятҳои мазкур дар қатор ба муҳоҷирони корӣ ҳамроҳ шуданд ва дар давоми 4 рӯзи сафар дар роҳ ба муҳоҷирон роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳо дар қаламрави Русия ва қонунҳои иқоматро ба муоҷирон тавзеҳ медоданд. Ин чорабиниро намояндагии Федератсияи Байналмиллалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Маскав ташкил кард.

Даврон Муҳаммадиев
Даврон Муҳаммадиев

Даврон Муҳаммадиев, раҳбари ин созмони байналмиллалӣ дар Маскав мегӯяд, “ҳадафи асосии ин барнома боло бурдани сатҳи огаҳии муҳоҷирони корӣ аз бемориҳои норасоии масъунияи бадан ё ВИЧ СПИД, бемории сил, роҳҳои пешгирии ин бемориҳо ва пешгирӣ аз бемориҳои дигар дар қаламрави Русия мебошад. Масъалаи дуввум, ошно кардани муҳоҷирон бо қонунҳои муҳоҷиратии Русия буд. Танҳо соли 2015 дар Русия роҷеъ ба муҳоҷирати корӣ 15 қонуни нав қабул шудааст”.

Дар “Қатори мурувват: саломатии муҳоҷирон” бештар аз 250 муҳоҷири корӣ ба Русия сафар мекарданд. Дар ҷараёни сафар коршиносони Ҳилоли Аҳмар имкон доштанд, ки ба таври муфассал дар бораи ин масъалаҳо бо савияи дониши муҳоҷирон ошно шаванд ва ба онҳо маълумот диҳанд. Муҳаммадиев мегӯяд, “аз ҳар 30 нафаре, ки гурӯҳи коршиносон дар қатор пурсиш анҷом додаанд, фақат як нафар аз бемориҳои сил, ВИЧ СПИД ва қонунҳои муҳоҷират то андозае огаҳӣ доштааст. 29 нафари дигар тамоман огаҳӣ надоштаанд. Баъд аз тавзеҳоти гурӯҳи мо акнун ин муҳоҷирон маълумоти кофӣ ба даст овардаанд ва метавонанд онро дар кору зиндагии худ дар қаламрави Русия истифода баранд”.

Илҳом Раҳимов, мудири шӯъбаи тандурустии Ҳилоли Аҳмари Точикистон

яке аз аъзои ин гурӯҳ буд, ки дар таркиби ҳайати коршиносон бо муҳоҷирон аз Душанбе то Маскав омадааст. Вай мегӯяд, ки ин навъи кор бо муҳоҷирон падидаи нав аст ва бояд аз муддатҳо пеш оғоз мешуд: “Умуман муҳоҷирон на танҳо дар бораи пешгирии бемориҳо маълумот надоранд, балки дар бораи тарзи зист ва кор дар Русия ҳам дониши ҳуқуқӣ надоранд. Мо дар тааҷҷуб монда будем ва мепурсидем, ки чӣ тавр бо ин ҳол шумо ба Русия меравед? Мегуфтанд, ки илоҷи дигар надоранд. Мо аз худи онҳо низ пешниҳодҳои зиёд гирифтем. Масалан, мегуфтанд, ки бояд ин корҳоро барвақтар сар мекарданд ва дар вокзали роҳи оҳани Душанбе маркази фаҳмондадиҳӣ мекушоданд”.

Ташкили “Қатори мурават: саломатии муҳоҷирон” аввалин ҳамкории Федератисия Байналмиллалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав нест.

Иброҳим Аҳмадӣ.
Иброҳим Аҳмадӣ.

Иброҳим Аҳмадӣ - сухангӯи ин намояндагӣ мегӯяд, онҳо дар гузаштаҳо низ дар ҷойҳои таҷаммуи муҳоҷирон дар қаламрави Русия ин гуна корҳои иттилоърасониро анҷом додаанд ва чунин ҳамкорӣ натиҷаҳои хуб додааст. Оқои Аҳмадӣ мегӯяд, дар ин қатор муҳоҷирон намедонистанд, ки муолиҷаи бемории сил дар Тоҷикистон ройгон аст, вале дар Русия саргардониҳои зиёд дорад. ”Муолиҷаи бемории сил дар Русия якчанд марҳила ва муддати тӯлониро дар бар мегирад. Муҳоҷирон пули зиёд ҳам сарф мекунанд. Ба ҳамин сабаб мо ба муҳоҷирон пешниҳод мекунем, ки дар сурати гирифторӣ ба ин беморӣ? беҳтар аст ба Тоҷикистон баргарданд ва табобатро ба таври ройгон дар он ҷо гиранд”.

Ҳайати гурӯҳи Федератсияи Байналмиллалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар қатори Душанбе-Маскав ба муҳоҷирон китобчаҳои роҳнамо барои муҳоҷирро тақсим кардаанд. Аксари муҳоҷирон барои дӯстону хешовандони муҳоҷири худ низ аз ин роҳнамо гирифтаанд ва ба ин тартиб дар ҷараёни сафар то Маскав бештар аз 1000 нусха роҳнамо тақсим шудааст.

Дар қаламрави Русия аксар вақт муҳоҷироне иштибоҳ содир мекунанд, ки аз қонунҳои ин кишвар хабар надоранд ва бидуни омодагии пешакӣ ба ин кишвар меоянд. Даврон Муҳаммадиев мегӯяд, барои ҳамин зарурат пеш омад, ки чунин роҳи расондани маълумот ё омода кардани муҳоҷиронро дар ҷараёни сафар дар қатор таҷриба кунанд ва бубинанд, ки он чӣ самара медиҳад.

XS
SM
MD
LG