Дар Тоҷикистон эълон шудааст, ки соли 2017 корхонаву муассисаҳои бузурги ин кишвар, аз қабили ширкати “Барқи Тоҷик”, корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи Оҳан”, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, “Тоҷиктелеком”, “Телерадиоком” , “Тоҷикхимпром” хусусӣ карда мешаванд. Бахшҳои таъмини газ, бахшҳои барқрасонӣ, фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбеву Хуҷанд ва Қурғонтеппаву Кӯлоб низ ба барномаҳои хусусигардонӣ дохил шудаанд.
Орзу Раҳматзода, сардори раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи асосии хусусӣ кардани ин корхонаву ширкатҳо, рушди моликияти хусусӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи вай, дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, роҳ барои рушди моликияти хусусӣ бештар боз мешавад ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меояд. Хусусигардонӣ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ анҷом мегирад.
Георгий Кошлаков, коршиноси иқтисодӣ ва муовини аввали нахуствазири солҳои Тоҷикистони Шӯравӣ мегӯяд, “аз нуқтаи назари ман ин тасмими дуруст аст. Ин, албатта, ба он маънӣ нест, ки дар як рӯз онро бигириву фурӯшӣ. Бояд барномаҳои хусусигардониро таҳия кард. Намешавад ҳама вақт домони давлату ҳукуматро гирифт. Бояд ғайридавлатӣ кардани корхонаҳо идома ёбанд. Ҳоло тамоми дунё дар шароити иқтисоди бозорӣ зиндагӣ мекунад ва мо интихоби дигар надорем”.
Вале масъалае, ки ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ин аст, ки аз чӣ роҳҳо ин корхонаву муассисаҳо хусусӣ карда мешаванд ва чӣ касоне метавонанд дар хусусӣ кардани онҳо ширкат дошта бошанд?
Ба ақидаи Константин Бондаренко, таҳлилгари умури иқтисодии Тоҷикистон, “дар дохили кишвар низ сармоягузорони билқувва ҳастанд, вале фурӯши ҳар корхона ба сармоягузори хориҷӣ бартарӣ хоҳад дошт, зеро ба ин тартиб сармояи бештарро аз хориҷ ба иқтисод ҷалб кардан мумкин аст. Гузашта аз ин, сармоягузори хориҷӣ бо худ таҷҳизоти нав меорад, усули нави идориро ҷорӣ мекунад, ки Тоҷикистон дар марҳилаи кунунии рушди худ ба он ниёз дорад. Ҳоло тарзи идораи умури корхонаҳо дар Тоҷикистн чандон пешрафта нест”.
Оқои Бондаренко мегӯяд, дар шароити кунунии Тоҷикистон сармоягузорони кишварҳои аврупоӣ ва Амрико мумкин аст барои хусусӣ кардани корхонаҳо дар Тоҷикистон алоқаи камтар нишон диҳанд, зеро онҳо барои дороии худ дар ин кишвар замонати устувори моликият мехоҳанд. Вале сармоягузорони чинӣ бо майли том дар хусусӣ кардани корхонаҳои бузурги Тоҷикистон ширкат хоҳанд ҷуст. Онҳо ҳам сармоя доранд ва ҳам мехоҳанд соҳаи нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ тавсеа диҳанд.
Албатта, сармоягузорони дохилӣ низ дар ин барномаҳо ширкат хоҳанд кард, вале бояд дар ин маврид шаффофияти хусусӣ кардан ва шарту шароити он таъмин шавад. Бояд ҳар сармоягузор бо барномаҳои худ дар бораи фаъолияти ояндаи корхонаи мавриди назар, бозсозии он, эҷоди ҷойҳои нави корӣ дар он, саҳми ояндаи корхона дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ширкат ҷӯяд. Комиссияи салоҳиятдори бетарафу касбӣ бояд сармоягузореро интихоб кунад, ки барномаҳои вай ба ҳамаи ин дархостҳо ҷавобгӯ бошад.
Таҳлилгарони умури иқтисодӣ мегӯянд, ки гоҳо комиссияҳои хусусигардонӣ ҳангоми хариди корхонаҳо ба ононе бартарӣ медиҳанд, ки пули бештарро пешниҳод мекунанд. Вале ин як тарафи масъала аст. Масъалаи аслӣ ин аст, ки баъд хусусӣ кардан, харидор барои фаъолият ва равнақи корхона чӣ барномаҳоро пешбинӣ кардааст.
Ин имкон низ истисно нест, ки корхонаҳои муҳим ба сармоягузороне аз доираҳои наздик ба ҳукумат ба фурӯш расонда шаванд. Дар чунин ҳолат барномаҳои хусусӣ кардан шояд шаффоф нахоҳанд буд ва имкон дорад ба чунин афрод имтиёз ҳам қоил шаванд, ҳатто дар сурате, ки барномаҳои хусусӣ кардани онҳо мумкин заифтар бошад.
Маъмулан дар кишварҳои пешрафта барои арзёбии вазъияту имконоти корхона ва роҳҳои хусусӣ кардани он намояндагони ширкатҳои муҳими машваратӣ ва намояндагони муассисаҳои молии ҷаҳонӣ, аз қабили Сандуқи Байналмиллалии Пулро низ ҷалб мекунанд. Тоҷикистон низ дар сурати ҷалби онҳо зарар нахоҳад дид.
Дар Тоҷикистон иншоот ва корхонаҳое низ ҳастанд, ки тибқи барномаҳои давлатӣ онҳоро ба гурӯҳи иншоот ё корхонаҳои стротегӣ дохил кардаанд ва хусусӣ кардани онҳо мумкин нест. Ба он нерӯгоҳи барқи обии Норак, ниругоҳи барқи обии Роғун, ширкати ТАЛКО ё корхонаи тавлиди алюмин ва корхонаи “Тоҷиктилло” дохил шудаанд. Дар мавриди хусусӣ кардани ин иншоот таҳлигарони иқтисодӣ назари яксон надоранд. Масалан, Георгий Кошлаков ва Константин Бондаренко мегӯянд, ки чунин иншоот ҳам бидуни истисно метавонанд хусусӣ шаванд ва ин навъ иншоот дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Русия хусусӣ мебошанд.
Вале Собир Вазиров, таҳлилгари дигари умури иқтисодӣ дар ин бора назари дигар дорад. Вай мегӯяд, дар шароити кунунии Тоҷикистон воқеан ҳам ин корхонаҳо бояд дар ихтиёри давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта бошанд. Масалан, фаъолияти “Тоҷиктилло” ба маҳсулоте иртибот дорад, ки ҳамеша аз фурӯши он дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба будҷаи давлат асъори устувор ворид мешавад. Нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ низ дар сурати хусусӣ шудан ба инҳисори соҳибаш медарояд ва мумкин аст ба ҷои таъмини аҳолӣ бо барқ барои худ бозори сердаромадро ҷустуҷӯ кунанд, бо вуҷуди он ки давлат аҳромҳои назорат бар онҳоро дорад.
Бо назардошти барномаҳои пешбинишуда, хусусӣ кардани моликияти давлатиро ҳукумати ин кишвар ба ду марҳила тақсим кардааст, ки марҳилаи аввал тақрибан паси сар шудааст ва дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт. Ин марҳила корхонаҳои хурду миёна, аз қабили муассисаҳои савдо ё фурӯшгоҳҳову бозорҳо, хӯроки умумӣ, муассисаҳои марбут ба хидматрасонӣ ва амсоли онро фаро мегирад ва дар оянда низ ин раванд давом хоҳад кард.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон, аз оғози соли 1991 то 2015 дар ин кишвар 11 410 корхонаи хурд ва 1367 корхонаи миёнаву бузург хусусӣ карда шудаанд. Вале дар марҳилаи дуввум корхонаҳои бузурги номбурда на танҳо хусусӣ карда мешаванд, балки сохторҳои идории онҳо низ тағйир хоҳанд ёфт.