Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафар Ҳақдод: Даргузашти Киёрустамӣ талафоти ҷаҳонӣ аст


Аббос Киёрустамӣ
Аббос Киёрустамӣ

Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон даргузашти коргардони номдор Аббос Киёрустамиро барои синамои Эрону ҷаҳон талафоти бузург дониста ва ба хонаводааш изҳори таслият кардааст.

Киёрустамӣ баъд аз зуҳри 4 июл дар 76-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Порис аз саратони меъда даргузашт. Ӯ, ки аз соли гузашта то дами марг бо ин беморӣ мубориза мебурд, рӯзи 28 июн барои муолиҷа ба Фаронса рафта буд.

Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, 5 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "Аббос Киёрустамӣ дар доираи синамогарони тоҷик чун коргардоне шинохта шудааст, ки забони комилан хоси худро дар синамои ҷаҳонӣ, ба вижа дар синамои Эрон дошт. Киёрустамӣ шахсияти боҳуши фарҳангӣ буд, ки ҳамеша мехост таҷрибаи худро ба ҷавонони синамогар бидиҳад ва талош мекард, дар ин роҳ корҳое анҷом диҳад. Синамогарони тоҷик ҳамеша саъй мекарданд, ки филмҳои Киёрустамиро бибинанд ва омӯзанд."

Cафар Ҳақдод
Cафар Ҳақдод

Ҳақдод мегӯяд, Киёрустамӣ ба Тоҷикистон наомадааст, вале аз сӯҳбатҳояш маълум буд, ки Тоҷикистонро дӯст медошт ва мехост ба ин кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон сафар кунад. Бештар аз се соли пеш Сафар Ҳақдод ва Аббос Киёрустамӣ дар ҷашнвораи байналмилалии “Зардолуи тиллоӣ” дар Ереван бо ҳам мулоқот ва имкони ҳамкориҳоро баррасӣ карда будаанд.

Раиси синамогарони Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо гуфт, "аз Киёрустамӣ даъват кардем, ки дар ҷашнвораҳои синамои Тоҷикистон иштирок кунад. Вай дар ҷавоб бо хушҳолӣ гуфт, дар бораи Тоҷикистон бисёр шунидааст ва дӯст дорад, ки биёяд дар Тоҷикистон аккосӣ кунад. Моил буд, ки бо ҷавонони ҳунарманд сӯҳбате дошта бошад. Мо соли 2012 ҷашнвораеро омода кардем ва филмҳои он кас низ дар ин ҷашнвора барои иштирок омода шуда буд. Вале он вақт гирифториҳои зиёд бо як филми нав ва ширкат дар ҷашнвораи байналмиллалӣ ба Киёрустамӣ имкон надод, ки ба Тоҷикистон ояд. Шояд ин яке аз орзуҳое буд, ки амалӣ нашуд, вале ҳамаи филмҳояш ба Тоҷикистон омадаанд ва дар Хонаи кинои Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд."

Аббос Киёрустамӣ аз ҷумлаи шахсиятҳои раддаи аввали синамои ҷаҳон ба шумор меравад.

Рӯзномаи “Guardian”, чопи Лондон, дар соли 2011 феҳристи 40 коргардони бузурги муосири синамои ҷаҳонро чоп кард ва Киёрустамӣ дар ин феҳрист дар мақоми шашум, яъне болотар аз бисёре аз чеҳраҳои номдори синамои ҷаҳон чун Дэвид Кроненберг, Дэвид Финче, Стивен Судерберг, Педро Алмодовар ва Гас Ван Сент ҷой гирифт.

Акс аз бемористони Эрон. Соли 2016
Акс аз бемористони Эрон. Соли 2016

Киёрустамӣ танҳо филмсози эронист, ки соли 1998 ба дарёфти ҷоизаи "Нахли тилло"-и ҷашнвораи мӯътабари байналмиллаии Канн (Фаронса) ноил шудааст. Вай барои филми "Таъми гелос" барандаи ин ҷоизаи аввали синамои ҷаҳонӣ шуда буд.

Аббос Киёрустамӣ ба ҷуз аз синамо дар арсаҳои дигари ҳунар, аз ҷумла шеъру аккосӣ, мусиқӣ, тарроҳии графика ва наққошӣ низ ҳунари хос дошт.

Вай соли 1940 дар Теҳрон ба дунё омада, дар донишгоҳи ҳунарҳои зебои Теҳрон таҳсил ва барои гузарони зиндагӣ ба унвони пулис низ кор кардааст. Филмҳои "Таъми гелос", "Гузориш", "Хонаи дӯст куҷост?", "Машқи шаб", "Бод моро хоҳад бурд", "Зиндагӣ ва дигар ҳеҷ" ва "Зери дарахтони Зайтун"-и Киёрустамӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, соҳиби ҷоизаҳои зиёд дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ шудаанд.

Аз Киёрустамӣ 40 филм боқӣ мондааст. Маҷаллаи синамои Нию Йорк бо номи “Филм Стейҷ” дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст, “шояд ҷаҳон бузургтарин филмсози худро аз даст дод” ва ҳамин гуна Роббӣ Колин –мунаққиди филми рӯзномаи “Телеграф” Киёрустамиро “муъҷизагаре, ки дар ҳаёти як шуъбадабоз пинҳон шуда буд”, тасвир кард.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Фаронса рӯзи 5 июл машғули таҳияи асноди зарурӣ барои интиқоли ҷасади коргардон ба Эрон аст. Киёрустамӣ дар ватанаш Эрон ба хок супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG