Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия созмони Каромат Шарифовро баст


Каромат Шарифов
Каромат Шарифов

Каромат Шарифов, раиси созмони муҳоҷирони тоҷик дар Русия, мегӯяд, ки барои дубора аз сар гирифтани фаъолияти то ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Старассбурги Фаронса муроҷиат хоҳад кард.

Додгоҳи олии Русия рӯзи 10 август дар яке аз мурофиаҳои худ фаъолияти ин созмонро манъ кард. Додгоҳ мегӯяд, дар оинномаи ин созмон ва дар "протокол"-ҳое, ки роҷеъ ба баргузории анҷуманҳои он таҳия шудааст, ба иштибоҳи қонунӣ роҳ додаанд.

Аммо Каромат Шарифов, раҳбари ин ташкилот, далелҳои додгоҳро рад кард. Вай рӯзи 11 август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар мурофиаи 2 июли соли ҷорӣ ба мо пешниҳод карда буданд, ки иштибоҳҳои худро дар оиннома ва “бланка”-ҳои ҷунбиш ислоҳ кунем. Чаҳор иштибоҳи дигар ҳам буд. Мо онҳоро ислоҳ кардем."

Шарифов афзуд, ҳатто ба онҳо пешниҳод шуда буд, ки анҷумани ҷунбишро баргузор кунанд ва ин анҷуман рӯзи 16 июл дар Хонаи рӯзноманигорони Маскав баргузор шудааст. "Дар кори анҷуман 220 намоянда иштирок доштанд, ки аз онҳо 35 нафар намояндаи минтақаии созмони мо буданд. Дар мурофиаи рӯзи 10 август ҷониби додгоҳ ин пешниҳодҳои худро умуман фаромӯш кард. Ин пешниҳодҳоро Вазорати адлия ба додгоҳ фиристода буд. Ин ба ҳақиқат дуруст намеояд," – гуфт ӯ.

Ин созмонӣ русиягӣ аст ва дар чаҳорчӯби қонунгузориҳои Русия фаъолият мекунад. Фаъолияти он ба сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав ягон иртибот надорад.
Сарвар Бахтӣ

Бозгашт ба анҷумани 2012

Дар ин мурофиа, баръакс, додгоҳ баргузории анҷумани соли 2012-уми ин созмонро ғайриқонунӣ эълон карда ва гуфтааст, тибқи қонунҳои мавҷудаи Русия маъмулан дар анҷуманҳои созмонҳои умумирусиягӣ бояд намояндагони 38 бахши минтақавии ин созмон ширкат ҷӯянд. Вале дар “протоколи” анҷумани соли 2012-уми ин созмон шумораи намояндагони минтақаӣ 20 нафар сабтином шудаанд. Каромат Шарифов рақами 20-ро иштибоҳи фаннӣ дониста ва гуфт, бо ин далел додгоҳ наметавонад фаъолияти созмони онҳоро дар қаламрави Русия мамнуъ эълон кунад.

Алла Паниткова, вакили мудофеъ, ки дар додгоҳ аз парвандаи ин созмон ҳимоят мекард, гуфт, талабҳое, ки намояндагони Вазорати адлияи Русия барои бастани фаъолияти созмони мазкур ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, асос надоранд. Ӯ гуфт, “дар Вазорати адлия кормандони варзидаи ҳуқуқ кор мекунанд ва савияи дониши ҳуқуқии онҳо аз савияи дониши ҳуқуқии як созмони ҷамъиятӣ, ки ин “протокол”-ҳоро пур кардааст, фарқ дорад. Барои ҳамин бояд додгоҳ ин нуктаро дар назар бигирад, ки як созмони ҷамъиятӣ наметавонад баробари Вазорати адлия бо қонунҳо ошно бошад.”

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия

Сафорат: Дахолат карда наметавонем

Акнун баъд аз эълони ҳукми додгоҳ дар бораи бастани фаъолияти ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони кории тоҷик” бояд дар муддати панҷ рӯз ҳукми додгоҳ ба таври хаттӣ ба раҳбарияти ин созмон бирасад. Тибқи қонун созмон як моҳ вақт дорад, ки бар зидди ҳукми Додгоҳи олии Русия ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад. Агар созмон дар онҷо низ ноком шавад, дар он сурат дар ҷустуҷӯи адолат ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Страссбурги Фаронса муроҷиат хоҳад кард.

Ба суоле дар ин бора, ки оё созмони онҳо барои дарёфти кумак ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат нахоҳад кард? Каромат Шарифов гуфт, ин созмон ба ҳукумату давлати Тоҷикистон иртибот надорад ва онҳо ҳаққи дахолат ба ҳукми додгоҳро надоранд. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба ҳамин нукта ишора кард.

Ӯ гуфт, “ин ташкилоти русиягӣ аст ва дар чаҳорчӯбаи қонунгузориҳои Русия фаъолият мекунад. Фаъолияти он ба сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав ягон иртибот надорад ва сафорат ҳам ба кори он дахолат намекунад ва дахолат ҳам карда наметавонад.”

Ҳукми фармоишӣ?

Каромат Шарифов дар утоқи кориаш дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Каромат Шарифов дар утоқи кориаш дар Маскав. Акс аз бойгонӣ

Худи Каромат Шарифов мегӯяд, решаҳои ин ҳукми додгоҳ ва пешниҳодҳои Вазорати адлия аз сарчашмаҳои дигар об мехӯрад. “Ин ҳукми “заказной” аст, ташкилшуда аст аз тарафи олигархҳо. Корфармоёне, ки дар бозорҳои “Садовод” ва “Люблино”-и Маскав ва ҷойҳои дигар ба истисмори муҳоҷирон машғуланд, ба хулосае расиданд, ки агар ҷамъияти мо пешравӣ кунад, онҳо дигар аз муҳоҷирон пул гирифта наметавонанд. Онҳо солҳо музди муҳоҷирони моро намедоданд. Мо талаб мекардем, ки пули муҳоҷиронро диҳанд ва дар давоми се соли гузашта мо аз онҳо 690 миллион рубли муҳоҷиронро гирифтем.”

Созмони Каромат Шарифов бори аввал дар соли 2001 бо номи “Тоҷик диаспора” ташкил шуд ва тадриҷан фаъолияташро равнақ дод ва дар соли 2008 бо номи “Муҳоҷирони кории тоҷик” сабти ном кард. Дар ҳамон сол “Иттиҳоди тоҷикони Русия” низ чун созмони ҷамъиятии умумирусиягии тоҷикон бо раҳбарии Абдулло Давлатов сабти ном карда буд, вале сабти номи онро соли 2013 дар вазорати адлия боздоштанд.

XS
SM
MD
LG