Дар ҳоле ки мақомот барои ҷилавгирӣ аз гароиши сокинон ба саффи тундравҳо чораи амниятиро сахттар мекунанд, баъзе аз таҳлилгарон пешниҳод доранд, ки ба ҷойи ин вазъи иқтисодӣ зудтар беҳбуд бахшида шавад.
Додгоҳи олии Русия натавонистааст ҳукми ниҳоии худ дар нисбати Ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии "Муҳоҷирони кории тоҷик"-ро содир кунад ва мурофиаи баъдиро то 9 августи соли ҷорӣ ба таъхир гузоштааст.
Дар мизи гирди Радиои Озодӣ се ҷавони тоҷик иштирок ва назари худро ба масъалаи тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар шароити кунунӣ баён карданд.
Дар сурати қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар аз 35 ба 30 поин оварда хоҳад шуд. Раъйпурсӣ рӯзи 22 май мегузарад.
Порлумони Қирғизистон тафтиши чи гуна ба дасти тақрибан 100 сокини вилояти Уйғури Чин афтодани шиносномаҳои ин кишварро оғоз кардааст. Ин афрод дар Туркия ба даст афтодаанд.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар маъракаи таблиғи ислоҳи Қонуни асосӣ фақат онҳое иштирок мекунанд, ки ҷонибдори ин ислоҳот ҳастанд ва дигарандешон ба ин баҳсҳо роҳ намеёбанд.
Бо дарназардошти он, ки дар Русия бӯҳрони иқтисодӣ идома дорад ва арзиши пули русӣ поён рафтааст, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шароити корӣ дар Кореяи Ҷанубиро назар бар Русия бартар медонанд.
Рӯзи 12 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек се узви созмони ҷамъиятии "Порламони мардумӣ" ё “Народный парламент” боздошт шуданд.
То замони баргузории раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон ҳамагӣ ду ҳафтаи дигар мондааст. Ба назари таҳлилгарон, бо вуҷуди интиқодҳо, ҳукумат бо имкониятҳои фанние, ки дорад, онро баргузор хоҳад кард.
Пешниҳоди як донишманди ҷавони тоҷик барои ихтирои таҷҳизоте барои нобиноён, ки метавонад ба ҷои сагҳои раҳбалад ва ё шахсони раҳбалад истифода шавад, дар нишасти олимони ҷавони Аврупо мавриди писанд қарор гирифт.
Лағви раводиди миёни Туркиву Иттиҳодияи Аврупо, ки ҷорӣ шудани виза байни Туркия ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро дар назар дорад, оё ба сокинони Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад дошт?
Ашраф Ғанӣ баъди бештар аз якуним соли расиданаш ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон меояд. Коршиносон мегӯянд, ки амнияту иқтисод аз мавзӯи аслии сӯҳбатҳои ӯ хоҳад буд.
Баъд аз раъйпурсии моҳи май кишвар ба марҳилаи дигар ворид хоҳад шуд. Аммо ба чӣ марҳилае ва Тоҷикистон ба куҷо хоҳад рафт?
Дар баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон эътирози фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинон зидди, ба гуфтаи онҳо, фурӯш ё иҷораи замин ба хориҷиҳо идома дорад.
Мақомоти Туркия мегӯянд, ки 13 зан аз ҷумла 12 зодаи Осиёи Марказиро барои фоҳишгарӣ боздошт кардаанд ва ҳоло масъалаи истирдоди онҳо ба ватанашон баррасӣ мешавад.
Дар Думаи давлатии Русия баррасии тарҳи қонун дар бораи ҷорӣ кардани бимаи тиббӣ барои хориҷиҳо, идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳам як «бозӣ» барои пур кардани будҷаи косташудаи он кишвар мебошад.
Як муҳоҷири 20-солаи тоҷик, ки 18-рӯз қабл аз табақаи панҷуми як сохтмон дар Краснодар сарозер шуд ва захмҳои сангин бардошт, бо кӯмаки ҷамъиятҳои тоҷикон, табобат мешавад.
Раиси Маркази мутолеоти Эрони муосир дар Маскав гуфт, ки дар раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ таваҷуҳи Ҷумҳурии Исломӣ ба кишварҳои Халиҷи Форс бештар шудааст.
Вазирони молияи бист кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон аз чораҳо барои танзими низоми оффшорӣ, пуштибонӣ карданд. Ҳадафи ин тадбирҳо, пешгирӣ аз шустушӯи пул ва пинҳон доштани маблағҳо аз пардохти андоз мебошад.
Ёфтҳои бештар