Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони муваффақ дар Русия муаррифӣ мешаванд


Абдулло Давлатов.
Абдулло Давлатов.

Ахиран дар Маскав ҷаласаи Омбудсмени соҳибкорони Русия баргузор шуд ва дар он мушкилоти муҳоҷирон ва соҳибкорони миллӣ баррасӣ шуд. Дар ҷаласа тасмим гирифтанд, ки соҳибкорони муваффақи муҳоҷирон ва муҳоҷирони фаъол ба ниҳодҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳрҳои Русия муаррифӣ шаванд, то тавассути чунин афрод мушкилоти муҳоҷирон ба зинаҳои болоии ҳукумати Русия расонда шавад.

Дар ин ҷаласа Абдулло Давлатов, намояндаи ягонаи кишварҳои Осиёи Миёна дар Комиссияи сиёсати муҳоҷират ва равандҳои он дар назди ҳукумати Маскав ширкат дошт ва чун узви ин комиссия ҳоло ба муҳоҷирони тоҷик дар минтақаҳои гуногун пешниҳод кардааст, ки намояндагони муваффақи худро муаррифӣ кунанд, то онҳоро барои ҳамкорӣ ба мақомоти маҳаллии шаҳрҳову вилоятҳои Русия пешниҳод намояд.

Комиссия мазкур, ки аз 9 узв иборат аст ва 22 июн дар натиҷаи интихобот ташкил шуд, бо Хадамоти муҳоҷират ва раёсати таъмини ҷойҳои кории ҳукумати Маскав тамоси доимӣ дорад ва пешниҳодҳои худро ба ин ду идора медиҳад. Ёдовар мешавем, ки Абдулло Давлатов ҳамчунин узви Шӯрои миллатҳои назди ҳукумати Маскав низ мебошад. Дар мусоҳибае аз вай пурсидам, афроде, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ё соҳибкорони фаъоли тоҷик ба мақомоти маҳаллӣ муарррифӣ мекунед, чӣ масъулият хоҳанд дошт?

Абдулло Давлатов: Омбудсмени ҳуқуқи соҳибкорони Русия барои осон кардани кору зиндагии муҳоҷирони кории хориҷӣ пешниҳодҳоро гирдоварӣ мекунад ва онҳоро то сатҳи болоии мақомоти ҳукуматӣ мерасонанд. То ҷое мумкин аст, ки пешниҳодҳоро дар бораи ҳалли мушкилиҳо ҳукумату давлат қабул кунанд. Масалан, донишҷӯён барои таҳсил ба ин кишвар меоянд ва ба баҳонаи дар сабт набуданашон ба онҳо мушкил эҷод мекунанд ва ё онҳоро барои ворид шудан ба қаламрави Русия иҷоза намедиҳанд. Муҳоҷирон патент доранд ва тибқи қонун худи он сабти ном ҳисоб мешавад. Аммо пулис талаб мекунад, ки онҳо дубора худро сабти ном кунанд. Мушкилоти дигар аз ин қабил зиёд аст. Мо ин мушкилиҳоро дар ҷаласаи Омбудсмен матраҳ ва баррасӣ кардем. Борис Титов, Омбудсмен оид ба ҳуқуқи соҳибкорони Русия ёдовар шуд, ки барои бехатарии худи муҳоҷирон бояд амнистия ё афви муҳоҷирон гузаронда шавад. Муҳоҷироне, ки аз Русия ронда мешаванд, онҳо ба ватанашон мераванд ва дар он ҷо ному насаби худро дигар мекунанд ва дубора ба Русия бармегарданд. Вақте, ки онҳо ба даст афтоданд, ба Тоҷикистон барнамегарданд, чунки дар он ватан ҷои кор намеёбанд. Барои ҳамин баъзеи онҳо маҷбур ба гурӯҳҳои ифротӣ ё ҷиноӣ ҳамроҳ мешаванд. Омбудсмен мегӯяд, ки барои пешгирӣ беҳтар аст, ки онҳо амнистия шаванд. Ба Омбудсмени соҳибкорон маълумоти бештар дар бораи минтақаҳо зарур аст.

Радиои Озодӣ: Маълумот дар бораи минтақаҳо ба муҳоҷирони корӣ чӣ аҳамият дорад?

Абдулло Давлатов: Ҳамватанони фаъоли мо, ононе ки ба мақомоти маҳаллӣ муаррифӣ мешаванд, аз ин маълумоти соҳибкорон истифода мебаранд ва ба муҳоҷирон ҷойҳои корӣ пешниҳод мекунанд. Худи муҳоҷирон метавонанд ҳатто бо соҳибкорӣ машғул шаванд, мушкилоте, ки пайдо мешаванд, тавассути ин намояндагон ҳал мекунанд. Омбудсменҳои минтақавӣ маъмулан мушовирони раисони вилоятҳо ва шаҳрҳо ҳастанд. Гузашта аз ин, агар ҷамъиятҳои тоҷикон дар минтақаҳо бузургтар бошанд ва бихоҳанд, ки марказҳои фарҳангиву фароғатии тоҷикӣ боз кунанд, ин мавзӯъ ҳам баррасӣ шудааст ва дар ин кор ҳам онҳо иҷоза ва кӯмак дарёфт карда метавонанд. Ғайр аз ин, ҳоло аз ҳисоби соҳибкорон омбудсменҳои онҳо як Ҳизб ташкил кардаанд ва онро ҳизби РОСТА мегӯянд. Онҳо мехоҳанд, ки тавассути соҳибкорони худ дар ҳамаи минтақаҳо ҳостел ё меҳмонхонаҳои арзон созанд. Дар он ҷо муҳоҷирони корӣ сабти ном мешаванд, зиндагӣ мекунанд ва кафолати ҳуқуқӣ хоҳанд дошт. Барои ҳамин хуб аст, ки ҳамватанони муваффақи мо ба онҳо муаррифӣ шаванд ва ҳамкорӣ кунанд.

Радиои Озодӣ: Оё Омбудсмени соҳибкорони Русия ин барномаҳояшро бо ҳукумати Русия ва мақомоти маҳаллӣ ҳамоҳанг кардааст?

Абдулло Давлатов: Албатта, Борис Титов, Омбудсмени назди раиси ҷумҳури Русия оид ба соҳибкорон бо президент тамоси мустақим дорад ва ин мушкилиҳо дар он ҷо баррасӣ мешаванд.

Радиои Озодӣ: Мо метавонем бигӯем, ки ҳамин намояндагони муҳоҷирони тоҷик, ки шумо ба ниҳодҳои маҳаллӣ муаррифӣ мекунед, як навъ пули иртиботӣ миёни муҳоҷирони корӣ ва мақомоти маҳаллӣ хоҳанд буд?

Абдулло Давлатов: Бале, чунин аст. Мо дар гузашта дар чаҳорчӯбаи ҷамъияти худ кӯшиш карда будем, ки раисони ҷамъиятҳои минтақавиро ба ҳамин корҳо ҷалб кунем. Аммо дидам, ки аксари раисони ҷамъиятҳо мақсаду корашон дигаргуна аст, аз баҳрашон гузаштем. Вале имрӯз соҳибкорону муҳоҷирони муваффақ дорем, беҳтар аст, онҳоро ба ниҳодҳои минтақаҳо муаррифӣ кунем.

XS
SM
MD
LG