Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба ним миллион муҳоҷири тоҷик нафақа хоҳад дод


Лоиҳаи созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи танзими нафақаи муҳоҷирони кории тоҷик ниҳоӣ шуда, дар ҳоли ҳозир коршиносони ду тараф иҷрои онро ҳамоҳанг мекунанд. Дар ин бора Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 2 август ба Озодӣ хабар дод.

Дар сурати имзои ин созишнома 500 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ҳаққи дарёфти нафақаро пайдо хоҳанд кард. Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар давоми ду соли охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия кор мекунанд, афзоиш ёфтааст ва ин шумора дар охири соли 2015 ба 500 ҳазор нафар расида буд. Нурулло Маҳмадуллозода гуфт, "лоиҳаи ин созишномаро ҷониби Русия барои мувофиқа ба ҳукумати Тоҷикистон фиристодааст. Мо дигар бо ҷониби Русия дар масъалаи таъмини нафақа ихтилофи ҷиддӣ надорем."

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ироаи маълумот дар бораи вақти имзои ин созишнома худдорӣ кард, вале гуфт, онҳое бо нафақа таъмин хоҳанд шуд, ки корашон дар Русия расмӣ аст ва бо суғуртаи иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд. Яъне, тибқи созишномаи нави таҳияшуда муҳоҷироне, ки расман кор мекунанд, ба давлати Русия бояд андози иҷтимоӣ пардохт кунанд. Дар он сурат ҳукумати Тоҷикистон дар давраи бознишастагӣ ин маблағҳоро аз Русия мегирад ва ба худи муҳоҷирон чун нафақа пардохт мекунад.

Дар гузашта ин ақидаҳо низ вуҷуд дошт, ки муҳоҷирони корӣ бояд ба фондҳои махсуси иҷтимоӣ як миқдор маблағ интиқол диҳанд, то дар давраи пиронсолӣ ин фондҳо маблағи ҷамъшудаи муҳоҷиронро чун нафақа ба онҳо баргардонад. Ин фондҳо метавонанд ё дар дар қаламрави Тоҷикистон ва ё дар қаламрави Русия ташкил шаванд. Чунин кор дар бисёре аз давлатҳои дунё барои шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Вале Нурулло Маҳмадуллозода мегӯяд, тибқи созишномаи нав ташкили чунин фондҳои махсус зарурат надорад, чун муҳоҷири расмӣ ба фондҳои иҷтимоии Русия андоз месупорад ва он заминаи дарёфти нафақа дар пиронсолиро фароҳам меорад. Бо назардошти маблағи ҷамъшуда ҳукумати Русия ба муҳоҷир нафақа таъин мекунад.

Таъмини муҳоҷирони кории тоҷик бо нафақа аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бештар аз 20 соли пеш оғоз ёфта буд ва акнун онҳое, ки ба синни нафақа расидаанд, аз ҳеҷ гуна ҳифзи иҷтимоӣ ё нафақа бархӯрдор нестанд. Ин масъала аз муддатҳо пеш дар долонҳои ҳукуматӣ баррасӣ мешавад ва ба порлумони кишвар низ роҳ ёфта буд.

Ҷониби Русия ҳамеша пофишорӣ мекард, ки агар ҳукумати Тоҷикистон иҷрои қарордоди реадмиссия ё пардохти маблағи интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик ба ватанашонро бар уҳда бигирад, дар иваз ҷониби Русия ба муҳоҷирони расмӣ нафақа таъин хоҳад кард. Баҳси ҷонибҳо роҷеъ ба ин масъала ба дарозо кашид ва барои ҳамоҳанг сохтани ин масъалаҳо ва таҳияи созишномаи таъмини ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон ё таъмини нафақаи онҳо музокироти гурӯҳи муштараки кории ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия ду сол давом кард. Дар созишнома пешбинӣ шудааст, ки нафақаро барои чунин муҳоҷирон фонди иҷтимоии Русия таъин хоҳад кард.

Вале "қавл дигару амал - дигар”. Байни Русияву Тоҷикистон созишномаҳое ҳастанд, ки иҷро намешаванд. Ё мавридҳое ҳам ҳаст, ки иҷрои онҳоро Русия бо қонунҳои нави худ хунсо мекунад. Масалан, 29 октябри соли 2013 ҳукумати Русия ва Тоҷикистон дар бораи танзими муҳоҷирати корӣ, яъне дарёфти иҷозаи корӣ барои 3 сол қарордод имзо карданд. Ин қарордод гӯё дар ивази тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон имзо шуда буд. Вале мӯҳлати эътибори ин моддаи қарордод як солу як моҳ давом кард. Сипас дар моҳи ноябри соли 2014 ин қарордодро Русия комилан сарфи назар намуд ва фурӯши патентро оғоз кард.

Аз сӯи дигар, бештари корфармоёни Русия бартарӣ медиҳанд, то муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни қарордод ба кор бигиранд ва ҳамин шартро ба муҳоҷир пешкаш мекунанд, то аз пардохти андози иҷтимоӣ ва ташвишҳои изофии марбут ба он фориғ бошанд. Чун муҳоҷир чораи дигар надорад, маҷбур мешавад, ин гуна шартро бипазирад. Чунин муҳоҷирон аз дарёфти нафақа дар пиронсолӣ маҳрум хоҳанд монд.

Сулаймон Шоҳзода, коршиноси умури муҳоҷират дар созмони ҷамъиятии “Муҳоҷират ва ҳуқуқ” дар Маскав, мегӯяд, баъзе муҳоҷирон ба фондҳои иҷтимоӣ бовар надоранд ва ҳатто дар фикри пардохти маблағе ба фондҳои нафақа нестанд. Онҳо шак доранд, ки дар пиронсолӣ фондҳои мазкур ба муҳоҷирони корӣ ин пулҳоро чун нафақа баргардонанд. Барои ҳамин, ҳамеша талош мекунанд, ки кори муносибе пайдо кунанд ва дастмузди беҳтаре бигиранд. Онҳо бартарӣ медиҳанд, ки дастмузди кории худро пурра бигиранд, худашон пасандоз кунанд ва чун пул дар ихтиёри худашон аст, онро боварибахштар аз ҳар гуна фонд медонанд.

Дар кишварҳои пасошӯравӣ то ҳол бовариву эътимод ба бонкҳову фондҳои иҷтимоӣ қаввӣ нест. Оқои Шоҳзода ба муфлисӣ дучор шудани яке аз бонкҳои дар гузашта муваффақ - “Тоҷиксодиротбонк” дар Тоҷикистонро намуна меорад ва мегӯяд, коргарони корхонаҳое, ки дар он ҳисоби бонкӣ доштанд, натавонистаанд дастмузди худро бигиранд ва чунин ҳолат на танҳо боварӣ ба бонкҳо, балки ба ҳар гуна фондҳоро низ кам мекунанд.

Ба қавли ин коршиноси тоҷики муқими Маскав, фондҳои нафақаи Русия низ ба мушкили молӣ гирифторанд ва боварӣ нест, ки то даҳ соли дигар фаъолияти муназзами онҳо таъмин шавад. Ин фондҳо то ҳол натавонистаанд нафақаи шаҳрвандони худро дар минтақаҳои гуногуни Русия пурра пардохт кунанд, чӣ расад ба муҳоҷире, ки дар пиронсолӣ ба ватанаш бармегардад ва умед ба фонди нафақа мебандад.

Бо назардошти чунин ҳолат Аҳмад Усмонов, муҳоҷири солманди тоҷики муқими Перм мегӯяд, вай умед ба фарзандони худ бастааст. Ба фикри вай, “нафақаи муҳоҷири тоҷик” фарзандаш аст, ки дар пиронсолӣ дасти падару модарро мегирад. Вай мегӯяд, дар давоми бештар аз 20 соли гузашта тоҷикон бо ҳамин умед кору зиндагӣ мекунанд ва ба он унс гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG