Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо доштани мансабро барои ҳалли корашон муҳим донистанд, аммо иддае дигар гуфтанд, касби муаллимӣ, кишоварзӣ ва ё тоҷирӣ барояшон кофист, агар касе "ғам" надиҳад.
Агар панҷ-шаш сол пеш мақомоти Тоҷикистон аз мӯътод шудани ҷавонон изҳори ташвиш мекарданд, ҳоло мегӯянд, нашъамандӣ майли пиршавӣ дорад ва синни бештари нашъамандон аз 40 болост.
Дар ҳоли ҳозир 276 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд ва 400 ҳазор нафари дигар шомили “гурӯҳи хатар” ҳастанд.
Зафар Нуралиев, табиби тоҷик, ки дар яке аз бемористонҳои Олмон кор мекунад, гуфт, аксаран нобоварии сокинон ва шароити номусоиди корӣ мутахассисонро ба хориҷа мебарад.
Ҳавопаймои низомӣ, дучархаи барқзо, роботи минаҷӯ аз ихтироъҳое буданд, ки дар ҳамоиши байналмилаллии олимон ва ихтироъкорони ҷавон диққати бисёриҳоро ба худ кашиданд.
Баъзе аз мактабҳои усули нав, аз ҷумла мактаб-гимназияи "Ҳотам ПВ", мактаби байналмилалӣ ва литсейи президентӣ, қисман аз китобҳои коғазӣ даст кашида, ба "планшет" рӯй овардаанд.
Гулрухсор Рофиева, табиби тоҷик ва сокини Панҷакент, ки се моҳ пеш, пас аз 105 рӯзи асорат дар Яман, ба зодгоҳаш баргашта буд, мегӯяд, мушкилоти зиндагӣ маҷбураш сохтааст, барои кӯмак ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кунад.
Олимони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино роҳи ташхиси хромосомаи филоделфӣ - ангезандаи саратони хунро кашф карданд, ки ба беморон имкон медиҳад, ба табобати ройгон даст ёбанд.
Дар шаҳри Душанбе дар остонаи таҷлили 70-умин солгарди пирӯзӣ ба Олмони нозӣ китоби наве бо номи “Аскарони Ғалаба” муаррифӣ гардид.
Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди густариши тундгароӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он.
Ҷорӣ кардани дарси “Таърихи ислом” дар мактабҳо ва таъсиси зиндони ҷудогонаи тундгароёни мазҳабӣ аз пешниҳодҳое буданд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон пас аз як пажӯҳиш ба миён гузошт.
Пажӯҳишгоҳии амрикоии "Synergos" ва бунёди Оқохон барои ташкили коргоҳҳои хурд дар минтақаҳо барои донишҷӯёни тоҷик кумак карданд.
Бонки миллии Тоҷикистон шаш тангаи хотиравии арзишашон 500 сомониро, ки аз нуқраи холис сохта шудаанд, пешниҳод кардааст.
Генерал-майор Абдулло Ҳабибов, ки 1-уми майи cоли 1940 таваллуд шуда, ба синни 75 расид, дар гуфтугӯ ба пурсишҳои Радиои Озодӣ роҷеъ ба роҳи тайкарда ва хотираву андешаҳои имрӯзааш посух дод.
Даҳҳо тан аз аҳли ҳунар ва синамои Тоҷикистон бо баргузории маросиме дар толори “Тоҷикфилм” бо ёдбуди Бахтиёр Худойназаров, арзи эҳтирому садоқати худро ба ин шахсият баён карданд.
Нозирони роҳ дар чаҳор дарвозаи Душанбе иҷоза намедиҳанд, то мусофирбарҳои ба гуфтаи онҳо “ғайришаҳрӣ” вориди пойтахт шаванд.
Аксари тоҷирон мегӯянд, баста шудани саррофиҳо ба онҳо таъсир накардааст, зеро саррофони худро доранд, ки сомониро бо нархи хуб ба доллар ва долларро ба сомонӣ табдил мекунанд.
Давандаҳои тоҷик натавонистанд дар ниммарафони имсола дар пойтахт ҷойи намоёнро бигиранд. Ҷоизаҳои аввалу дувумро аз ҳисоби занону мардон намояндагони Русия ва Узбакистон соҳибӣ карданд.
Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳи тоҷик имрӯз барои бори аввал дар мурофиаи парвандааш тариқи “Скайп”(интернет) ширкат кард. Мурофиа дар Душанбе гузашт ва Шаҳбол аз бемористоне дар Хуҷанд ба он пайваст.
Дар Тоҷикистон ҷоизае ба номи Муродуллоҳи Шерализода, нахустин сардабири нашрияи "Садои мардум" ва вакили Шӯрои олӣ таъсис ёфт, ки соли 1992 дар саҳни ҳавлии парлумон паронда шуда буд.
Ёфтҳои бештар