Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке генерал шуданист, дигаре... раиси Кумитаи ҷавонон (ВИДЕО)


Яке аз мусоҳибони мо дар хиёбонҳои Душанбе
Яке аз мусоҳибони мо дар хиёбонҳои Душанбе

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо доштани мансабро барои ҳалли корашон муҳим донистанд, аммо иддае дигар гуфтанд, касби муаллимӣ, кишоварзӣ ва ё тоҷирӣ барояшон кофист, агар касе "ғам" надиҳад.

Як пурсиши сарироҳӣ ва хеле кӯтоҳи наворбардори “Озодӣ” нишон дод, ки бархе аз сокинон мехоҳанд, дар ин шабу рӯз соҳиби ягон мақом ё вазифаи муҳим бошанд. Ҳарчанд бисёре аз онҳо далели чунин орзуҳояшонро шарҳ надоданд, вале баъзеяшон гуфтанд, ки “мансаб бошад, гап ҳам мегузарад”.

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт, ният дорад, баъд аз хатми Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рутбаи генералӣ бигирад. Дигаре ҳам орзу доштааст, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бишавад.

Аммо бархе аз роҳгузарон гуфтанд, ба онҳо вазифаи бузург зарур нест ва онҳо омодаанд рӯзи худро бо касби омӯзгорӣ, кишовразӣ ва ё тоҷирӣ паси сар кунанд. Назарҳои дигарро дар навори зер бинед фикру андешаҳои худро ҳам ба мо фиристед.

Чӣ мансаб доштан мехоҳед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

XS
SM
MD
LG