Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Тағойзода: 400 000 муҳоҷири тоҷик дар "гурӯҳи хатар"-анд (ВИДЕО)


Сумангул Тағойзода
Сумангул Тағойзода

Дар ҳоли ҳозир 276 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд ва 400 ҳазор нафари дигар шомили “гурӯҳи хатар” ҳастанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир 276 ҳазор аз шаҳрвандони кишвар ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надоранд.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 26 май дар нишасти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро президент Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад, бо такя бо маъмулоти ахири Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 276 ҳазор шаҳрвандони кишвар ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд.

Ба гуфтаи хонум Тағойзода, тибиқи муқаррароти Русия, ҳар муҳоҷире, ки ду дафъи қонунвайронии маъмурӣ содир мекунад, ба муддати аз 3 то 5 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешавад. Ба гуфтаи вай, агар қонунвайронкунӣ ҷиддитар бошад, хатари то 10 сол аз ворид шудан ба қаламрави Русия, онҳоро таҳдид мекунад.

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки тибқи иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, бар замми мамнуъулвурудҳо, боз 400 ҳазор тан аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия, шомили “гурӯҳи риск” ҳастанд. Яъне, ин муҳоҷирон аллакай як дафъа қонунро вайрон кардаанд ва дар сурати бори дувум вайрони кардани қонун, хатари ба Тоҷикистон ихроҷ кардани онҳо вуҷуд дорад.

Хонум Тағойзода афзуд, ки вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи шуғли аҳолӣ талош дорад, ки ҳар чи бештар дар дохили кишвар ҷойҳои нави корӣ созмон диҳад. Ба гуфтаи вай, аз аввали соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 46 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Баррасии муҳоҷират дар Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Русия аз солҳо ба ин тараф мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик мебошад. То оғози бӯҳрони Украина ва вазъи таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, муҳоҷирати тоҷикҳо ба он кишвар ба таври дастаҷамъона сурат мегирифт. Аммо дар мавсими баҳории соли ҷорӣ, муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бештар аз 20 дарсад коҳиш ёфт. Ин дар ҳолест, ки соли 2014 низ шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия 300 ҳазор нафар кам шуда буд ва то ҳол раванди кам шудани шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия идома дорад.

Бино ба маълумоти тақрибии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав, дар давоми камтар аз се моҳи соли ҷорӣ ба Русия бештар аз 117 ҳазору 863 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ворид шудаанд. Вале дар ҳамин давраи соли 2014 ин рақам 155 ҳазору 733 нафарро ташкил додааст, ки тақрибан 38 ҳазор нафар камтар мебошад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон коҳиши шумораи муҳоҷирони кории тоҷик ва умуман муҳоҷирони хориҷӣ ба Русия дар ду соли ахирро ба чанд омил, аз ҷумла ба беш аз 40 тағйироту илова ба қонунгузории федеролии Русия дар соҳаи муҳоҷират рабт медиҳад. Дигар ин, ки боло рафтани андоз аз даромади шахсони воқеӣ, сабаби дигар бӯҳрони молӣ ва сабаби дигари асосӣ поин рафтани арзиши рубл дар баробари доллар шуд, ки ин боиси дилсардии шумори зиёде аз муҳоҷирон гашт ва онҳо ба Тоҷикистон баргаштанд.

XS
SM
MD
LG