Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Х.Холиқназар: “Эмиссарҳо бо 100 доллар ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд”


Худойбердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази таҳқиқиоти стратегӣ, вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон
Худойбердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази таҳқиқиоти стратегӣ, вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон

Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди густариши тундгароӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он.

Маркази таҳқиқоти стратегӣ, вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон пажӯҳишеро дар мавриди густариши тундгароӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин падидаи номатлубро анҷом додааст. Ин пажӯҳиш дар ҳамкорӣ бо бархе ниҳодҳои давлатӣ ва бо мусоидати молии Созмони Амният ва Ҳамкори Аврупо анҷом шудааст.

Ҳадафи ин пажӯҳиш, ки миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар 14 ноҳияи Тоҷикистон зиёда аз ним сол идома кардааст, омӯзиши сабабҳои тундгаро шудани ҷавонони тоҷик ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҷалб онҳо ба гурӯҳҳои ситезаҷӯ унвон мешавад. Ба ин тартиб натиҷаҳои муқаддамотии пажӯҳиш мушаххас кардааст, ки нерӯҳои муайян бо сӯистифода аз ноогоҳии динӣ, фақру бекорӣ ва фасод дар ҷомеа, ҷавонони тоҷикро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мекунанд.

Пажӯҳиш дар ҳоле, анҷом шудааст, ки ҳамарӯза аз кушта шудани ҷавонони тоҷик дар Сурия ва Ироқ хабар мерасад. То кунун бар асоси омори расмӣ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ беш аз 300 ҷавони тоҷик ва бархе аз онҳо бо хонаводаҳояшон ширкат дошта, беш аз 60 тани онҳо кушта шудаанд.

Сӯҳбати ихтисосии Радиои Озодӣ бо Худойбердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази таҳқиқиоти стратегӣ, вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистонро дар робита ба пажӯҳиши анҷомшуда ва натиҷаҳои он, хатароти гурӯҳҳои ифротӣ, ба хусус “Давлати Исломӣ” ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгароро дар инҷо бубинед:

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Худойбердӣ Холиқназар оид ба тундгароӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:38 0:00

XS
SM
MD
LG