Варзишгарони тоҷик дар ниммарафони байналмилалии имсола, ки 18 апрел бахшида ба рӯзи пойтахт дар Тоҷикистон баргузор шуд, ҷойи намоёнро соҳибӣ накарда, аз дарёфти ҷоизаи Маҳмадсаид Убайдуллоев низ бенасиб монданд. Мақомҳои аввал ва дувум миёни занону мардонро дар ин ниммарафон варзишгарон аз Русия ва Узбакистон ба даст оварда, ҷои севум аз ҳисоби мардон насиби варзишгар аз Кения шуд.
Аббосиддин Саймиддинов, сардори Идораи кор бо ҷавон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмуъ барои мардону занон шашҷойӣ муқаррар шуда буд, ки ҷоизаашон ба 28 ҳазору 600, муодили 180 ҳазору 180 сомонӣ баробар будааст.
Ӯ афзуд, "Чечун Юрий аз Самара ва Чиженко Юлия аз Санкт-Петербург барои ҷойҳои аввал 3500, Петров Андрей ва Марина Химелевская аз Тошканд барои ҷойҳои дувум 3000, Вайтака Самуэл аз Кения ва Ҷаннатбек Гулҷаннат аз шаҳри Алмаато барои ҷойҳои сеюм 2500, Степан Киселев аз Қазон ва Фатеева Катя аз Челябинск барои ҷойҳои чорум 2000, Муго Энтони аз Кения ва Ираида Александрова Қазон барои ҷойҳои панҷум 1800 ва Пяткин Иля аз Бишкек ва Зайнаб Мансурӣ аз шаҳри Шерози Эрон барои ҷойҳои шашум 1500-долларӣ гирифтанд."
Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирад, барои бори шашум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд ва дар ин ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик аз манотиқи мухталифи кишвар, давандаҳои касбӣ аз хориҷ, аз ҷумла Русия, Узбакистон, Испания ва Кения низ иштирок доштанд. Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки аз соли 2010 баргузор мешавад, аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.
Ёдовар мешавем, ниммарафони байналмилалӣ соли 2014 бо пирӯзии варзишгарони Украина ва Узбакистон анҷом ёфта буд.