Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигӣ аз манъи мусофирбарҳои "ғайришаҳрӣ"


Норозигӣ аз манъи мусофирбарҳои "ғайришаҳрӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Нозирони роҳ дар чаҳор дарвозаи Душанбе иҷоза намедиҳанд, то мусофирбарҳои ба гуфтаи онҳо “ғайришаҳрӣ” вориди пойтахт шаванд. Онҳо мегӯянд, ин қарори шаҳрдорист, ки рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ содир ва барои тамба нашудани мошинҳо дар роҳҳои пойтахт гирифта шудааст. Хабарнигори Озодӣ аз ду дарвози Душанбе, ки яке ба Варзоб мебараду дигаре ба Ваҳдат, боздид кард ва назари ронандагонро дар ин бора пурсид. Бисёре аз ронадагон аз ин қарори шаҳрдорӣ норизоӣ карда ва гуфтанд, аксари сокинони навоҳии тобеи марказ ва минтақаҳои Хатлон тавассути мусофирбарҳо бо нархи арзонтар то Душанбе мерасиданд. Ҳоло, ба гуфтаи онҳо, ин монеагузорӣ кори ронандагонро беравнақ карда, харҷи сокинонро афзудааст.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG