Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳи Сарраёсати марзбонии КДАМ рӯзи чоршанбеи 15 апрел аз тариқи “Скайп” бо мурофиаи додгоҳӣ дар додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе пайваст.
Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Шаҳбол, қабл аз мурофиа ба Радиои Озод гуфт, ин иқдом ба хотири рафъи шубҳаи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мавриди беҳбуди саломатии Шаҳбол ва идомаи табобати вай амалӣ хоҳад шуд. “Мо гуфтем, ки Шаҳбол сиҳат шуда истодааст ва бояд табобати вай давом ёбад. Аммо онҳо шубҳа доранд. Имрӯз бигузор онҳо ба воситаи “Скайп” бо Шаҳбол сӯҳбат кунанд ва аҳволи вайро бо чашмони худ бубинанд. ” - афзуд Дилшод Ҷӯраев.
Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар ин мурофиа ширкат дошт, мегӯяд, бо он ки Шаҳбол дар бистари беморӣ ва хастаҳол буд, аммо ба суолҳои матраҳшуда ба ӯ аз толори мурофиа, посух дод. Шаҳбол зарари моддӣ ва маънавии ворида ба худро таъйид кард ва аз додгоҳ хост, то маблағи он пардохта шавад. Зеро он гуна, ки падари Шаҳбол ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш ҳанӯз ҳам ба табобат ниёз дорад.
Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, ки аз Хуҷанд ба Душанбе ҷиҳати ширкат дар мурофиаи додгоҳӣ омада буд, гуфт, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба он хотир сиҳат шудани Шаҳболро зери шубҳа бурдаанд, ки идомаи табобати вайро нозарур хонанд. Ба гуфтаи вай, ҷиҳати рафъи ин шубҳа қарор шуд, Шаҳбол тавассути “Скайп” барои бори аввал дар мурофиаи парвандааш ба хотири рӯёнидани зарарҳои моддиву маънавӣ дар додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе, иштирок кунад. Ҳоло Шаҳбол Мирзоев дар беморхонаи дармонпизишкии Хуҷанд (физлечебнитса) таҳти табобат қарор дорад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи, 24 декабр нахустин мурофиаи додгоҳии хонаводаи Шаҳбол Мирзоев бо Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бинои Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе бо даъвои пардохти 97 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ баргузор шуда буд.
Зоиршоҳ Назиров, ҳуқуқдони Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар нахустин мурофиа гуфта буд, ки пардохти зарари моддӣ ба сарбози маҷрӯҳшуда Шаҳбол Мирзоевро қисман ба дӯш мегиранд, аммо ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯҳдаи онҳо нест. Ӯ дар ин робита гуфта буд, ки дар сурате дигар кормандон Шаҳболро маҷрӯҳ кардаанд, чаро сарраёсат онро ҷуброн намояд. Аммо Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо бар ин аст, ки маҳз бояд ҷубронро Сарраёсат пардохт кунанд, чун фарзанди зерҳимояи ӯ, аз сӯи хидматчии ин ниҳод латукӯб гардидааст.
Оқои Назиров ҳамзамон гуфт, ки Сарраёсати марзбонӣ дар ҳаҷми 7252 сомонӣ, ба иловаи 5 литр хун ба Шаҳбол кӯмак кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймуъмин Ятимов 3000 сомонӣ ва сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ҳаҷми 2230 сомонӣ ба Шаҳбол кӯмаки якдафъина расонидаанд.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона барои адоихидмати ҳарбӣ рафта буд. Вай шоми 8 марти соли 2014 аз ҷониби як ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
19 июни соли гузаштаи 2014 Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор донист ва нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ, Гулрухсор Ширинова - навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 -ро низ гунаҳкор донист ва рӯёнидани даҳ дарсади маоши яксолаашро ба фоидаи давлат таъин кард.