Як донишҷӯи тоҷик мехоҳад, бо таъсиси китобхонаи хиёбонӣ таваҷҷӯҳи ҳамсолонашро ба мутолиаи китоб ҷалб кунад. Муҳаммадҷони Абдувоҳид -- донишҷӯи бахши суханшиносии донишгоҳи Кӯлоб аст ва боғеро дар ин шаҳр ҳамчун макони таъсиси ин китобхона интихоб кардааст. Ӯ бовар дорад, ки ташкили китобхона дар фазои боз шавқи мутолиаи ҷавононро бештар мекунад.
Муҳаммадҷон мегӯяд, ҷавонон дар Кулоб дар Интернет, ғолибан дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд шуда, аз хондани китобҳои муҳим, аз ҷумла адабиёти ҷаҳонӣ дур мондаанд. "Мо ҳудуди 100 ҳазор нусхаи электронии китобҳоро дорем. Бо истифода аз китохонаи электронии хиёбонӣ ҷавонон метавонанд ба фарқ аз интернет-кафеҳо бо маблағи арзон аз адабиёти барои худашон муҳим истифода баранд. Дар китобхонаи мо барои 3 нафар ҷойи кор ташкил мешавад,"- гуфт ӯ.
Барои таъсиси ин китобхона дар боғе дар назди Донишгоҳи омӯзгорӣ барои Муҳаммадҷон иҷозаи масъулини шаҳр ва 6 ҳазору 100 сомонӣ лозим буд. Иҷоза алакай дорад ва бо пирӯзӣ дар озмуни "Соҳибкории иҷтимоӣ" ӯ тавонист маблағи заруриро ҳам барои ташкили китобхонааш ба даст орад.
Лоиҳаи рушди "Соҳибкории иҷтимоӣ", ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳии амрикоии "Synergos" ва бунёди Оқохон амалӣ мешавад, бо пешниҳоди қарзи бебозгашт ба 9 ҷавони тоҷик имкон фароҳам овард, то дар донишгоҳ ё зодгоҳи худ коргоҳҳои хурд ташкил кунанд ва бо ин роҳ дар ҳалли мушкилоти маҳаллу минтақаи худ саҳм гиранд.
Дастандаркорони ин иқдом мегӯянд, ки ҳадаф кам кардани сатҳи муҳоҷират ва аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил кардани ҷавонон аст. Мирзо Каримов, ҳамоҳангсози ин лоиҳа, ки барои табрики соҳибкорони навкори тоҷик аз Қирғизистон ба Душанбе омадааст, гуфт, "ҳоло аксарият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пешбурди зиндагӣ роҳи муҳоҷиратро
пеш мегиранд ва онҳое, ки дар дохил мемонанд, мехоҳанд ба пойтахт кӯч банданд. Ин ҳол як нобаробарии иҷтимоиро ба миён овардааст. Мақсади мо ташкили ҷойҳои корӣ дар ҳама минтақаҳост."
Ташаббускорони ин озмун мегӯянд, соҳибкорони ҷавон алакай барои оғози кор ва таъсиси коргоҳҳои шахсии худ омодаанд. Онҳо тайи 4 моҳ бо тоҷирону муттахассисон кор карда, дарсҳои махсуси соҳибкорӣ гирифтаанд. Нодира Раҳмонбердиева, яке аз ташкилкунандаҳои ин озмун дар Тоҷикистон гуфт, "барои мо муҳим ин буд, ки ҷавонон дарк кунанд, агар имкон ва хоҳиш дошта бошанд метавонанд мушкилоти иҷтимоиро ҳал намоянд. Ба озмуни мо аз аввал 85 нафар муроҷиат кард ва танҳо лоиҳаи 9 нафар тавонист, ки пирӯз ва мавриди истифода қарор гирад."
Барои амалӣ кардани идеяҳои ҷавонон ва таъсиси коргоҳҳо, лоиҳаи "Соҳибкори иҷтимоӣ" аз 500 то 1200 долларро дар бар мегирад. Маблағи аз ҳама зиёдро ҷавоне соҳиб шуд, ки нияти таъсиси корхонаи парвариши
чӯҷа дар Қайроққумро дорад. Ӯ мехоҳад, ки тавассути яхдонҳои кӯҳнаву фарсуда дастгоҳҳои чӯҷабарорӣ сохта, ин бахши соҳибкориро рушд диҳад.
Тарҳи пешниҳодкардаи донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикуистону Русия, ки мехоҳанд дар назди ин донишгоҳ истгоҳи дучархаро таъсис диҳанд, барои бисёриҳо ҷолиб буд. Григорий Магашенко, донишҷӯи ин донишгоҳ мегӯяд, онҳо дар пайи як пурсиш муайян кардаанд, ки 80 дарсади донишҷӯёнашон розӣ ҳастанд бо дучарха ба дарс оянд.
"Дар Тоҷикистон, то ҷое медонем, аслан ягон чунин истгоҳ барои дучархаҳо нест. Ин ҳам дар ҳоле ки теъдоди мошинҳо дар кишвар хеле зиёданд ва аз ҳамин сабаб донишҷӯён аксаран наметавонанд саривақт ба дарс бирасанд. Мо мехоҳем дучархаро миёни донишҷӯён тарғиб кунем ва истгоҳ ташкил кунем. Барои ташкили ин истгоҳ 900 доллар харҷ мешавад,"-- гуфт Григорий Магашенко.
Ҳамин тавр, Наргис Алиева -- донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳам акнун имкон ёфт, дар мактаби деҳаи худ як нуқтаи тиббӣ ташкил кунад ва дигар кӯдакону наврасон, ки ба қавли ин табиби оянда бештар дар ин минтақа ба бемориҳои узвҳои нафас ва пӯст гирифтор мешаванд, таҳти назорати табибон бошанд. Наргис мегӯяд, "фикр мекунам, бо ташкили нуқтаи тиббӣ метавон ба мардуми бисёр кумак кард. Ҳоло дар мактаб бемориҳои сироятӣ ҳам зиёд аст ва на ҳама омӯзгорону волидайн медонанд, ки чӣ тавр бояд аз бемориҳо ҷилавгирӣ кард."
Наргис, Муҳаммадҷон ва дигар соҳибкорони ҷавон, ки барои ҳалли мушкили деҳу зодгоҳ ва донишгоҳи худ дасту остин бар задаанд, 2 моҳ фурсат дода шудааст, то аз нахустин натиҷаҳои ба дастовардаи коргоҳи худ ба ташаббускорони лоиҳаи "Соҳибкории иҷтимоӣ" хабар диҳанд.