Дар Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июн дар Хоруғ баргузор мешавад, гурӯҳи бонувони маълул куртаҳои занона ва мардона, ҷӯроб ва тоқиҳои помирии дӯхтаашонро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Дар Бадахшон 35 нафар иштирокчиёни муҳорибҳои Ҷанги бузурги ватанӣ дар қайди ҳаёт боқӣ мондаанд. Бино ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят, аз ин шумор танҳо 7 нафарашон қобилияти роҳ рафтану ширкат варзидан дар намоиши идонаро доранд.
Гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чин, воқеъ дар маҳалли Қулмаи Мурғоб, барои убуру мурури шаҳрвандон боз шуд. Аввалин автобуси ҳомили шаҳрвандони Чин аз он убур кард.
Дар баробари манзараҳои зебо ва кӯҳҳои осмонбӯс сайёҳони хориҷиро ба Бадахшон ҳамчунин помирисур ва ё тӯйи суннатии арӯсу домодӣ ҷалб мекунад.
Дар маҳалли Сипонҷи ноҳияи Рушон 50 нафар бо шамшерҳои чубин ба машқ пардохтанд. Онҳо на варзишгарон, балки санъаткоронанд, ки ба ҷашни Рӯзи ваҳдат омодагӣ мебинанд.
Пас аз ду ҳафтаи бар асари сел ва тахриби пул дар бунбаст қарор гирифтани вилояти Бадахшон, ҳаракати васоити нақлиёт дар масири Душанбе-Хоруғ дубора аз сар гирифта шудааст.
Бунёди Оғохон бо кӯмаки молии Иттиҳоди Аврупо ва созмони «HOPE-87» барномаеро барои устуворсозии манзилҳои истиқоматӣ ва беҳсозии шароити зисти мардуми Бадахшон рӯи даст гирифтааст.
Басташавии роҳи Душанбе-Хоруғ бар асари боришоти зиёд ва обхезӣ дар минтақаи Шӯрообод вилояти Бадахшонро дар бунбасти нақлиётӣ қарор дода, боиси болоравии нарху наво дар ин минтақа шудааст.
Боғи набототи Бадахшон тасмим гирифтааст, то ҷашни Рӯзи Ваҳдат барои гулгашту хиёбонҳои шаҳри Хоруғ 800 ҳазор гул парвариш кунанд.
Бабри сафед, ки муваққатан дар Боғи набототи Помир нигаҳдорӣ мешуд, ногаҳон мурд. Ин бабри навзодро моҳи майи соли гузашта аз дасти як чӯпони маҳаллӣ гирифта буданд.
Бо дастури маркази беҳдошт ва вогиршиносии Бадахшон, фаъолияти корхонаи коркарди рустаниҳои дорувории «Помир» бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани ҳолати санитарӣ муваққатан баста шуд.
Тайи рӯзҳои ахир убуру мурури васоити нақлиёти байни Тоҷикистону Қирғизистон тавассути гузаргоҳҳои марзии Қарамиқи Ҷирғатол ва Қизил-арти Мурғоб қатъ гардидааст.
Атфоле, ки дар Бадахшон ба иллати хирагии чашм ва олусӣ гирифтор ҳастанд, дар шифохонаи вилоятӣ имконияти табобатро пайдо намуданд.
Кӯдакону наврасони Хоруғ мегӯянд, дар китобхонаҳои бачагона на ҳамеша китобҳои нав ва заруриро пайдо мекунанд.
Кормандони раёсати оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Бадахшон таи як амалиёт дар деҳаии Ёмҷи ноҳияи Шуғнон як шаҳрванди Афғонистонро бо 15 кило гашиш ва як килограм ҳероин дастгир кардаанд.
Масъулини ширкатҳои шикории ноҳияи Мурғоб аз танг шудани шароити зисти барраи нодири Марко Поло бар асари афзоиши ҳайвоноти хонагӣ, изҳори нигаронӣ мекунанд.
Субҳи имрӯз, 20-уми март, сокинони Хоруғро садои даф дар майдони марказии шаҳр дар рӯбарӯи донишгоҳ барои таҷлили Наврӯз ҷамъ овард.
Шаби бурвеҷ яке аз суннатҳои қадимаи наврӯзист, ки мардуми маҳаллаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз то ба ҳол ҷашн мегиранд.
Дар бархе аз манотиқи Бадахшон тибқи одати бостонӣ расм аст, ки мардум бо анҷоми хонатакконӣ бо шохаҳои дарахти борвар ва ё арчаи сафеди наврӯзӣ қадам ба остонаи хона мегузоранд.
Дар нишасти нахустини маҷлиси вилояти Бадахшон масъалаҳои омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати Миллӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳамсозии шароит барои сармоягузорӣ аз вазифаҳои муҳимтарини мақомот дар соли 2010 муаррифӣ шуданд.
Ёфтҳои бештар