Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маълулони ҳунарманди Бадахшон


Дар Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июн дар Хоруғ баргузор мешавад, гурӯҳи бонувони маълул куртаҳои занона ва мардона, ҷӯроб ва тоқиҳои помирии дӯхтаашонро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Дилрабо ва Манзура ду тан аз ин гурӯҳи 10 нафараи бонувони маълул ҳастанд, ки бо кӯмаки як ташкилоти ҷамъиятӣ бо номи «Нури хоҳарон» ҳунари дӯзандаги ашонро сайқал дода, соҳиби ҷойи кор шуданд ва дар намоишу фурӯш ширкат меварзанд.

Дилрабо Иқболшоева, яке аз ин маълулон аз хурдӣ ношунаво буда, лакнати забонӣ дорад. Аммо зебоӣ ва ҳунари ин духтарак ҷавонони зиёди кӯчаашонро шефта гардонда, ахиран Дилрабо бо Фируз ном ҷавон издивоҷ кардааст.

Фирӯз мегӯяд, ки онҳо соҳиби ду фарзанди хурдсол ҳастанд ва либосҳоеро,ки фарзандонашон ба тан кардаанд, маҳсули дастони завҷааш мебошанд.

Ӯ гуфт, ки аммо то ба ҳол завҷааш хонашин буду фақат барои хонаводаи худашон ва ҳамсояҳо медӯхт, аммо ахиран бо кӯмаки як ташкилоти мададрасон омӯзиш дида, соҳиби ҷойи кор шудааст.

"Дар як моҳ 20 курта бо 30 сомонӣ"

Дилрабо мегӯяд, ӯ нозукиҳои дӯхтани куртаҳои шинам ва зебои миллиро аз худ кардааст ва дар як моҳ хоҳиши то 20 нафар мизоҷро, ки мехоҳанд чунин куртаҳои зебои ба тарзи замонавӣ духтаро ба бар кунанд, қонеъ мегардонад.

Ба гуфтаи Дилрабо, барои дӯхтани ҳар як курта мизоҷон то 30 сомонӣ барояш медиҳанд.

Манзура Туфалонова, як маълули дигар , ки бо ду тифл ва шавҳари маълулаш дар манзили хешовандони ҳамсараш зиндагӣ мекунад, бо кӯмаки «Нури хоҳарон» шуғли доимӣ пайдо кардааст.

Волидайни шавҳари маълулаш бе розигии фарзандашон ҷиҳати қарздор шудан дар назди бонк хонаро фурухта, ба минтақаи дигар кӯч бастанд ва хонаводи маълул муваққат дар манзили хешовандон сар паноҳ ёфтааст.

Орзуи Манзура ва шавҳараш, ки яке сари чамбараки автомашинаи сабуррав ва дигаре сари мошинаи дарздузӣ кор мекунанд, ин аст, ки ҳадди ҳақал дар ягон гӯшаи шаҳр сарпаноҳеро барояшон бисозанд, то духтарчаҳои маълули хурдсолашон аз тақдири талхи сарсониву саргардониҳо эмин бошанд.

"Помириҳо дӯзандаҳои маълулро тарҷеҳ медиҳанд"

Садбарг Азизшоева, сокини шаҳри Хоруғ мегӯяд, ки вақтҳои охир ҳаваси пӯшидани либоси миллиро кардааст, аммо агарчанде дар шаҳр дӯзандагони хуб зиёданд, аммо онҳо дӯхтаи бонувони маълулро хуш доранд.

Зеро ҳам аз сифати корашон қаноатманд ҳастанд ва мехоҳанд бо фармоишҳои хеш дар беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии ин бонувони ҳунарманд, саҳм гузоранд.

Ба гуфтаи сардори ташкилоти ҷамъиятии «Нури хоҳарон» Сулҳия Ғуломова ба манзури коҳиши бекорӣ дар байни ҷавонони маълул, онҳо дар ҳамкорӣ бо маркази кӯдакони маълули «Нур» ва мақомот ба касбомузӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кори барояшон иқдом карданд.

Ӯ гуфт, ки ба ин манзур 30 нафар кӯдакони маълул дар марказ касбомузи карданд.

Бино бар иттилоъ дар Бадахшон наздик ба якуним ҳазор ҷавони маълул ҳаст, ки аксари куллашон ҷойи кор надоранд.
XS
SM
MD
LG