Пайвандҳои дастрасӣ

Боз шудани гузаргоҳ ба сӯи Чин


Роҳи Душанбе-Қулма
Роҳи Душанбе-Қулма

Гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чин, воқеъ дар маҳалли Қулмаи Мурғоб, барои убуру мурури шаҳрвандон боз шуд. Аввалин автобуси ҳомили шаҳрвандони Чин аз он убур кард.

Ба иттилоъи муовини сардори раёсати гумруки Бадахшон Ёрмамад Фақиров, гузаргоҳ чанд рӯз боз пас аз баргузории мулоқоти як ҳайати тоҷикистонӣ ва чиноӣ дар Қулма фаъолият мекунад, аммо то ба ҳол фақат як автобус бо 24 нафар шаҳрванди чиноӣ аз он убур кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, автобус то маркази ноҳияи Мурғоб омадааст ва аз ин ҷо шаҳрвандони чиноӣ ба сӯи маркази ҷумҳурӣ рафтанд. Муовини сардори гумрук бехабарии соҳибкорон аз барвақт боз шудани гузаргоҳи марзиро сабаби ҳаракати ками нақлиёт дар ин масир дониста, мегӯяд, интизор меравад пас аз рӯзҳои иди Зафар убуру мурур дар гузаргоҳ аз ҳар ду тараф фаъол шавад.

Аммо, ба гуфтаи соҳибкорони ватанӣ, мушкилоти ағбаи Кӯҳи Тезак, ки бар асари боришот хавфи ҳар лаҳза басташавиаш ҳанӯзам мавҷуд мебошад, монеъи фаъолшавии ҳаракати нақлиётии байни ду кишвар шудааст. Ба гуфтаи Фавзия Мародмамадова, як соҳибкори Хоруғ, бинобар мушкили роҳ алҳол автомашинаҳо аз шаҳри Уши Қирғизистон ба Хоруғ дар як ҳафта мерасанд ва соҳибкорон барои чанд рӯзи дигар беҳтаршавии вазъи роҳро интизор ҳастанд ва азми сафар хоҳанд кард.

Ба иттилоъи ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон, пули зарардида аз сел ва барқароршудаи Оби ниёви Шӯробод аз зарби мошинҳои пурбор дубора шикаста, ҳаракати васоити нақлиётӣ байни Душанбе-Хоруғ танҳо тавассути ағбаи Хубуруботи маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сурат мегирад. Аммо, бинобар дар ҳолати садамавӣ қарор доштани пули Дашти Шер аз болои он гузаштани автомашинаҳои вазни умумиашон зиёда аз 20 тонна мамнӯъ эълон шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз нигоҳи коршиносон, бар асрари таҳримҳои тронзитии Узбакистон роҳи ҳамлунақлии байни Тоҷикистону Чин дар мавриди воридоти молу мавод ба кишвар аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Аз ҷумла, интизор меравад, ки агрегати чаҳоруми НОБ-и «Помир-1», ки дар Ҳиндустон тайёр гардидааст, аз тариқи Қулма ба кишвар ворид шавад.

Гузаргоҳи марзии Қулма ҳамасола аз моҳи май то охири ноябр фаъолият мекунад. Ба иттилоъи раёсати гумруки вилоят, тайи соли гузашта аз ин гузаргоҳ дар ҳаҷми 51 ҳазор тонна ва ё ба маблағи зиёда аз 31 миллион долллари амрикоӣ молу коло ба Тоҷикистон ворид гардидааст.
XS
SM
MD
LG