Шумораи ҳарчи бештари беморон дар Хоруғ ба хизматрасонии пизишкони нахустин маркази хусусии тиббии «Солим» рӯ меоранд, ки бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардидааст.
Тоҷикистон саҳми чандоне дар гармоиши курраи Замин надорад, вале дар радифи он кишварҳоест, ки бештар аз дигарон аз тағйири иқлим ранҷ мекашад.
Ишқу муҳаббати самимӣ ва беолоиш болотар аз ҳама гуна марз ва фосилаи таърихӣ аст. Чунин аст, мӯҳтавои филми коргардони қирғиз бо номи «Қуллаҳои сафед», ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хорӯғ намоиш дода шуд.
Бар асари боришоти зиёди барф ва тармарезӣ дар Бадахшон боз се каси дигар қурбон шудааст.
Номзадҳо ба вакилӣ аз ҲСДТ дар ҳавзаи Хоруғ ва ҲНИТ дар ҳавзаи Ванҷ мегӯянд, интихобот дар ҳар ду ҳавза ғайришаффоф баргузор шуд.
Дар маъракаи таблиғотӣ дар Бадахшон манзилҳои истиқоматӣ ҷойи клубу хонаҳои фарҳангиро иваз кардаанд. Ба гуфтаи номзадҳо, ба сабаби валангории бисёре аз клубҳо, набуди хонаҳои фарҳангӣ ва сардии ҳаво онҳо маҷбуранд, ки аксари мулоқот бо интихобкунандагонро дар манзилҳои истиқоматӣ баргузор кунанд.
Дар ин авохир дар Бадахшон бар асари боришоти барфи шадид ва сармо се нафар ҷони худро аз даст додаанд. Қаблан, як ронанда зери барф монда, як посбон ях карда буд.
Рӯзи 18-уми феврал ҳудуди 150 нафар тоҷири бозори марказии Хоруғ дар назди бинои шаҳрдорӣ эътироз карданд.
Нахустин шумораи маҷаллаи адабӣ-фарҳангӣ дар Хоруғ бо номи «Пойи меҳр» интишор шуд.
Дар баҳси интихоботии аҳзоби сиёсӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, ду номзад ба вакилӣ дар ҳавзаи 41-и Хоруғ Мирганд Шаҳбозов аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Алим Шерзамонов аз Ҳизби сотсиал-демократ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор доштанд.
Раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим гуфт, барои бунёди шаҳраки нав дар маҳалли Сурхсанов, воқеъ дар наздикии маркази ноҳия, 30 гектар замин ҷудо гардидааст.
Аҳзоби бахши вилоятии назҳати исломӣ ва сотсиал–демократи Тоҷикистон дар як як нишасти хабарӣ дар Хоруғ изҳори нигаронӣ карданд, ки маъракаи таблиғотии номзадҳо бар асари тармарезӣ ва банд шудани роҳҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ шудааст.
Ба асари боришоти зиёди барф ва тармарезӣ тайи рӯзҳои ахир дар Бадахшон як нафар ба ҳалокат расидаааст ва ҳаракати нақлиёт дар бархе аз роҳҳо муваққатан қатъ шудааст.
Наздик ба сад тоҷири бозори марказии Хоруғ тайи як нома ба мақомоти шаҳрдорӣ арз карданд, ки дар сурати иҷборан кӯч доданашон ба бозори нав онҳо гуруснанишинӣ хоҳанд кард.
Аз 61 ҳавзаи интихоботи вакилон ба маҷлиси вилоятӣ дар Бадахшон дар 17- тоашон соҳибкорон барои дарёфти мақоми вакилӣ талош меварзанд. Дар ҳавзаҳои шаҳрӣ низ чор нафар соҳибкори шинохта номзад ба вакилӣ гардиданд.
Коршиносон аз халои иттилоотӣ дар робита бо интихобот дар радио ва телевизиони Бадахшон изҳори нигаронӣ мекунанд.
Субҳи рӯзи 28-уми январ дар назди бинои мақомоти шаҳрдории Хоруғ наздик ба 70 тоҷири бозори нави ин шаҳр аз ҳарҷу марҷи муфлискунанда дар кори бозорҳо эътироз карданд.
Дар Бадахшон номҳои Жасмин, Сабрина, Зулола, Рубина, Анҷела, Индира, Аделина, Ҳайрона мавқеъи Давлатсултон ва Қурбонбегимро танг кардаанд.
Соҳибкорони бозори Хоруғ мегӯянд, аз талоши шаҳрдорӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои тахриби растаҳои савдояшон ҷилавгирӣ кардаанд.
Дар Донишгоҳи шаҳри Хоруғ маросими хариди дастҷамъии саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун баргузор шуд.
Ёфтҳои бештар