Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон аз бунбаст раҳо шуд


Пас аз ду ҳафтаи бар асари сел ва тахриби пул дар бунбаст қарор гирифтани вилояти Бадахшон, ҳаракати васоити нақлиёт дар масири Душанбе-Хоруғ дубора аз сар гирифта шудааст.

Ба иттилои сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Дӯстӣ Худоёров роҳсозон пулро оҷилан барғқарор намудаанд ва мусофирону васоити нақлиёте, ки то ин дам дар маҳалли ҳодиса банд монданд, аз бунбаст раҳоӣ ёфтанд.

Вай гуфт, ки аммо ба хотири ҷилавгирӣ аз тахриби пули болои рӯдхонаи Оби ниёв ҳаракати комюнҳои борбари вазни умуиашон зиёда аз 17 тонна аз болои ин пул манъ эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол ағбаи Хобу Руботи ҳам барои барои ҳаракати нақлиёт кушода гардида аст.

Ба гуфтаи муовини сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои Бадахшон, Хушназар Абдураҳимов ҳамасола ҳаракати нақлиёт дар масири Душанбе-Хоруғ тасаввути ағба охири моҳи ноябр қатъ ва нимаи моҳи май аз сар гирифа мешуд.

Аммо дар бунбаст қарор гирифтани Бадахшон бар асари офати табиӣ, зарурати ба таври оҷил кушодани ағбаи Хобу Руботро ба миён овард.

Раёсати хадамоти назорати давлати ва танзим нащлиёт дар вилоят иттилоъ медиыад, ки барои нащлиёти мусофирбар ва хурдыаьм убур намудани ацбаи Хобуроубот, ки дар масири кӯтоҳтари байни Душанбе -Хоруғ ҷой гирифтааст, душворие надорад.
Аммо пули маҳалли Дашти Шер дар ҳолати садамави қарор дошта, танҳо барои мошинаҳои борбари вазни умумиашон то 20 тонна боз ҳаст.

Ба мақсади назорат тарозуҳои махсус аз Хоруғ ба ноҳияи Дарвоз фиристода шуданд.

Аммо масъулини иншоотҳои ҷашнӣ, ки қарор аст, то рӯзи Ваҳдат, яъне 27 -уми июн мавриди истифода қарор гиранд, нигарон ҳастанд, ки маҳдудият барои ҳаракати монишҳои борбари калон метавонад ба сифат ва муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ таъсир гузорад.

Масъулини сохтмони бӯстонсарои президентӣ ва меҳмонсаро дар Боғи набототии Помир низ гуфтанд, ки чашм ба мошинаҳои пурбори масолеҳи сохтмонӣ дошта, бар ин боваранд, ки мушкилоти роҳ барои сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани ин ишшоот монеъ нахоҳад гашт.

Дар бунбасти нақлиёти қароор доштани Бадахшон ахиран ба болоравии бесобиқаи нархи молу мавод дар бозорҳои минтақа ҳам сабаб шудааст.

Дар рӯзҳои аввали басташавии роҳи нақлиёт бархе аз корафтодагон чиптаи тайёраро бо нархи то 800 сомонӣ, дуву ним барорбар гаронтар аз дасти корчаллонҳо дарёфт кардаанд.
XS
SM
MD
LG