Аксари кулли вакилони маҷлиси нави вилоятиро ба истиснои 2 коммунист, як намояндаи ҳизби аграрӣ ва ду ғайриҳизбӣ, аъзои Ҳизби халқӣ-демократӣ ташкил медиҳанд.
Бинобар иттилои раиси комиссияи интихоботӣ, дар ду ҳавзаи вилоят интихоботи такрорӣ баргузор мегардад.
Дар маҷлиси қаблии вилоятӣ намояндагони аҳзоби назҳат ва сотсиал-демократ ҳузур доштанд, аммо ин дафъа нафаре аз ин ду ҳизб эътимоди интихобкунандагонро ба даст наовардааст.
Вакил аз ноҳияи Рушон Хушқадам Хосабеков, мегӯяд, ки агарчи тафаккури интихобкунандагон дар дарки мафҳуми вакил таи солҳои охир дигар шудааст, аммо мардум ҳануз аз вакил иҷрои барномаҳои аҳамияти иҷтимоиро интизор доранд ва ба ҷонибдории афроде овоз доданд, ки дар мақомот фаъолият кардаанд.
Аммо ба гуфтаи собиқ раиси комиссиюни маҷлиси вилоятӣ Хусрав Рақамов, беташаббусӣ ва хомӯшии вакилони аҳзоби мухолиф дар ҷаласаҳо боис шудааст, ки номзадҳои онҳо ба маҷлис роҳ наёфтаанд.
Вакилони маҷлиси вилояти Бадахшон дар аввалин ҷаласа ҳамчунин номзадии раиси вилоят Қодир Қосимро ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ пешбарӣ карданд ва ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоятро тасдиқ намуданд.