Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти қочоқбари ноболиғи афғонистонӣ


Кормандони раёсати оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Бадахшон таи як амалиёт дар деҳаии Ёмҷи ноҳияи Шуғнон як шаҳрванди Афғонистонро бо 15 кило гашиш ва як килограм ҳероин дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи муфаттиши раёсат Ораз Худододов, ташхис собит кард, ки қочоқбари ноболиғ 13 сол доштааст ва бо анҷоми тафтишот аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод мешавад, зеро қавонини кишвар муҷозот шудани атфоли зери синни чаҳордаҳро иҷоза намедиҳад.

Ба фикри раиси додгоҳи Бадахшон Саидмусаллам Шомусалламов, татбиқи шадиди меъёрҳои қонун нисбати қочоқбарон ва марзшиканон тайи солҳои охир ба тағйири хусусияти ҷинояткорӣ дар марз таъсир гузоштааст.

Вай гуфт, ки танҳо дар соли гузашта ду нафар қочоқбари афғон ба муддати аз 15 то 22 ва ду марзшкини дигар ба мӯҳлати то 7 сол аз озоди маҳрум шудаанд ва қочоқбарон ба усулҳои дигари интиқоли мухаддирот, аз ҷумла бо ҷалби ноболиғон, бештар рӯ меоранд.

Ба гуфтаи Абдулҷамил Охунзода, масъули намояндагии Афғонистон дар Хоруғ, деҳоти марзии Афғонистон дар сатҳи поинтарини фақр дар кишварашон қарор дошта, қочоқбарон аз ночориву ҳолати сангини иҷтимоии хонаводаҳо сӯйистифода мекунанд ва бо роҳи фиреб ва музди андак атфолро ба қочоқ маҷбур месозанд.

Ба гуфтаи масъули намояндагӣ, ҳудуди 30 дарсади кӯдакони манотиқи марзии вилояти Бадахшони Афғонистон ҳануз аз таҳсил дар дабистонҳо берун мондаанд ва имконияти ба доми қочоқбарон афтодани чунин атфоли бекорагард зиёдтар аст.

Вай беҳтаршавии умури омӯзишу парвариш ва иқдоми ҷиддитар нишон додани масъулини сарҳадотро аз роҳҳои коҳиши ҷалби наврасон ба қочоқи мухаддирот арзёбӣ намуд.

Журналист Лутфишои Додо мегӯяд, ки гурӯҳҳои муташаккили қочоқбар аз имконоти зиёд бархурдор буда ба хотири манофеи молӣ аз ҳеҷ гуна усул рӯ наметобанд.

Ба гуфтаи ӯ, агарчи марз расман таҳти назорат аст, аммо коҳиш наёфтани ҳодисаҳои қочоқи мухаддирот ва нашъамандӣ ба боз будани марзи байн Тоҷикситону Афғонистон дар минтақаи Бадахшон далолат мекунанд ва акнун дар ин хатсайри интиқоли мухаддирот қочоқбарони ноболиғ низ ба даст меафтанд.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи коршиносон, кодекси ҷиноиро на фақат қочоқбарон дар он тарафи марз, балки дар кишвари мо низ аз бар мекунанд. Ба гуфтаи масъули раёсати корҳои дохилии шаҳри Хоруғ Майсара Азизбекова, кӯшиши ҷалби ноболиғон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддар аз ҷониби қочоқбарон дар қаламрави вилоят низ ба мушоҳида мерасад.

Вай гуфт, ки аммо дар сурати содир намудани ҷинояти вазнин шаҳрвандони ноболиғи кишвар ба колоннаи махсус фиристода мешаванд.
XS
SM
MD
LG