Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги бабри сафеди Помир


Бабри сафед, ки муваққатан дар Боғи набототи Помир нигаҳдорӣ мешуд, ногаҳон мурд. Ин бабри навзодро моҳи майи соли гузашта мақомоти муҳитзистии ноҳияи Мурғоб аз дасти як чӯпони маҳаллӣ, ки ба гуфтаааш, онро ҳангоми молчаронӣ тасодуфан дар пушта ва ҷудо аз модар дарёфт кардааст, гирифта, барои нигаҳдории муваққатӣ ба Боғи набототи Помир супурда буданд.

Интизор мерафт, ки дар муддати ду моҳ тақдири ин бабри сафеди нодири муштамили китоби сурх, ки моликияти ҷумҳур ҳисоб меёфт, ҳал гардад, аммо бабр қариб як солро паси панҷараи барояш муваққатан сохташуда гузаронд.

Масъули як Бунёди байналмиллалии ҳифозати бабр бо таваҷҷӯҳ ба тақдири бабри сафед тобистони соли гузашта ба Хоруғ омада, барои хӯрондани он маблағ ҷудо ва роҳҳои ҳифозати онро ба мақомот ва мутахассисон пешниҳод карданд. Як Боғи ҳайвоноти Англия дар нома ба ниҳодҳои ҳифзи муҳитзистии кишвар ҳанӯз тирамоҳ пешниҳод карда буд, ки ба мақсади ҳифз ва афзоиш додани саршумори бабр бо роҳи пайдо намудани ҷуфти муносиб барои он омода аст, ин бабри сафедро ба ҳайси моликияти Тоҷикистон қабул намояд ва хароҷоти интиқоли онро то ҷойи нав пардохт кунад. Дар ин сурат, молик метавонист бо муҳайё шудани шароти хуб барои нигаҳдории бабр дар Боғи ҳайвоноти ҷумҳурӣ барои ба намоиш гузоштан аз насли ин бабр ва ё бар ивази он навъи дигари бабрро талаб кунад. Аммо дархост беҷавоб монда, масъулини мақомот гуфтанд, ки пас аз чанде ин бабр дар Боғи ҳайвоноти ҷумҳурӣ ҷой хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи сардори маркази ташхиси ветеринарӣ дар Бадахшон Мародбек Азизбеков, ташхиси бабр нишон додааст, ки он бар асари заъфи дил ва шароити танги нигаҳдорӣ мурдааст.

Навруз Худоёрбеков, ки бабрро тайи ин муддат парво мекард, ин иддаъоро рад намуда, мегӯяд, дар бабр нишонаҳои беморӣ ва сустҳаракатӣ дида намешуд ва ҳолати бабр якбора бад шуда, дигар мутахассисони соҳаи байторӣ натавонистанд онро наҷот диҳанд.

Мутахассиси ассотсиатсияи экологии «Помир» Суҳроб Мусоев аз муҳити табиӣ ҷудо кардан ва дар шароити танг нигоҳ доштани бабрро боиси аз байн рафтани бисёр хухусиятҳои ҳиссӣ ва тобоварии ин ҳайвони ваҳшӣ ва марги он мешуморад. Вай гуфт, дар айни авҷи ҳаракати бабр вақте хуруси зиндаро ба пешаш партофтанд, вай ба хурус ҳамла накард, ки ин батадриҷ аз дигаргуншавии инстинктивии ин ҳайвони ваҳшӣ дарак медод.

Аммо бархе аз мутахассисони маҳаллӣ, ки намехоҳанд номашон зикр шавад, марги бабри сафедро нишонаи бемасъулиятии ниҳодҳои ҳифзи муҳитзистии кишвар ба моликият ва боигариҳои нодир мешуморанд. Ба гуфтаи онҳо, адами ҳамоҳангӣ байни ниҳодҳо дар мавриди ҳалли тақдири бабр ва мавҷуд набудани шароит барои нигаҳдории ояндаи он ба марги ин ҳайвони нодир, ки шумораашон дар қаторкуҳҳои Помир аз 200 сар беш намебошад, боис гардидааст.
XS
SM
MD
LG