Масъули ин барнома Хуҷамёр Хумориков мегӯяд, дар бештари мавридҳо манзилҳои истиқоматӣ дар Бадахшон, ки аз сангу гил ва бидуни лоиҳа сохта мешавад, бар асари намнокӣ, заминларза ва дигар равандҳои табиӣ зуд тарқиш пайдо мекунанд ва барои зист хатарноканд.
Вай афзуд, тибқи барнома, онҳо мардумро ба риояти талаботи ҳозиразамон ҳангоми сохтмони манзил ташвиқ хоҳанд кард. Масъулини барномаи Бунёди Оғохон нақша доранд, ки дар маҳаллоти Бадахшон дар сохтмони хонаҳои анъанавӣ ширкат кунанд ва ба сокинони маҳаллӣ усули тартиб додани лоиҳаи сохтмон, мустақкам кардани зербино, сохтани тасмаҳои зиддизилзила, оташдонҳо ва дару тирезаҳои дуқабатаро омӯзонанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран бар асари заминларзаи шадид дар ноҳияи Ванҷ зиёда аз 134 манзили истиқоматӣ пурра ва ё қисман хароб гардид. Мутахассисон, риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматиро яке аз сабабҳои хисороти зиёди ин зилзила меноманд.
Сардори шӯъбаи ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Давлат Саидмиров мегӯяд, бештари манзилҳои зарардида бе таҳкурсии мустаҳкам ва аз сангу гил сохта шудаанд ва дар пайи заминларза зарари ҷиддӣ дидаанд.
Давлатшо Муаллимшоев, устои хонасоз, мегӯяд, хонаҳои анъанавӣ бинобар набуди имконоти молӣ фақат аз сангу гил сохта мешавад ва сифати сохтмон танҳо аз маҳорату малакаи деворгар вобаста аст. Вай меафзояд, пас аз чанд сол бештари хонаҳо тарқиш пайдо мекунанд, зеро на ҳар як деворгар қодир аст, ки сангҳои гуногуншакли кӯҳистонро бо сифати баланд ва мустаҳкаму рост болои ҳам чида, манзил бунёд кунад.
Дастандакорони барномаи ИА ва созмони «HOPE-87» мутмаинанд, ки бо бехатар кардани манзилҳо ҳаҷми зиёни расида аз офатҳои табииро камтар мекунад.