Мудири шӯъбаи саноъат, нақлиёт ва кишоварзии ҳукумати вилояти Бадахшон Мусаллам Анваров, ки рӯзҳои ҷашни Ваҳдат дар ноҳияи Дарвоз қарор доштааст, ба таври асроромез ғайб задааст.
Дар кохи ҷавонони Хоруғ ҳамзамон маросими издивоҷи 40 ҷуфт арӯсу домод баргузор гардид. Ин иқдом барои шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон бесобиқа мебошад.
Коршиносон бо натиҷагирӣ аз интихобот ва таҷлили Рӯзи Ваҳдат дар Бадахшон бидуни ширкати намояндагони аҳзоби мухолиф мегӯянд, ки аҳзоб нақши фаъоли худ дар фазои сиёсии минтақаро аз даст додаанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, вакили порлумон ва вориси сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари мухолифони пешин ва муаллифи яке аз ду имзои Созишномаи сулҳи Тоҷикистон аз ширкат дар таҷлили 13 -умин солгарди имзои ин санад худдорӣ кард. Ва барои аввалин бор ин Рӯз бе ширкати яке аз ду ҷониби суҳкунанда таҷлил мешавад.
Охирин пайкараи бузурги доҳии пролетариат - Ленин, ки дар майдони марказии шаҳри Хоруғ дар рӯбарӯи бинои ҳукумат қомат афрохта буд, барканда шуд. Ҷойи Ленинро муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки бо ангуштонаш ба тарафи номаълум ишора мекунад, мегирад.
Ба иттилоъи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мурғоб дар пайи ҳаводиси ахири Қирғизистон аз шаҳри Ӯш то ба ҳол 60 нафар шаҳрвани Тоҷикистон, ки бештарашон сокинони Мурғоб ҳастанд, берун бароварда шуданд. Вале даҳҳо нафар интизори кӯмак барои баромадан аз Ӯш ҳастанд.
Аз шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон 90 нафар ба таҳсил дар Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ фаро гирифта мешаванд.
Сокинони Бадахшон муътақиданд, ки созҳои мардумии рубоби помирӣ ва даф «аз биҳишт омадааст» ва «ба хона хайру баракат ва шодиву нишот меорад». Аз ин рӯ дар сутуни қариб ҳар як хонаводаи бадахшонӣ яке аз ин асбобҳо овезон аст.
Барои сокинони 70- солаи деҳаи Ҷизеви ноҳияи Рушон Булбулшо Давлатшоев ва завҷааш Заҳро, ки дар умрашон яке аз Хоруғ ва дигаре аз Рӯшон дуртар нарафтаанд, кулли олам дар деҳаи кӯчакашон меғунҷад.
Ҳар рӯз садои баландгӯяк сокинони маҳалли Пиши ноҳияи Шуғнон ва роҳгузаронро огоҳ мекунад, ки пас аз чанд лаҳза ба манзури роҳсозӣ дар тарафи Афғонистон таркиши навбатӣ ба вуқуъ мепайвандад ва онҳо бояд ба ҷойҳои бехавф паноҳ баранд.
Сел ягона пули пиёдагарди болои дарёи Бартангро, ки ба деҳаи Ҷизеви ноҳия Рӯшон мебарад, тахриб кадааст ва сокинони ин деҳа зиёда аз ду ҳафта боз ба мушкилоти рафтуомад бо дигар маҳаллот рӯ ба рӯ ҳастанд.
Муҷассамаи доҳии коммунизм Ленинро аз майдони Ваҳдати шаҳри Хоруғ хоҳанд бардошт ва ба ҷойи он ҳайкали Исмоили Сомонӣ савори аспро хоҳанд гузошт.
Додситонӣ ва додгоҳи Бадахшон дар ҷараёни таҳқиқи парвандаҳо ба мушкили набуди вакилони дифоъ ва мушкили таъмини муттаҳамон бо вакилони дифоъӣ мувоҷеҳ гаштаанд.
Омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июн дар Хоруғ таҷлил мешавад, ба низоми таълим дар донишкада ва макотиби шаҳр таъсир гузоштааст.
Ҳавзи моҳиҳои сафед ва ё Ақбалиқ, воқеъ дар маҳалли Аличури ноҳияи Мурғоб яке аз ҷойҳои муқаддаси Бадахшон маҳсуб мешавад ва ҳамарӯза дар гирди он касе аз мардумони маҳал ва ё мусофирони роҳи Хоруғ - Ӯшро дидан мумкин аст, ки барои зиёрат, тамошо ва ё нӯши ҷон кардани оби он меоянд.
Мақомоти ноҳияи Мурғоб аз афзоиши бесобиқаи саршумори чорво иттилоъ медиҳанд. Ба гуфтаи Майрамбек Тойчиев, раиси ноҳияи Мурғоб саршумори моли майда ба 60 ҳазор ва қутос ба 17 ҳазор расида, ба нишондиҳадаи пеш аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баробар шудааст.
Раиси ноҳияи Мурғоб Майрамбек Тойчиев мегӯяд, неругоҳи нав бо иқтидори 2000 киловатт дар дарёи Оқсу дар паҳлӯи ягона нерӯгоҳи кӯҳнаи он ҷо бунёд мешавад.
Дар ҳоле, ки дар дигар ноҳияҳои Бадахшон дарахтон кайҳо барг бароварданду, ғӯра бастанд, дар маркази ноҳияи Мурғоб ниҳолшинонӣ авҷ мегирад.
Заргулдор, яке аз паррандаҳои кӯчӣ, одатан аввалҳои моҳи май ба Бадахшон парида меояд ва сари буттаҳо ва дарахтон нишаста, ба нағмасароӣ мепардозад.
Сел дар маҳаллаи Гулободи Хоруғ чаҳор манзилро қисман хароб карда, ба иттилоъи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ Мансур Гуламадшоев, наздик ба се гектар боғи сокинони маҳалро хароб кард.
Ёфтҳои бештар