Пайкараи қариб 9-тонна бо ёрии кранҳо бардошта шуда, ба як гӯшаи шаҳр интиқол гардид ва дар назди бинои кӯҳнаи зилзиласанҷи қарор гирифт. Ҷойи Ленинро дар майдон муҷассамаи бузурги Исмоили Сомонӣ, ки бо ангуштонаш ба тарафи номаълум ишора мекунад, мегирад.
Раиси бахши вилоятии ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков таҷлили 13—умин солгарди Ваҳдати миллиро зери пайкараи Исмоили Сомонӣ чун рамзи муттаҳидии миллати парокандаи тоҷик амри воқеӣ мешуморад.
Аммо ба гуфтаи корманди бахши вилоятии «Тоҷиктелеком» Саидаҳмад Ҳайдаров, насли калонсол дар Бадахшон аз Исмоили Сомонӣ дида дар бораи Ленин бештар маълумот доранд ва имрӯз вай яке аз онҳое будааст, ки бо чеҳраи маҳзун манзараи баркандани ҳайкали Ленинро тамошо мекарданд.
Вай гуфт, ки аммо агар лидерони ҳизби коммунист дар ин ҳангом бо ҳар баҳона худро баҷо карда буданд, пролетариат бо ҳузураш аз худ дарак дод ва аз куҷое найнавози мардуми пайдошуда, бо овози най пайкараи доҳиро ба ҷойи нав гусел карданд.
«Арвоҳи Ленин мезанад»
Узви ҳизби коммунист Алилдоди Чароғабдол, ки чанд моҳ қабл бо шеъри «Арвоҳи Ленин мезанад» ба ҳайси номзади ҳизби ба парлумони кишвар дар ҳавзаи 41-ум дар интихобот талош варзид, изҳор дошт, ки бо баркандани ҳайкали Ленин ва хомуш нишастани роҳбарияти ҳизбу таъмин накардани ҷойи нави муносиб барои доҳӣ вай дар оянда ҳуқуқи маънавии аз номи ҳизб довталаби вакил шуданро аз даст додааст.
Ба гуфтаи Некқадам Давлатқадамов, мавқеи норушани коммунистон ва роҳбарияти ҳизб дар қиболи кандани муҷассамаи доҳӣ ба обрӯи ҳизбашон латмаи сахт ворид намудааст.
Боздиди президент аз минтақа
Дар ҳамин ҳол субҳи имрӯз сафари кории президент Раҳмон ба манзури ширкат дар ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Дар ноҳияи Ванҷ президент дар шаҳраки навбунёд, ки барои зарардидагон аз зилзилаи моҳи январ сохтмони манзил идома дорад, ба як иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ ва як маъюб калидҳои хонаро тақдим кардааст.
Пас аз буридани навори рамзии як мактаби нав ва маркази саломати президент дар боғи маркази ноҳия бо сокинони Ванҷ мулоқот карда, худи ҳамин рӯз ба ноҳияи Дарвоз парвоз кардааст.
Дар ноҳияи Дарвоз дар ҳузури президент маҷмааи пушидаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он қувваозмоии варзишгарони шаҳру навоҳии вилоят доир гардид. Қарораст, ки пас аз дидор аз навоҳии дигар, президент дар ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июн дар Хоруғ таҷлил мешавад, ширкат кунад.