Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама барои як рӯз, ҳама барои як кас?


Омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июн дар Хоруғ таҷлил мешавад, ба низоми таълим дар донишкада ва макотиби шаҳр таъсир гузоштааст.

Маршировка дар Хоруғ

Садорати Донишгоҳи Хоруғ ба барномаи таълимӣ тағйирот дароварда, акнун бархе аз донишҷӯён пас аз ҷашни Ваҳдат имтиҳон месупоранд. Ба гуфтаи ноиби садри Донишгоҳи давлатии Хоруғ Имомёрбек Қаландарбеков, зиёда аз 2 ҳазор донишҷӯ ба «чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ» ҷалб шудаанд ва азбаски барномаи таълимиро пурра аз худ накарданд, пас аз ҷашни Ваҳдат ду ҳафтаи дигар дарс мехонанд.

Донишҷуёни ба «барномаи фарҳангӣ» ҷалб шуда, барои паноҳ бурдан аз нурҳои сӯзони офтоб бар сару руйяшон руймолҳо баста, зери садои суруд машқ мекунанд ва аз устодон ба ҷойи дониш малакаи ҳаракатҳои мавзунро меомӯзанд. Ба гуфтаи донишҷӯи факултаи филология Ҷонона Шакармамадова, агарчанде зери борон ва офтоби сӯзон ширкат дар «маршировка» ва дастҷунбониву ифода намудани ҳар гуна рамзҳо ба мисли «офтобак» барояшон нохушоянд аст, аммо онҳо маҷбуранд, ки талаботи садорати донишгоҳро иҷро кунанд ва барои навиштану супурдани корҳои курсиашон низ фақат пас аз ҷашни Ваҳдат фурсат пайдо мекунанд.

Қариб 1000 мактаббача низ ба барномаи фарҳангӣ ҷалб шуда, дар макотиби шаҳр ба ғайр аз хонандагони синфҳои болоӣ дигарон имтиҳонҳоро пас аз ҷашни Ваҳдат месупоранд. Вале Нигина Саидакрамова, як хонандаи мактаби шаҳр, гуфт, ҳарчанд ширкат дар ин чорабинӣ иҷбориаст, вале барои хонандагоне, ки ба санъат шавқу завқ доранд, акнун имконияти сайқал додани маҳорати санъатварӣ пеш омадааст. Синфҳои омӯзишгоҳи тиббӣ низ холиянд, бештари ҳамшираҳои шафқати оянда низ вақташонро дар майдон мегузаронанд.

Аввал Наврӯз, сипас Ваҳдат, баъд...

Омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдат пас аз иди Наврӯз шурӯъ шуда, қариб се моҳ давом мекунад ва ба гуфтаи сардори идораи фарҳанги шаҳр Маҳингул Додихудоева, барномаи фарҳангии ҳар як ноҳия тавре тартиб дода шудааст, ки яке ба дигаре монанд набошад. Рақс бо шамшеру калтаку аспак ҷузве аз барномаи фарҳангист ва ба ин манзур санъаткорон ба шамшеру калтакзанӣ ва аспдавонӣ пардохтаанд.

Дар намоиши барномаи фарҳангии Рӯзи Ваҳдат ҳудуди 4 ҳазор санъаткор, ба шумули донишҷуёну хонандагони макотиб, ҷалб мешаванд.

Аммо, вале, лекин...

Вале иддае аз шаҳрвандон ба майдони дастҷунбонӣ ва покӯбиҳо табдил додани Бадахшонро масрафи беҳудаи вақт ва маблағ мешуморанд ва мегӯянд, чунин маъракаҳо аслан ба хотири як рӯз ва як кас анҷом мешавад ва ваҳдати тоҷиконро ҳанӯз нокомил ҳисоб мекунанд.

Аммо бархеи дигар зиндагии осоишта, коҳиш ёфтани тафриқаҳои минтақавӣ ва бунёдкориҳоро дастоварди муҳимтарини ваҳдат мешуморанд ва барномаи фарҳангиро фурсати муносиб ва муҳим барои намоиш додани санъати қадимаи мардуми минтақа медонанд.

Лекин ҳукумат ба ҷашн фақат бо рақсу бозӣ ва дастони холӣ рафтанӣ нест. Сохтмони кохи ҷавонон, театри вилоятӣ, чойхонаи миллӣ ва варзишгоҳ босуръат идома дошта, қарор аст, дар рӯзҳои ҷашн маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор доданашон баргузор гардад.
XS
SM
MD
LG