Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Хушқадам Давлатқадамов таъйид кард, ки пас аз рӯзҳои башумор бо тайёр шудани пайкараи Исмоили Сомонӣ, он аз маркази ҷумҳурӣ ба Хоруғ интиқол шуда, ҷойи Ленинро мегирад.
«Ленин хилофи сиёсатҳои миллист»
Раиси вилоят Қодири Қосим дар сӯҳбатҳои инфиродӣ бо намояндагони мақомот ва шаҳрвандон мавҷудияти муҷассамаи Ленинро дар рӯбарӯи бинои мақомот хилофи сиёсати миллӣ ва бардоштани онро амри зарурӣ шумурдааст.
Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, муҷассамаи Ленин ҳамакнун ба гӯшаи шаҳр, ба назди бинои хароби зилзиласанҷӣ кӯч дода мешавад ва тавре ӯ таъкид кард, коммунистону ҷонибдорони ғояҳои ленинӣ аз тақдири муҷассама набояд нигарон бошанд.
«Ҳама барои Ленин»
Аммо раиси шӯъбаи вилоятии Ҳизби коммунист Хусрав Рақамов гуфт, онҳо бо як муроҷиатнома ба мақомот аз интихоби ҷойи номувофиқ барои муҷассама ва ба канораи шаҳр кӯчонидани он изҳори норизоият карданд. Ба гуфтаи вай, ин муҷассама ба ҳайси як ёдгории фарҳангӣ-таърихӣ метавонист дар ҷойи намоёнтар гузошта мешуд.
Муҳандиси сохтмони поя дар ҷойи нав барои муҷассамаи Ленин Бойназар Зарифов мегӯяд, онҳо саъй меварзанд, ки то рӯзи 5-уми июн сохтмони пояро ба анҷом расонанд. Коргарон гуфтанд, ба хотири хизматҳои доҳии пролетариат дар гузашта онҳо довталабона ва бемузд гирдогириди муҷассама ва роҳравҳо ба сӯи онро сангфарш мекунанд. Ба гуфтаи сокинони маҳалла, онҳо то ҷашни Рӯзи Ваҳдат гирдогирди муҷассамаро гулзор мекунанд.
Бутпарастӣ бо чеҳраи нав?
Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, дар ҳоле, ки пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур бинобар дар ҷойи нонамоён гузоштани он, дар байни анбӯҳи дарахтони боғи фарҳангу фароғатии шаҳр бештар ба ҷангалбон монанд шудааст, мақомот ҳайкали Сомониро афзалтар шумурдаанд.
Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ, «давраи бутпарастӣ гузашт» ва бардоштани муҷассамаи Ленин тақозои замон аст. Аммо мухолифони бардоштани ҳайкали Ленин мегӯянд, ҳукумат «бутҳоро меканад ва ба макони дигар меронад, вале ба ҷояшон бутҳои нав гузошта, бутпарастиро бо чеҳраҳои нав идома медиҳад».