Ба иттилои нозири минтақавии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шуғнон Мирзобек Хаёлбеков, бар асари кафонидани кӯҳ аз сӯи роҳсозони афғон ҳадди ақал ба ду манзил ва се васоити нақлиётии сокинони деҳаи Пиш зарар расидааст.
Додиҳақ Худобахшов , яке аз ин зарардидагон, изҳор кард, ки манзил дар рӯбарӯи маҳалли таркиш қарор дошта, сангпораҳои хурду бузург ба хонаи ӯ хисороти ҷиддӣ ворид сохтанд. Ба гуфтаи вай, садои пай дар пайи таркиш ҳамчунин боиси боло рафтани фишори хуни модарбузургаш шуда, ҳафтаи дуввум боз вай дар бемористон табобат мегирад.
Ба гуфтаи ронанда Гулдаст Ширинов, аз зарби сангпораҳо шишаи мошинаш шикаста ва қисми пеши он хароб шудааст.
Зарари сокинон ҷуброн мешавад
Масъули намояндагии Афғонистон дар Хоруғ Нисор Аҳмадӣ таъйид кард, барои нахустин бор нест, ки аз кори роҳсозони Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон зарари молӣ мебинанд. Вай гуфт, ки қаблан чунин хисорот ба якчанд хонаводаи деҳаи Хасхоруғи ноҳияи Ишкошим расида, бо мусоидати намоядагӣ ширкати роҳсозӣ зарарро ба сокинон ҷуброн намудааст.
Вай гуфт, ки дар мавриди қазияи маҳалли Пиши ноҳияи Шуғнон низ ҳаҷми зарар муайян ва аз ҷониби ширкати роҳсозӣ пардохт мешавад. Ба қавли Нисор Аҳмадӣ, аммо роҳи ҳалқаӣ барои сокинони марзии Афғонистон ҳаётан муҳим буда, сохтмони он идома меёбад. Вай гуфт, ки интизор меравад, имсол роҳи нақлиётии вулусволиҳои Шуғнону Ишкошим ба ҳам пайваст шаванд.