Зану шавҳар тайи солиёни зиёд дар колхозу совхоз чӯпонӣ карданд ва айни ҳол низ чорвои шахсӣ манбаъи асосии даромади хонаводаи онҳо мебошад. Ба гуфтаи Булбулшо деҳаи Ҷизев, ки то ин ҷо аз роҳи мошингард 8 километр пойи пиёда роҳ аст, аз замони собиқ шурваӣ то ба ҳол фаромӯшшудатарин маҳалли ноҳия боқӣ мемонад ва то ба наздикӣ ҳатто пулроҳа надошт.
Булбулшо ва ҳамдеҳагонаш мегуянд, Ҷизев ҳамагӣ як бор дар ёд дорад ва он ҳам 25 сол қабл буд , ки намояндаи мақомот - раиси комиҷроияи ноҳия барои мулоқот бо мардум ба ин ҷо қадам ранҷа кард ва дигар касеро аз намояндаи мақомот ва ё вакилон ба чашм надидаанд.
Ба гуфтаи Булбулшо боре комиссия аз Маскав ба манзури банақшадарории бунёди пулҳо ба водии Бартанг омадааст. Аммо суханони раиси колхоз, ки дар ҳолати ширкайф ва ё тезтар халос шудан аз комиссия гуфтааст, Ҷизев айлоқҷой ҳаст ва он ҷо ба шумули ду-се чӯпон дигар касе зиндагӣ намекунад онҳоро аз пул маҳрум сохтааст.
"Донистани номи калонҳо ба мо нон намедиҳад"
Булбулшо ва Зӯҳро номи руасои ноҳия ва вилоятро намедонанд, аммо ба исми Эмомалӣ Рахмон ошно ҳастанд ва мегӯянд, ки симояшро якчанд бор дар оинаи нилгун диданд. Зеро ӯро назар бар дигарон тез-тез нишон медиҳанд.
Дар деҳа фиристандаҳои мавҷии шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон гузошта нашудаанд ва аз 21 хонавода танҳо як - ду тоашон қабулкунакҳои мавҷии моҳвораи насб каодаанд ва гоҳ-гоҳе мардум дар ин хонаҳо ба манзури тамошои барномаҳо ҷамъ меоянд.
Булбулшо ва Заҳро мегӯянд. ки аз надонистан ва донистани номи калонҳо онҳо худро нороҳат ҳис намекунанд, зеро он ба вазъи иҷтимоиашон таъсире надоштааст.
Бибии Заҳро дар оинаи нилгун даҳшати сел ва обхезиро дида, муътақид аст, ки тӯфони Нӯҳ имрӯз ё фардо фаро мерасад.
Аммо бибии Заҳро аз он боз нигарон аст, ки ҷавондухтарон ҳар чи бештар аз молдорӣ ҳазар мекунанд, вале шири тайёрро дӯст медоранд ва аз сабаби «маданӣ» шудани онҳо хавфи нодӯшида мондани гову моли деҳа ба миён омадааст.
Аз чорвопарварӣ - рӯ ба сайёҳӣ
Дар баробари чорвопарвари Булбулшо ва завҷааш ба шуғли нав барои сокинони деҳа - хизматрасонӣ ба сайёҳон рӯ оварданд. Деҳаи Ҷизев бо ҳавои тоза ва табиати зебояш ҳар чи бештар мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон қарор мегирад ва даромад аз сайёҳӣ ба қисме аз буҷаи оилавии сокинони он табдил мешавад.
Соли гузашта бештар аз 300 ва аз ин пеш 450 сайёҳ аз боду ҳаво ва манзараҳои зебои Ҷизев баҳра бардоштанд. Хонаи анъанавии бадахшонии Булбулшо низ барои қабули сайёҳон мутобиқ шуда, рӯи девор навиштаҷот ба забони англисӣ пайдо шудааст.
Ба гуфтаи Булбулшо соли гузашта аз ҳисоби сайёҳӣ наздики ҳазор сомонӣ даромад гирифтанд. Сайёҳон барои як шабонарӯзи буду бош дар меҳмонхонаи анъанавӣ ба соҳибони он 50 сомонӣ пардохт мекунанд.
Аммо бибии Зaҳро изҳор дошт, ки сайёҳон одамони хуб ҳастанд, вале баъзеашон фаромӯшхотиранд. Ӯ гуфт, «пулро фаромӯш карданд, сачоқ ва айнакро фаромӯш карданд, наберааам аз пасашон давида пулро ба онҳо дод, онҳо бошад механданд».
Аммо имсол ҳамагӣ якчанд нафар сайёҳ аз Ҷизев дидан кардаанду халос. Булбулшо ва Заҳро монанди дагар сокинони деҳа нигарон ҳастанд, ки тахриб шудани ягона пули пиёдагарди Ҷизев монеъи сафари сайёҳон ба деҳа шуда, онҳоро аз даромад маҳрум сохтааст.
Даст ба кору дил ба ёр ва розӣ аз рӯзгор
Булбулшо шаҳрҳоро фақат аз оинаи нилгун тамошо кардааст ва мегӯяд, ки аз ҳама бештар Душанбе барояш маъқул шудааст. Аммо Зaҳро мегйяд, ки вай якбор Хоруғ рафта, он барояш писандидатарин шаҳр ҳаст.
Булбулшо ва Заҳро изҳор медоранд, ки шояд дар ҷойи дигар ва ё шаҳрҳои калон зиндагӣ барояшон роҳаттар буд, аммо онҳо аз қисмати худ ва соҳиби фарзандону наберагон шудан дар ин дар гӯшаи зебо ва обу ҳавояш тозаву мардумонаш соддаву самимӣ ва коргар шукргузор ва розӣ ҳастанд.
Дар Ҷизев ягон одами фарбеҳ дучор намеояд. Мутахассисон инро ба боду ҳавои тоза ва пайваста машғули кор будани сокинон ва ё таркиби оби деҳа, ки гумон меравад, маъдан дорад рабт медиҳанд.