Назҳат - ҳизби зидди арзишҳои мазҳабӣ?
Ба гуфтаи узви ҲНИТ Неъмат Амонбеков, ахиран мақомот муваффақ шудааст, ки ҳизбиятро дар минтақа куллан заъиф созад. Вай баён дошт, ки намояндагони мақомот ва номзадҳо аз ҳизби ҳоким «барои бадном сохтани ҳизбҳои мухолиф ва ҷилавгирӣ аз роҳ ёфтанашон ба маҷлисҳои маҳаллӣ аз воситаҳои таблиғотии номашрӯъ низ истифода бурда, Ҳизби назҳатро ба ҳайси як нерӯи зидди арзишҳои мазҳабӣ муаррифӣ намуданд, вале тавонистанд дар афкори мардум тасаввуроти нодурруст оиди ҳадафҳои ҳизб эҷод кунанд»
Ба гуфтаи Неъмат Амонбеков, дар интихоботи қабли Ҳизби назҳат бо чеҳраҳои шинохтатар вориди сабқат шуда, тавонист ду нафарро вориди маҷлиси вилоятӣ созад, аммо дар интихоботи ахир нафаре аз номзадҳои ҳизбӣ ба маҷлиси вилоятӣ роҳ наёфтааст, ки ин агар аз як тараф натиҷаи тақаллубкориҳо бошад, аммо аз сӯи дигар заъфи фаъолоияти ҳизбиро нишон медиҳад.
Ба фикри Неъмат Амонбеков, барои мақомот сарукор доштан бо ҳизбҳои «кисагӣ» манфиатовар ва осонтар буда, дар оянда чунин аҳзоби фаъолияташон танзимшуда ба ҳаёти сиёсӣ бештар ҷалб мешаванд.
Коршиносон мӯътақиданд, ки ҲНИТ ҳадди ақал дар Бадахшон то ба ҳол муваффақ нашудааст, ки ба ҳайси як ҳизби сиёсии фарогир шинохта шавад ва бештари мардум Ҳизби назҳатро ҳануз чун ҳизби сирф хусусияти динидошта медонанд.
Бархе аз ҷонибдорони Ҳизби назҳат мегӯянд, ки мавқеи норушани ҳизб дар қиболи ҳаводиси ду сол қабл дар Хоруғ, ки он вақт садорати ҳизб ба аъзояш дастур дод, то аз номи ҳизб дар ин эътирозҳо ширкат накунанд, онҳоро аз ҳизби назҳат дилсард кардааст.
Аммо Парвиз, як интихобкунанда аз ноҳияи Рушон, мегӯяд, ки хомуш нишастан ва ғайрифаъол будани вакилони аҳзоби мухолиф дар маҷлисҳои қаблӣ боиси коҳиши эътимод ба намояндагони аҳзоби мухолиф гардид ва мардум бештар ба ҷонибдории номзадҳое овоз доданд, ки дар мақомот фаъолият доранд.
Ҳизби «сарсахт»-и мухолиф
Аммо Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, муътақид ҳаст, ки ҲСДТ ягона ҳизби мухолифи сарсахт аст, ки ҳузураш дар ҳар маъракаи сиёсӣ мақомотро нороҳат мекунад ва аз ин рӯ садорати ҳизб барои ширкат дар ҷашни Рӯзи Ваҳдат даъватнома нагирифтааст.
Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, интихоботи ахир қадаме ба сӯи дилсардӣ ва нобоварии мардум ба интихобот буда, ба ин далел дар интихобот бисёре аз ҷонибдоронашон иштирок накарданд.
Вай баён дошт, ки ба ин иллат қариб 40 дарсади интихобкунандагони Хоруғ ҳозир нашуданд, то ба пойи қуттиҳои раъй биёянд.
Коммунистҳо ва дасти шикастаи Ленин
Коммунистони минтақа ҳам худро ҳизби мухолиф меҳисобанд. Аммо раиси ин ҳизб дар мақомоти вилоятӣ соҳиби курсӣ буда, ҳангоме, ки ҳайкали Ленинро меканданд, бо супориши мақомот дар майдони варзиши ба иҷрои корҳои омодасозӣ ба Рӯзи Ваҳдат машғул буд. Ба гуфтаи аъзои қатории ҳизб, ба сабаби побанди курсии ҳизбӣ ва мақомот будани раиси ҳизбашон, онҳо ҳатто натавонистаанд барои муҷассамаи доҳиашон, ки ба гӯшаи нонамоёни шаҳр ронда шудааст, ҷойи нави сазовортар талаб кунанд.
Аъзои қатории ҳизб мегӯянд, ки барканандагони ҳайкал аз хомушии коммунистон шерак шуда, ҳангоми интиқоли он як дасташро ҳам шикастаанд. Аммо сокинони маҳалле, ки ҳайкали Ленин дар он ҷо гузошта шуд, мегӯянд, ки онҳо ба хотири обод намудани атрофи ҳайкал бидуни ширкати коммунистон шанбегӣ баргузор мекунанд.
Хомушии демократҳо
Раиси бахши вилоятии Ҳизби демократи Тоҷикистон низ кайҳост, ки риштаи роҳбарии як ниҳодро дар даст дорад ва изҳори назараш дар робита бо ҳаводиси сиёсӣ аз ҳизби ҳоким қариб фарқе намекунад. Ахиран пас аз ғайриқонунӣ эълон шудани ҲДТ-и ҷиноҳи Искандаров теъдоди камшумори демократҳо бидуни эътироз ба киштии ҳизбии нохудояш Масъуд Собиров пайвастанд.
Дар ҳамин ҳол, ба назари коршиносон, намояндагони аҳзоби аграрӣ дар маҳфилҳои сиёсӣ ва нишастҳои мақомот ҳарчи бештар аз худ дарак медиҳанд ва намояндагони ин ҳизб мегӯянд, ки онҳо манофеи кишоварзонро ҳимоя намуда, аммо дар ҳеҷ гуна масоил назари мухолиф бо мақомотро надоранд.