Аз замони манъи никоҳҳои хешутаборӣ беш аз 6 моҳ сипарӣ шуд, аммо баҳсҳо дар атрофи қонунмандии ин тасмим ҳанӯз идома доранд.
Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди нақшаи ҳатмӣ шудани аҳдномаи никоҳ, ин талабот дар аксар ҳолатҳо риоя нахоҳад шуд ва навхонадорон, махсусан домодҳо барои тақсими одилонаи молу мулк ва ё манзили худ баъди талоқ бо ҳамсари собиқашон омода нахоҳанд буд.
Насим Олимзода, вазири нави тандурустии Тоҷикистон дар нахустин мусоҳибаи худ пас аз таъйин шудан ба ин мақом, дар бораи вазъи соҳаи тандустӣ дар кишвар, мушкилиҳо ва дурнамои он сӯҳбат кард.
Сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфт, ки суханони Абдуқаюми Кӯчӣ, сафири он кишвар дар Маскав дар робита ба Тоҷикистон, назари шахсии ӯст ва баёнгари нуқтаи назари давлати Афғонистон нест.
Бо гузашти чор рӯз аз кушта шудани Сомону Иброҳим дар як моҷарои хиёбонии маҳаллаи 104, бархе ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, ин ҳодиса набояд фаромӯш шавад ва бештар аз ин, як бонги изтироб аст, ки аз мушкилоти насли имрӯзаи наврасону ҷавонони тоҷик дарак медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия натавонист дар музокирот бо далелҳои боэътимод ҳақ буданашро собит кунад ва аз ин рӯ мехоҳад аз тариқи додгоҳ мушкили худро ҳал кунад.
Вазорати умури хориҷии Амрико дар будҷаи соли ояндааш барои Тоҷикистон 41,6 миллион доллар кӯмаки молӣ пешбинӣ кардааст. Кӯмаки молии қаблии ин вазорат ба Тоҷикистон дар соли 2015 28 миллиону 941 ҳазор долларро ташкил медод.
Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 таъмини дарозумрии сокинони кишварро яке аз ҳадафҳои худ қарор дода мегӯяд, дар 15 соли оянда синни миёнаи умри шаҳрвандон бояд аз 73 соли феълӣ то ба 80 сол бирасад.
Масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки ташхиси пеш аз издивоҷи навхонадорон бепул аст ва онҳо иддаои аз арӯсу домод ситондани маблағро тафтиш хоҳанд кард. Бархе аз навхонадорон гуфтанд, ки барои ташхиси тиббӣ ба "касса" ё хазинаи бемористон 120 сомонӣ сурдаанд.
Як масъули вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки забони русӣ бояд дар кишварҳои узви ИДМ ҳамчун забони дуюми давлатӣ қабул шавад. Аммо намояндагони парлумони Тоҷикистон ва коршиносони тоҷик мегӯянд, забони давлатии ин кишвар тоҷикӣ буда ва зарурате барои забони дуюми давлатӣ вуҷуд надорад.
Бар асоси тағйиру иловаҳо ба ду қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон”, аз ин баъд танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ҳаққи фаъолият дар сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои Кумитаи давлатии амнияти миллиро хоҳанд дошт.
Дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия 100 тан аз муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар эътироз ба таъхири тӯлонӣ дар пардохти музди кор даст ба коршиканӣ задаанд.
Як коршиноси масоили минтақаи Осиёи Марказӣ гуфт, дар сурати саркӯб шудани гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёна, ҷангиёни тоҷик ба Тоҷикистон барнамегарданд.
Ду маъмури милиса, ки аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе муҳофизат мекарданд, аз вазифаашон сабукдӯш шуданд. Масъулони вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ин кор ба дунболи шикояти хабарнигори қазоқ сурат гирифтааст.
Ин созмон, ки дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ буд, ба Фатҳулло Гулен мутааллиқ дониста мешуд. Масъулони ин марказ, ки ҳамакнун макони худро холӣ мекунанд, мегӯянд, бо сабабҳои молӣ кори ин муассиса мутаваққиф мешавад.
Сафари Аҳмад Файсал Бекзод ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом мешавад, ки вазъ дар шимоли Афғонистон печида буда, бино ба гузоришҳо, Толибон вулусволӣ ё ноҳияҳои Юмгон, Карон ва Минҷони вилояти Бадахшонро тасарруф кардаанд.
Изҳори назарҳои раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар масъалаи озодии матбуот ва шароити кори васоити ахбори умум дар ин кишвар, боиси вокунишҳои мухталиф дар миёни журналистон тоҷик шуд.
Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки агар ҷониби Эрон санадҳои мушаххас дар мавриди вуҷуди сармояҳои Бобаки Занҷонӣ дар бонкҳои кишварро пешниҳод кунанд, онро баррасӣ хоҳанд кард.
Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, дар соли ҷорӣ ва ду соли оянда иқтисоди Тоҷикистон рушди чандоне нахоҳад дошт. Бонки Ҷаҳони далели ин амрро ба бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон, бахусус, дар Русия рабт додааст.
Ҳафтаи гузашта Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, ки минтақаи Данғара таърихи 4-ҳазорсола дорад. Бостоншиносон мегӯянд, ки пайдо шудани бозёфтҳо, маънии баргузор кардани ҷашни 4000-солагии Данғараро надорад.
Ёфтҳои бештар