Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яъқубов: Таърихи тамаддуни Данғара таҷлил намешавад


Юсуфшоҳ Яъқубов, бостоншиноси тоҷик.
Юсуфшоҳ Яъқубов, бостоншиноси тоҷик.

Дар ҳафтаи гузашта Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, ки минтақаи Данғараи вилояти Хатлон таърихи 4- ҳазорсола дорад. Вай кашфи бозёфтҳои бостоншиносон ва тасдиқи ин бозёфтҳо аз ҷониби бостоншиносони Олмонро далели таърихи куҳан доштани тамаддуни шаҳрнишинӣ дар минтақаи Данғара хонд.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳимӣ, мумкин аст Данғара давоми мантиқи тамаддуни қадимии Саразм бошад. Воқеъан бозёфтҳои таърихӣ гувоҳи вуҷуди тамаддуни 4 ҳазорсола дар минтақаи Данғара аст?

Муаррихи саршиноси тоҷик Юсуфшоҳ Яъқубов дар гуфтугӯи ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ дар робита ба бозёфтҳо дар Данғара гуфт:

Яъқубов: Воқеъан, бозёфтҳое, ки дар Кангуртути Данғара пайдо шудаанд, таърихи беш аз 4-ҳазорсола доранд. Ин бозёфтҳо дар қабристон ёфт шуданд. Бар асоси ин бозёфтҳо маълум мешавад, ки сокинони Кангуртут дар аҳди қадим кишоварз будаанд. Ба ҳангоми омодагӣ ба таҷлили 2700-солагии таърихи тамаддуни Кӯлоб ашёҳои қадимӣ кашф шуда буданд, аз санги рухом сохта шуда ва ҳамзамони тамаддуни Саразм буданд. Бар асоси ин бозёфтҳо гуфта будам, ки Кӯлоб таърихи 3,5-ҳазорсола дорад. Вақте дар бораи тамаддуни таърихӣ ҳарф мезанем, ин нисбат ба шаҳрнишин будани сокинони ин ё он минтақа рабт мегирад. Аммо бештари бозёфтҳои минтақаҳои Тоҷикистон тамаддуни бостонӣ нестанд.

Озодӣ: Дар сӯҳбатҳои қаблӣ таъкид доштед, ки дар қабристонҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ашёҳое пайдо шудаанд, ки таърихи 10 ва 20 ҳазорсола доранд. Аммо онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ тамаддуни бостонӣ ҳисоб намеёбанд.

Яъқубов: Бале. Ин тамаддуни шаҳрӣ нест. Масалан, дар минтақаи Кӯҳдараи Ховалинг ашёҳое ёфт шудаанд, ки таърихи 1-миллионсола доранд. Яъне, 1 миллион сол муқаддам мардум ба ин ҷо омаданду зиндагӣ кардаанд. Аммо бозёфтҳои Кангуртут маҳсули мардуми шаҳрнишинанд. Маълум нест, ки ин ашё аз куҷо оварда шудаанд. Мумкин аст аз шаҳри Балх ё Самарқанд ба ин ҷо ворид шудаанд. Мусаллам аст, ки ин ашё маҳсули сокинони шаҳрнишин ҳастанд.

Озодӣ: Бархе аз муаррихони тоҷик ин бозёфтҳоро идомаи тамаддуни Саразм меҳисобанд.

Яъқубов: Шояд. То ҳол дар адабиёти таърихӣ ва дастхатҳо таъкид шудааст, ки мардумони ҷануби Тоҷикистон дар аҳди қадим чорводор буданд ва кишоварзон танҳо дар ҳазораи дуюм ба ин минтақа омадаанд. Вале бозёфтҳои Ғелоти наздики шаҳри Кӯлоб, Кангуртут ва Фархор нишонаи он аст, ки 5 ҳазор сол қабл мардуми ин минтақа кишоварз будаанд. Ин маълумоти комилан нав аст. Эҳтимол ишораи Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо ба ҳамин ҷиҳат рабт дорад.

Озодӣ: Барои мушаххас кардани қадимӣ будани бозёфт ба ғайр аз ашёи ёфтшуда кадом маъхазе, назири дастнависҳо ба назар гирифта мешавад?

Яъқубов: На. Дар он замон дастнавис вуҷуд надошт. Вақте мо дар бораи тамаддуни шаҳрӣ сӯҳбат мекунем, манзурамон бозёфтҳои зарфҳои кулолӣ аст, ки аз ҷониби ҳунармандони ҳирфаӣ сохта шудаанд. Ин ҳунармандон зарфро сохта дар бозор мефурӯхтанд ва аз ин ҳисоб зиндагӣ мекарданд. Ин нишонаи тамаддуни шаҳрӣ аст. Дар деҳаҳо кулолгарон буданд, ки барои ниёзҳои худ зарф месохтанд, аммо онҳо кулолгарони касбӣ нестанд. Бозёфтҳо ҳам ҳастанд, ки дар қолаб рехта шудааст. Ин ҳунармандии касбӣ аст. Бо истифода аз қолаб ин ҳунармандон метавонистанд сад ё бештар маҳсулот тайёр кунанд. Ҳунармандони касбӣ дар шаҳр зиндагӣ мекарданд. Бозёфтҳои се соли ахир дар вилояти Хатлон аз он далолат медиҳад, ки дар ин минтақа мардуми бумӣ ва кишоварзӣ зиндагӣ мекарданд.

Озодӣ: Дар Тоҷикистон ташхисгоҳи ашёи таърихӣ вуҷуд дорад?

Яъқубов: Мутаассифона, чунин ташхисгоҳ надорем. Ашёҳои қадимиро барои ташхис ба Британия, Эрон, Олмон ва Русия мефиристем. Мақсад дорем дар Тоҷикистон чунин ташхисгоҳ бунёд кунем. Аммо барои ин кор маблағи зиёде лозим аст. Масалан, барои ташхиси радиокарбонат таҷҳизоти замонавӣ зарур аст.

Дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон мавзеъҳои таърихӣ зиёданд
Дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон мавзеъҳои таърихӣ зиёданд

Дар Русия барои ташхиси ашёи қадимӣ пули зиёд талаб мекунанд. Чун мо бо бостоншиносони Олмон ҳамкорӣ дорем, онҳо ашёи таърихии моро ройгон ташхис мекунанд. Бостоншиносони Олмон дар ҳафриёти вилояти Хатлон ширкат доранд.

Озодӣ: Воқеъан, бозёфтҳои минтақаи Данғара низ дар Олмон ташхис шудааст.

Яъқубов: Дар ҳақиқат, Данғара таърхи қадим дорад. Таърихи асри сангии Данғара 300 ҳазор солро дар бар мегирад. Ҳамчунин, харобаҳои шаҳрҳои даврони Юнону Бохтари қабл аз милодро пайдо кардем, аммо ҳафриёт анҷом нашудааст. То ҳол дар ҳудуди ин ноҳия 200 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудааст.

Озодӣ: Пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон таҷлил аз тамаддунҳои қадимию фарҳангӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб ва 3000-солагии Ҳисор таҷлил гардид. Имкон дорад, ки таърихи тамаддуни 4000-солагии Данғара низ ба таври расмӣ таҷлил шавад?

Яъқубов: Ба андешаи ман, таҷлил аз ҷашни 3000-солагии Ҳисор охирин ҷашнҳо дар ин росто аст. Ин аз як тараф онҳо ҷашни тамаддунҳо буда ва ба хотири боло бурдани ҳисси худшиносии миллат анҷом шуда буд. Пӯшида нест, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ таърихи Тоҷикистон хуб омӯхта намешуд. Аз ин лиҳоз ин гуна ҷашнҳо барои худшиносию худогоҳии сокинони кишвар аҳамаияти калон дошт. Аммо дар пайи пайдо шудани бозёфте баргузор кардани ҷашни тамаддуни таърихӣ дар ин ё он минтақа кори хатост. Ду соле қабл, вақте президент аз харобаҳои Карони ноҳияи Дарвоз дидан карда буд, ман гуфтам, ки пайдо шудани бозёфтҳо маънии баргузор кардани ҷашни 4000-солагии Карон набуда, балки омӯзиши таърихи тамаддуни минтақа аст. Ин мусобиқаи исбот кардани қадимӣ будани минтақаҳо нест.

Ман гумон мекунам, минбаъд ҷашнҳои таърихи тамаддуни минтақаҳо камтар мешавад. 4000-солагии Данғара ё Фархор таҷлил намешавад. Танҳо таърихи ин ё он бозёфт муаррифӣ мешаваду халос. Президент ҳам барои баргузории ин гуна ҷашнҳо розигӣ намедиҳад. Зеро ин таърихи мардумони Осиёи Марказӣ аст. Ин таърихи умумибашарӣ аст.

Озодӣ: Сипос.

XS
SM
MD
LG