Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суханони Кӯчӣ назари шахсии ӯст". САДО


Сафири Афғонистон дар Душанбе Залмай Юнусӣ рӯзи 5 январ бо Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Сафири Афғонистон дар Душанбе Залмай Юнусӣ рӯзи 5 январ бо Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Мақомоти сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфтанд, ки суханони Абдулқаюм Кӯчӣ (Кӯчай) дар робита ба Тоҷикистон назари шахсии ӯст ва баёнгари мавқеи расмии Кобул нест. Абдулқаюм Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскав, охири моҳи декабри соли гузашта дар мусоҳибааш бо як видеоблоги афғонӣ гуфтааст, "дар Тоҷикистон гурӯҳҳои пурқуввати мафиёӣ ҳастанд, ки бо қочоқи маводи мухаддири Афғонистон машғуланд."

Тоҷикистон ба гапҳои Кӯчӣ вокуниш кард?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00
Линки мустақим

Дар Тоҷикистон дар ҳеч замон гурӯҳҳои мафиёии маводи мухаддир вуҷуд надошта ва танҳо гурӯҳҳои муташаккил ба қочоқи маводи мухаддир даст мезананд.
Хушнуд Раҳматуллоев

Абдулқаюм Кӯчӣ сафири тозатаъини Афғонистон дар Маскав ва яке аз хешовандони Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аст. Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе рӯзи 9 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ибрози назарҳои Абдулқаюм Кӯчӣ ба шахси худаш марбут буда ва ин ба сиёсати давлати Афғонистон дар қиболи Тоҷикистон рабт надорад."

Тоҷикистон нота фиристодааст?

Абдулқаюм Кӯчӣ
Абдулқаюм Кӯчӣ

Ин манбаъ афзуд, рӯзи 5 январи имсол дар Душанбе муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Афғонистон Залмай Юнусӣ низ мулоқот карда ва дар ин сӯҳбат "сафир расман аз мавқеи оқои Кӯчӣ" канорагирӣ намуд ва гуфт, ин суханҳои сафир мавқеи давлати Афғонистон нест.

Расонаҳои Афғонистон рӯзи 8 январ хабар доданд, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон намояндаи расмии Кобул дар Душанбе Залмай Юнусиро дар вокуниш ба изҳороти ахири Абдулқаюм Кӯчӣ ба ин идора даъват кардааст. Ин расонаҳо, аз ҷумла рӯзномаи "Ҳашти субҳ" ва Телевизиони яки он кишвар навиштанд, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин робита ба Вазорати умури хориҷии Афғонистон нота ё ёддошти эътирозӣ ирсол кардааст.

"Вокуниш ба гуфтаҳои кокои Ашаф Ғанӣ"

Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Телевизиони яки Афғонистон дар гузориши "Вокуниш ба гуфтаҳои ҷанҷолбарангези кокои (амаки) раиси ҷумҳур Ғанӣ" гуфт, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар номаи худ навиштааст, оқои Кӯчӣ бидуни доштани ҳеҷ далел Тоҷикистонро муттаҳам ва ба ҳуввияти ин кишвар тавҳин кардааст. Дар Вазорати умури хориҷии Афғонистон ба ин шабака вуҷуди номаро таъйид карда, вале аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ намудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳарчанд хабари мулоқоти Зоҳидӣ бо Юнусиро дар таърихи 5 январ дар Душанбе пахш кард, аммо гуфтааст, дар ин нишаст асосан масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда, зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амният таъкид шудааст.

"Мо мафия надорем"

Хушнуд Раҳматуллоев
Хушнуд Раҳматуллоев

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, рӯзи 9 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, иддаои Абдулқаюм Кӯчиро бепоя хонд. Вай гуфт, ки "дар Тоҷикистон дар ҳеч давру замон гурӯҳҳои мафиёии маводи мухаддир вуҷуд надошта ва танҳо гурӯҳҳои муташаккил ба қочоқи маводи мухаддир даст мезананд".

Ба қавли Раҳматуллоев, "ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон борҳо гурӯҳҳои муташаккили фаромарзии маводи мухаддирро, ки ба он шаҳрвандони Афғонистон ҳам шомил ҳастанд, дастгир кардааст. Масалан, дар моҳи гузашта дар шаҳри Душанбе чунин як гурӯҳ ошкор ва дастгир шуд, ки дар миёни аъзои он шаҳрвандони Афғонистону Қирғизистон низ буданд." Қаблан, дар моҳи октябри соли гузашта, Шерхон Салимзода, раиси ин ниҳод дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ин сол дар Тоҷикистон “зиёда аз 20 гурӯҳи муташаккили маводи мухаддир ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд”.

"Мухаддир дар Афғонистон кишт мешавад, аммо..."

Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода

Абдулқаюм Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскав, моҳи гузашта дар гуфтугӯи телевизионӣ бо хабарнигори афғон Шафеъ Аёр гуфтааст, "мафияи маводи мухаддир дар Тоҷикистон" дар раванди интиқол ва қочоқи маводи мухаддири Афғонистон даст дорад. Ин навор чанд рӯз пеш дар шабакаи Ютуб пайдо шудааст ва оқои Кӯчӣ дар ин сӯҳбат аз як мулоқоташ бо мақомҳои рус ҳам ёдовар шуда, гуфтааст, "маводи мухаддир дар Афғонистон кишт мешавад, вале пушти он Шумо ҳастед (русҳо), пушти он мафияи Тоҷикистон аст."

Дар идома Абдулқаюм Кӯчӣ назари шахсии худро аз Душанбе ва Тоҷикистон баён карда, мегӯяд, "Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст."

"Маълумоти Кӯчӣ ба соли 1980 рост меояд"

Сайфулло Муллоҷонов
Сайфулло Муллоҷонов

Сайфулло Муллоҷонов, коршиноси мустақил, мегӯяд, дар сатҳи як дипломат гуфтани ин гуна ҳарфҳо хандаовар аст. "Агар муҷрӣ муаррифӣ намекард, касе мутаваҷҷеҳ намешуд, ки ин шахс сафир аст. Зеро сӯҳбаташ дур аз урфи дипломатӣ аст. Дигар, дар мавриди ҷамъияти як кишвар маълумоти кофӣ надорад. Маълумоте ироа мекард, ба солҳои 1980 рабт мегирад, ки он замон воқеан аҳолии Тоҷикистон 5 миллион нафар буд. Аммо дар он замон ҳам теъдоди русҳо дар Тоҷикистон 1 миллион нафар набуд, беш аз 300 ҳазор нафар буд", - хулоса кард ӯ.

XS
SM
MD
LG