Александр Князев, коршиноси масоили минтақавӣ дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли қавӣ ҷангиёни тоҷик ва хонаводаҳои онҳо талош хоҳанд кард, тавассути қаламрави Туркия ба кишварҳои аврупоӣ раванд. Зеро дар сурати бозгашт ба ватан, онҳо мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифта ва ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ мешаванд.
Комиссари Иттиҳоди Аврупо дар умури амният ҳушдор дод, ки дар сурати шикасти ДИИШ дар Мавсил Иттиҳодия Аврпуо бояд ба сарозер шудани мавҷи ҷангиён ба ин қаламрав омода бошад. "Ҳатто теъдоди ками ин ҷангиён метавонад таҳдиди бузург ба думбол дошта бошад", - гуфтааст Ҷулиан Кинг рӯзи 18 октябр дар сӯҳбат бо нашрияи "Die Welt- и Олмон.
Теъдоди ҷангиёни тоҷик дар сафи ДИИШ ҳудуди 1000 нафар гуфта мешавад, вале бо назардошти кушта шудани теъдоди зиёди онҳо дар даргириҳо эҳтимол ин рақам поёнтар бошад. Дар ду соли ахир ҳамоиши тоҷикҳо ба ин гурӯҳи тундрав шадидан коҳиш ёфтааст.
Дар худи Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро дар кишварҳои хориҷӣ дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди вижаи “зархаридӣ” ворид шуд, ки афроди муттаҳам ба ширкат дар ҷангҳои хориҷиро то 12 сол зиндон мекунад. Вазорати дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо дар солҳои ахир ҳудуди 50 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ё аз ДИИШ фирор карданд ва дар нимароҳ ба сӯи Сурия пушаймон шудаанд, ба ватан баргардонд.
Мавзӯи ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар сафи ДИИШ дар ҳоле дубора рӯ задааст, ки дар шаҳри Мавсили Ироқ нерӯҳои муштараки давлати Ироқ ва пешмаргаи курдҳо бо ҳимояти ҳавопаймоҳои ҷангии эътилофи байналмилалӣ таҳти раҳбарии Амрико алайҳи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” амалиёти густардаро роҳандозӣ кардаанд. Акнун ин суол дар зеҳнҳо чарх мезанад, ки дар сурати саркӯби ДИИШ, садҳо шаҳрванди кишварҳои собиқ шӯравӣ ба куҷо мераванд. Аксари “ҷиҳодӣ”-ҳои тоҷик муҳоҷирони корӣ буданд, ки аз Русия ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия рафтанд
То як соли пеш теъдоди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва Русия дар сафи ДИИШ то 5 ҳазор гуфта мешуд, аммо бо суръате, ки хонаводаҳо хабари марги фарзандони ҷиҳодии худро дастрас мекунад, метавон гуфт, ки ин ҷангиҳо умри тӯлонӣ надоранд ва дар сафи пеши ҷабҳаи ДИИШ кушта мешаванд. То ҳол даҳҳо хонавода дар Тоҷикистон ё тавассути телефон ва ё интенет барои “шаҳид” шудани фарзандони “муҷоҳид”- и худ худ аз фармондеҳони ДИИШ табрикот гирифтаанд.
Як манбаи Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол беш аз 300 тан аз шаҳрвандони тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд. Ин манбаъ гуфт, бар асари амалиёте, ки ахиран дар Сурия ва Ироқ бар зидди гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” шурӯъ шудааст, мумкин аст ин гурӯҳи террористӣ комилан саркӯб шавад.
Ин манбаъ аз Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, бар асоси хабарҳо пас аз оғози амалиёти неруҳои давлати Сурия ва ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар ин кишвар алайҳи ДИИШ бештари тоҷикони узви ин гурӯҳ бо аҳли хонаводаи худ ба Ироқ кӯч баста дар шаҳри Мавсил, пойтахти ғайрирасмии ДИИШ паноҳ бурда буданд, акнун ё кушта мешаванд ва ё ба маконҳои дигар фирор мекунанд.
Як манбаи дигар аз ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон гуфт, “агар шаҳрванди тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат накарда ва довталабона ба Тоҷикистон баргардад, муҷозот нахоҳад шуд”. Вай аз бозгашти 50 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ёдоварӣ кард, ки аз ин кори худ пушаймон шуда ва довталабона ба ватан бозгашта буданд, мавриди афв қарор гирифтанд.
Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ду рӯзе қабл ба хабарнигорон гуфт, “тибқи гузоришҳои манобеи хадамоти иктишофӣ аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки дар Сурия ва Ироқ машғули ҷанг ҳастанд, барнома доранд ба шимоли Афғонистон раванд”. Генерали узбактабори Афғонистон нагуфт, ки ҷангиёни ДИИШ аз кадом масир вориди Афғонистон мешаванд, вале афзуд, инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Русия буда ва ба неруҳои амниятии Афғонистон дастур дода шудаст, ки ба ҷойгиршавии ин неруҳо дар шимоли ин кишвар роҳ надиҳанд.
Виктор Василев, намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ рӯзи 14 октябр дар ҳошияи нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфт, ки кишварҳои узви ин созмон барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандонашон ба гурӯҳҳои террористӣ ва манъи бозгашти онҳое, ки дар хориҷ тамрини террористӣ дидаанд, чораҳои иловагӣ рӯи даст хоҳанд гирифт. Ҷаноби Василев дар ин мусоҳиба бо "Интерфакс" гуфтааст ки "ҳамчунин чораҳои иловагӣ дар робита ба манъи онҳое рӯи даст хоҳем гирифт, ки аллакай дар урдугоҳҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои террористӣ тамрин дидаанд."
Александр Князев, коршиноси масоили минтақавӣ, ба интиқоли дастҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Русия, ки дар Сурия ва Ироқ дар ҳоли набард ҳастанд, ба минтақаҳои шимоли Афғонистон шак оварда ва гуфт, имкон дорад, бархе аз гурӯҳҳои ҷудогона ба манзури наҷот аз амалиёти ҷангӣ алайҳи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ба Афғонистон паноҳ баранд. Вале ба гуфтаи ӯ, бахши аслии ин афрод ва хонаводаи онҳо ба Туркия ва ба сурати муҳоҷир ба кишварҳои Аврупо хоҳанд рафт.