Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин таҷрибаҳои ташхиси пеш аз издивоҷ - "справка" ройгон нест


Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ташхиси пеш аз издивоҷи навхонадорон бепул аст ва онҳо сарусадои дар бемористон аз арӯсу домод ситондани маблағро тафтиш хоҳанд кард. Бархе аз навхонадорон дар ноҳияи Шаҳринав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои ташхиси тиббӣ ба "касса" ё хазинаи бемористон 120 сомонӣ сурдаанд.

Мавзӯи муоинаи бепули навхонадорон ҳангоми баррасӣ ва қабули Қонуни буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта низ матраҳ шуд.

Дар Тоҷикистон аз моҳи июли имсол никоҳи хешу табори наздик манъ ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои ҷуфтҳо ҳатмӣ гардид. Ба бовари пизишкон, никоҳҳои хешутаборӣ яке аз сабаби аслии ба дунё омадани кӯдакони бемору маъюб дар кишвар аст. Шумораи ин гуна кӯдакон беш аз 25 ҳазор буда, 30-35 дарсади онҳо аз зану шавҳари бо ҳам хеш ба дунё омадаанд. Ба ҳамин далел, дар ин санади ҳуқуқӣ муоинаи тиббии пеш аз ақди никоҳ ҳатмӣ шудааст.

"200 сомонӣ сарф кардем, "справка" доданд"

Аммо Фотима, як духтари ҷавон аз ноҳияи Шаҳринав, ки ба тозагӣ арӯсӣ кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, домод барои ташхиси тиббӣ ба пизишкони бемористон пул додааст. Вай гуфт, "асосан 120 сомонӣ пули кассаро месупориданд. Аммо боз пеши 10 духтури дигар даромадан лозим буд. Мо ба як духтур 80 сомонии дигар додем, вай ба мо "справка" дод. Ҳамагӣ 200 сомонӣ сарф кардем."

Ин арӯс гуфт, дар бораи ройгон будани ташхиси тиббӣ хабар надоштанд ва навхонадорҳои дигар низ барои ташхис пул медоданд. Ба қавли ӯ, одатан домодшаванда шиносномаҳои худу арӯсашро оварда ва бо пардохти маблағи муайян маълумотномаи тиббӣ ё "справка"-ро дарёфт мекарданд.

"Ҳисса"-и ташхиси навхонадорон дар буҷаи соли 2017

Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 21 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар мавриди маблағситонии пизишкони бемористонҳо барои ташхиси тиббӣ ибрози беиттилоӣ кард ва гуфт, ки ин ҳодисаҳо ҷиддан тафтиш ва омилон муҷозот хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Саида Умарзода, "ҳоло коллегия дорем ва ин масъаларо баррасӣ мекунем. Дар вазорат хадамоти махсус амал мекунад ва барои тафтиш мефиристем. Аз саршавии иҷрои ин қонун як моҳ мешавад, ҳозир рафта раванди иҷрояшро тафтиш мекунанд."

Мавзӯи муоинаи ройгони тиббии навхонадорон ҳангоми баррасӣ ва қабули Қонуни буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дар ҳафтаи гузашта низ матраҳ шуд. Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар буҷаи соли оянда барои муоинаи ройгони навхонадорон маблағҳои муайян ҷудо шудааст. Қурбониён гуфт, "дар буҷа Вазорати тандурустӣ ба миқдори 165 миллион сомонӣ маблағи махсус дорад ва дар буҷаи соли оянда ин маблағҳо дар назар гирифта мешавад. Аз ҷумла, барои муоинаи ҳатмии тиббии навхонадорон маблағи зарурӣ ҷудо хоҳад шуд."

Пешниҳоди Саодат Амиршоева

Тибқи иттилои расмӣ, ҳамасола дар кишвар беш аз 200 ҳазор нафар навҷавон издивоҷ мекунанд, ки барои муоинаи тиббии қабл аз издивоҷи онҳо 16 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Саодат Амиршоева.
Саодат Амиршоева.

Пешниҳоди манъи никоҳҳои хешутаборӣ нахуст аз сӯи вакили собиқи порлумон Саодат Амиршоева садо дод. Аммо он замон мақомот ба ин пешниҳод чандон вокуниш нишон надоданд. Вале баъд аз онки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузаштааш ба порлумон аз саҳнаҳои дидааш дар мактаб-интернати кӯдакони маъюби Чаҳорбоғ қисса кард ва гуфт, ки аксарияти ин атфол аз никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд, мақомот масъаларо ҷиддӣ гирифтанд.

Баъди паёми раиси ҷумҳур

Пас аз ин паёми раиси ҷумҳур ва интиқодаш аз никоҳҳои хешутаборӣ, мақомот ва телевизиони давлатӣ як маъракаи иттилоотии зидди никоҳи хешутабориро пиёда карданд. Ба дунбол, як комиссияи вижаи ҳукуматӣ низ таъсис ёфт, ки вазифадор шуд, масъалаи қонунан манъ кардани никоҳи хешутабориро омӯзад.

Никоҳҳои хешутаборӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон таърихи дерина доранд ва дар ҳоле ки дар миёни қавмҳои ҳамсоя, мисли қирғизҳову қазоқҳо, ки пеш аз издивоҷ пайвандҳои хешигарии арӯсу домодро то ҳафт пушти онҳо меомӯзанд ва агар чунин пайванд вуҷуд дошт, никоҳро манъ мекунанд, дар миёни тоҷикону узбакҳо густариши зиёд дорад. Бо вуҷуди онки ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ талқин мешуд, издивоҷи наздикон натиҷаи бад медиҳад, аксар аҳолӣ онро як суннати қадимии мардумӣ медонанд ва пайравӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG